Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон бо як медали тилло дар ҷойи 51-ум қарор дорад


Баъди натиҷагирии рӯзи чордаҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадор мунтахаби ИМА бо 105 медал (38 тило, 35 нуқра ва 32 биринҷӣ) мақоми аввалро касб кардааст.

Британияи Кабир бо 60 медал (24 тило, 22 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар ҷойи дувум аст. Чин бо 65 медал (22 тило, 18 нуқра ва 25 биринҷӣ) дар ҷойи севум мебошад.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Олмон (14-8-13), Русия (13-16-19), Ҷопон (12-8-21), Фаронса (9-14-14), Австралия (8-11-10), Италия (8-11-6) ва Нидерланд (8-6-4) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 83 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 57 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шудаанд.

Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз ёздаҳ кишвар - Қазоқистон (3 медали тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ – ҷойи 20-ум), Украина (2 медали тилло, 4 медали нуқра ва 2 биринҷӣ – ҷойи 26-ум), Узбакистон (2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ – ҷойи 31-ум), Гурҷистон (2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 3 биринҷӣ – ҷойи 32-юм), Беларус (1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 2 медали бириҷӣ – ҷойи 38-ум), Арманистон (1 медали тилло ва 3 медали нуқра – ҷойи 39-ум), Тоҷикистон (1 медали тилло – 51-ум), Озарбойҷон (4 медали нуқра ва 9 биринҷӣ – ҷойи 58-ум), Литва (1 медали нуқра ва 3 биринҷӣ – ҷойи 62-юм), Молдова (1 медали биринҷӣ – ҷойи 75-ум) ва Эстония (1 медали биринҷӣ – ҷойи 75-ум) - ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштаанд.

Дар Олимпиадаи Рио то ҳоло варзишгарони се кишвари собиқи шӯравӣ - Латвия, Қирғизистон ва Туркманистон - медал ба даст наовардаанд.

Зимнан, додгоҳи арбитражии варзишӣ (CAS) вазнабардори Қирғизистон Иззат Ортиқовро аз медали биринҷӣ, ки рӯзи 10 август дар мусобиқот дар вазни то 69 кг дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро гирифтааст, ба иллати истеъмоли маводи мамнуъ ё допинг маҳрум кард.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи Рио бо шумули ҳафт варзишгар ширкат кард, мусобиқотро бо медал ба анҷом расонд. Дар рӯзи чордаҳуми мусобиқот – 19 август - варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард. Ин барои нахустин бор аст, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мешавад.

Маросими супурдани медалҳои олимпӣ ба Дилшод Назаров ва рақибонаш Иван Тихон (Беларус, бо нишондоди 77,79 метр медали нуқра) ва Войтсех Новитски (Лаҳистон, 77,73 метр, медали биринҷӣ) 20 август, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 4:00-и 21 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии Рио-де-Жанейро баргузор мешавад.

Шаш варзишгари дигари тоҷик - Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) - ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то рӯзи 21 август идома мекунанд.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро.

XS
SM
MD
LG