Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чӣ тавр достони муваффақияти Дилшод Назаров достони ҳама шуд


Акси табрикии Дилшод Назаров аввал шуда дар кӯчаҳои шаҳри Бӯстон (Чкаловски собиқ) пайдо шуд

Акси табрикии Дилшод Назаров аввал шуда дар кӯчаҳои шаҳри Бӯстон (Чкаловски собиқ) пайдо шуд

Пирӯзии Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар Бозиҳои тобистонаи олимпии 2016 дар Рио-де-Жанейро як ҳодисаи фавқулода ва як рӯзи хотирмон барои тоҷикони дохил ва хориҷи кишвар шуд. Дилшод рӯзи 20-уми август дар сабқати партоби гурз пирӯз шуд ва нахустин нишони тилло дар 24 соли ахирро ба Тоҷикистон ҳадя кард.

Ин пирӯзӣ шӯреро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барпо кард ва ба доғтарин хабари матбуотӣ табдил шуд. Корбарони Интернет якдигарро табрик мекарданд ва гуфтугӯҳои телефонии тоҷикони хориҷ ва дохили кишвар орӣ аз масъалаҳои хусусӣ ва асосан ба қаҳрамонии Дилшод Назаров бахшида мешуд.

Мардуми тоҷик, дар маҷмӯъ, баъди солҳои 1992 худро таҳқирдида эҳсос мекарданд. Пирӯзии Дилшод Назаров барои онҳо, ки шояд фикр мекарданд "аз дасти мо ҳеҷ кор намеояд", як падидаи хеле бузург шуд.

Бархе аз ҷомеашиносон мегӯянд, эҳсоси шодиву ифтихор, ки шабу рӯзи баъди пирӯзии Дилшод Назаров ба мушоҳида расид, як омили сотсиологӣ ҳам ҳаст. Рӯҳияи мардум баёнгари он шуд, ки ин ҳодисаро аксарият ҳамчун хабари муҳим дар зиндагии хусусии худ пазируфтанд ва ин ғояти шодиро бо дигарон дар миён гузоштанд. Ҳамин шуд, ки нахустин даъватҳо барои додани унвони қаҳрамони миллии Тоҷикистон ва пешвози Дилшод Назаров дар фурудгоҳи Душанбе баъди бозгашташ аз Рио садо доданд.

Мақомот ҳам ин даъватро хуш пазируфтанд ва шаҳрдорӣ тасмим гирифт, ки барои истиқболи варзишгари қаҳрамон маъракаи хос ташкил кунад. Ба ифтихори Дилшод Назаров оҳансози тоҷик Иззат Шарифӣ суруди нав эҷод кард ва ширкатҳои тиҷоратии маҳаллӣ ба истеҳсоли "футболка"-ву гарданбандҳо бо акси Дилшод Назаров пардохтанд. Падидае, ки то ҳол назир надоштааст.

Қаҳрамон Бақозода

Қаҳрамон Бақозода

Қаҳрамон Бақозода, раҳбари маркази назарсанҷии "Зеркало", мегӯяд, пирӯзии Дилшод Назаров ба як рамз табдил шуд – рамзи рӯҳбаландӣ, ифтихор аз миллату ватан ва тавони ғалаба дар шароите, ки шояд ҳеҷ нафар интизораш набуд. "Бозиҳои олимпӣ як муқаддасоти умумибашарӣ аст. Ин бозиҳо дар ҷаҳон хеле бонуфузанд ва вақте ҳафт варзишгар (аз Тоҷикистон) баъди омодагии дусола рафта аз байнашон танҳо як нафар барандаи медали тилло шуд, ин хабар якбора ҳамаро рӯҳбаланд кард. Ин хабар ҳамаро муттаҳид кард."

Бақозода гуфт, Тоҷикистон кишваре нест, ки бо пирӯзии варзишгаронаш дар арсаи байналмилалӣ ифтихори зиёд дошта бошад ва вақте пирӯзӣ ба Дилшод Назаров даст дод, ӯ якбора ба як символ ё рамз табдил шуд, яъне як тоҷик аз Тоҷикистон қодир ба фатҳи баландтарин қуллаи варзиш шуд.

Ҷомеашиноси дигар Саодат Олимова мегӯяд, ба пирӯзии Дилшод Назаров набояд аз назари идеологӣ ё пропаганда баҳо дод. Ӯ мегӯяд, пирӯзии Назаров – достони мувафаққияти як инсони оддӣ аст. "Мардум аз ин ҳодиса чунин хулоса мегиранд, ки нафари дигар ҳам метавонад чунин дастовард дошта бошад. Мардуми тоҷик, дар маҷмӯъ, баъди солҳои 1992 худро таҳқирдида эҳсос мекарданд. Пирӯзии Назаров барои онҳо, ки шояд фикр мекарданд “аз дасти мо ҳеҷ кор намеояд” як падидаи хеле бузург шуд," - гуфт Саодат Олимова.

Саодат Олимова

Саодат Олимова

Як корбари Фейсбук мегӯяд, дар солҳои охир хабарҳои нороҳаткунанда ва ғолибан манфӣ дар бораи муҳоҷирони тоҷик дар матбуоти Русия, сафари ҷавонон ба ҷангҳои Сурияву Ироқ, ноамниҳои тирамоҳи соли гузашта дар Тоҷикистон, хабарҳо аз боздошту зиндонӣ шудани аъзои мухолифин матбуот, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро пур кардааст. Дар чунин шароит як хабари хушҳолкунанда ба ҳодисаи фавқулоддаву мусбат табдил шуд, ки мавриди истиқболи аксарият гардид.

Далер Ғуфронов, ношири маҷаллаи “Элита”, мегӯяд, "ба ман иттифоқан ду нафари мухталиф, ки бо ҳам шинос нестанд, як андешаро баён карданд. Яке аз онҳо, ки аксаран дар хориҷа зиндагӣ карда, як тоҷири муваффақи 29-30-сола аст, гуфт, “то ҳамин лаҳза ягон ҳодисае нашуда буд, ки ман барои ватанам хурсандӣ кунам. Ман тоза фаҳмидам, ки ватандӯст будаам". Барои ватандӯстӣ баҳона лозим аст. Ҳамингуна баҳона лозим аст, ки инсон беихтиёр шукуфад ва ашкаш резад”.

Далер Ғуфронов

Далер Ғуфронов

Далер Ғуфронов гуфт, бо ин ки дар кишвар ҳар сол ҷашнҳои муҳими давлатии муттаҳидкунандаи мардум, мисли Иди Ваҳдат, Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон ва ғайра таҷлил мешаванд, онҳо ҷашнҳои “тақвимӣ ҳастанд”, вале ифтихоре, ки Дилшод ба Тоҷикистон дод, эҳсоси фаротар аз ҷашнҳои тақвимӣ буд.

Бархе ҳамсӯҳбатони мо эътироф карданд, ки бори охир якбора боло рафтани эҳсоси мардуми тоҷикро баъди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон рӯзи 27-уми июни соли 1997 таҷриба карда буданд, вақте ҳукумат ва нирӯҳои мухолифини тоҷик дар Маскав ба ҳам омада баъди панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ ба сулҳи миллӣ розӣ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG