Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар бастагӣ ба куштори ваҳшиёнаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия нотаи эътирозӣ ироа кардааст.

Давлат Назри, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, вазорати хориҷаи кишвар зимни ин эътирознома, ки ба сафорати Русия дар Душанбе ироа гаштааст, аз мақомоти Русия хостори боздошт ва муҷозоти қотилони шаҳрванди Тоҷикистон шудааст. Дар он ҳамчунин гуфта шудааст, ки раванди таҳаммулнопазирии афроди ҷиноятпеша нисбати муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёни тоҷик торафт афзоиш ёфта, шадидтар мешавад ва бисёр вақт боиси ҳалокати тоҷикон мегардад.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, афзоиши ҳодисаҳои куштори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия боиси нигаронии шадид шудааст. Вай афзуд, аз оғози соли равон дар қаламрави Русия беш аз 600 нафар шаҳрванди Тоҷикистон фавтидааст, ки 84 нафари он аз ҷониби гурӯҳҳои миллатгарои рус кушта шудааст.

Куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр дар канори шаҳраки Жабкинои вилояти Маскав рух дода буд. Фашистҳои рус Салоҳиддин Азизови 20-соларо сар бурида, ба қуттии ахлот андохтанд. Масъулияти куштори шаҳрванди Тоҷикистонро гурӯҳи “Созмони низомии миллатгароҳои рус” бар дӯш гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG