Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тобути Салоҳиддин Азизов, муҳоҷири тоҷики дар Русия қатлшуда, тариқи ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе оварда шуд.

Салоҳиддин Азизов сокини ноҳияи Шаҳритус буд, ки ҳанӯз 11 рӯз қабл аз сӯи миллатгароёни рус дар Русия ба тарзи ваҳшиёна кушта шуда буд. Барои пазироии ин тобут даҳҳо пайвандону наздикон ва гурӯҳе аз рӯзноманигорону ҷавононе, ки аз иқдомҳои ахири миллатгароёни рус нигаронанд, ҷамъ омаданд. Вале мақомоти милисаи фурудгоҳи Душанбе аз баёни ҳар гуна тафсилот худдорӣ варзида, тобутро махфӣ ба пайвандонашон супориданд.

Наврӯз Азизов, бародари Салоҳиддин Азизов, мегӯяд, феълан се бародари дигари ӯ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи вай, Салоҳиддин ҳамагӣ бист сол дошта, пас аз хатми мактаб ба Русия ба мардикорӣ рафта буд. Наврӯз Азизов мегӯяд, тақдири бародарони дигараш низ онҳоро нигарон кардааст: “Бародарам баъди хатми мактаби миёна ба Русия рафта буд. Тӯли ҳашт моҳ ҳаммолӣ мекард. Дақиқаан намедонем, ӯро кӣ ва чӣ гуна куштаст, вале ба мо хабар доданд, ки ӯро дар Русия ба қатл расонидаанд. Бародарони дигарам ҳоло дар Русия кор мекунанд. Акнун намедонем, тақдири онҳо чӣ мешавад”.

Ҷамшед Алиев, яке аз ҳамроҳон ва писари аммаи Салоҳиддин Азизов мегӯяд, аз ҷониби ду сокини ношиноси Маскав мавриди тирпарронӣ қарор гирифта, сипас, бо кӯмаки як марди солманди рус аз ин саҳнаи даҳшат ҷон ба саломат бурдааст.
Вай дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: “Соати ҳашти шом буд. Ду нафар сӯйи ман тир парронданд. Бо телефон сӯҳбат мекардам, ки тир ба ангуштонам расиданд. Ба замин афтодам ва вақте мехостам аз он ҷо бигурезам, маро доштанд ва мехостанд, ки латукӯб кунанд, аммо як мӯйсафеди рус маро аз ин ҳама наҷот дод. Як соат пештар аз тирпарронӣ сӯйи ман, Салоҳиддинро кушта будаанд. Мехостанд, ки маро ҳам бикушанд...”

Дар ҳамин ҳол, Вазир Азизов, яке аз бародарони дигари Салоҳиддин Азизов, ки ҳамроҳи ӯ дар Русия машғули кор буд, мегӯяд, ки талошҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия барои ҷустуҷӯву боздошт ва муҷозоти миллатгароёни рус кофӣ нест ва маъракаи қавмгароии онҳо торафт доман паҳн мекунад: “Онҳо ҳоло даъво мекунанд, ки қатли тоҷиконро идома медиҳанд. Вазъ нигаронкунанда аст. Ахиран дар як рӯз шаш тоҷикро куштанд”.

Cалоҳиддин Азизов, сокини ноҳияи Шаҳритусро охири ҳафтаи гузашта дар ҳошияи шаҳри Маскав гурӯҳҳои миллатгарои рус сар буриданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, имсол дар Русия ҳудуди шашсад нафар аз шаҳрвандони тоҷик фавтидаанд, яъне ҳар рӯз тақрибан ду нафар. Ва аз ин миён бештар аз 70 нафари онҳо қурбонии бегонаситезӣ ва амали гурӯҳҳои миллатгарои рус шудаанд.

Бо ин ҳол, ин субҳ тобути Салоҳиддин танҳо набуд. Тобути дигари ҷавонмарди сиюдусолаи бадахшонӣ Расул Ватаниев, ки дар шаҳри Свердловск аз захми корди миллатгароён кушта шудааст, низ ба Душанбе оварда ва ба наздиконаш супорида шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG