Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дилшод Назаров: "Дар пушти ман 8 миллион нафар буд" ( ВИДЕО ва 22 АКС)


Дилшод Назаров баъди гирифтани медали тилло дар Рио.

Дилшод Назаров баъди гирифтани медали тилло дар Рио.

Шоми 20-уми август дар варзишгоҳи олимпии Рио, ба Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик медали тиллои бозиҳои олимпӣ супурда шуд. Радиои Озодӣ бо Дилшод Назаров сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Радиои Озодӣ: Аз эҳсоси худ баъди гирифтани ин ҷоизаи баланд бигӯед.

Дилшод Назаров: Ман бисёр эҳсоси хуб дорам ва ҳамин ҳоло бовар кардам, ки қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шудам.

Радиои Озодӣ: Дар бораи марҳилаи ниҳоии бозиҳо мегуфтӣ, ки чӣ гуна буд бароят?

Дилшод Назаров: Марҳилаи ниҳоии бозиҳо худатон ҳам шоҳид будед, ки бисёр пуршиддат гузашт. Ҳамаи рақибон тақрибан дар як сатҳ буданд, ман аз ҳар як онҳо интизор доштам, ки пешсаф мешаванд. Ба ман муяссар шуд, ки аз ҳамон аввал пешсафиро ба даст бигирам ва метавон гуфт, ки то охир онро аз даст надодам.

Дилшод Назаров бо медали тилло

Дилшод Назаров бо медали тилло

Радиои Озодӣ: Шумо бовар доштед, ки нишони тиллоӣ, болотарин ҷоизаи варзиширо мегиред ва қаҳрамони олимпӣ мешавед?

Дилшод Назаров: Ман инҷо барои медал омада будам, вале ҳеҷ як варзишгар намегӯяд, ки ман ба бозиҳо меоям ва нишони тилло мегирам, чун ин варзиш аст. Дар инҷо шумо мебинед, ки варзишгарони қавӣ бар

Шумо мебинед, ки варзишгарони қавӣ бар асари фишори зиёд, аз асабоният шикаст мехӯранд. Вале ман инҷо барои медал омада будам.

асари фишори зиёд, аз асабоният шикаст мехӯранд. Вале ман инҷо барои медал омада будам.

Радиои Озодӣ: Чӣ гуна ба бозиҳо омодагӣ мегирифтед?

Дилшод Назаров: Омодагиҳо хуб мегузашт. Умдатан дар Чехия тамрин мекардам зери раҳбарии мураббии чехам, ки онҷо зиндагӣ мекунад. Хуб машқ мекардем ва зимни омодагиҳои ахирам возеҳ шуд, барои бозиҳо омодаам ва мо бовар доштем, ки инҷо медал мегирем.

Радиои Озодӣ: Шуморо қабл аз ҳама кӣ табрик кард, ба истиснои ҳайати олимпӣ, ки инҷо ҳастанд?

Дилшод Назаров: Пеш аз ҳама маро раиси ҷумҳури кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик кард ва ман аз ин бисёр хушҳол шудам. Вақте ба шумо худи раиси ҷумҳур занг мезанад ва барои ҷоиза табрик мегӯяд, ин барои шумо бисёр арзишманд аст. Ҳамчунин нахуствазири кишвар ва додситони кулл занг заданд, ки бароям бисёр хушоянд буд.

Радиои Озодӣ: Ман медонам, ки шумо хонаводаи хубе доред. Шумо ба онҳо занг задед ва ё онҳо ба шумо занг заданд, чун замони бозиҳо дар Душанбе дили шаб буд?

Вақте ба шумо худи раиси ҷумҳур занг мезанад ва барои ҷоиза табрик мегӯяд, ин барои шумо бисёр арзишманд аст.

Дилшод Назаров: Ман ба онҳо худам баъди ҳунарнамоӣ занг задам, чунки онҳо хонаводаи ман ҳастанд, ки ҳамеша маро дастгирӣ мекунад ва маро такон медиҳанд, ки қаҳрамонӣ кунам, ба мисли ба даст овардани нишони олимпӣ.

Радиои Озодӣ:Ба кӣ занг задед, ба модар ва ё ҳамсару ду фарзандатон?

Дилшод Назаров: Албатта ба модарам ва ҳамсару кӯдаконам.

Радиои Озодӣ: То оғози бозиҳо ба кӣ занг мезадед?

Дилшод Назаров: Ман одат дорам, ки пеш аз ҳар мусобиқа ба модарам ба ҳамсарам занг мезанам, бо наздиконам гап мезанам ва баъд ба мусобиқа мебароям.

Радиои Озодӣ: Баъзеҳо пас аз қаҳрамони олимпӣ шудан, бигӯем аз худ мераванд. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

Дилшод Назаров: Ман ба ин маъмулӣ муносибат мекунам, чунки қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шудан, орзуи замони кӯдакиам буд ва ман барои расидан ба он солҳои зиёд ҳаракат кардам ва фикр мекунам, набояд аз худ рафт. Ман умедворам, ки дар Тоҷикистони мо бо гузашти вақт қаҳрамонҳои олимпии дигар пайдо мешаванд.

Радиои Озодӣ: Шумо ин ҷоизаи баландро, ки гирифтед ба кӣ мебахшед?

Дилшод Назаров:Тавре дирӯз ҳама диданд, ман ман як пироҳане доштам бо акси падарам ва албатта пирӯзиамро ба пеш аз ҳама ба падарам мебахшам, ки мутаассифона ҳоло бо мо нест ва албатта ба тамоми мардуми Тоҷикистон, чун барои ман 8 миллион нафар мухлисӣ мекарданд ва ман дастгирии онҳоро эҳсос мекардам.

Радиои Озодӣ: Шумо муовини раиси Кумитаи варзиши Тоҷикистон низ ҳастед, дар бораи ҳунарнамоии дигар варзишгарони кишвар чӣ назар доред?

Дилшод Назаров: Агар дар бораи бачаҳои дигарамон гап занем. Баъди ҳунарнамоии онҳо ман танқидҳо ва назарҳои манфӣ дар бораашон хондам. Ман фақат мехоҳам ба мухлисон бигӯям, ки онҳо бачаҳои моро дастгирӣ кунанд, зеро касоне, ки то ба Бозиҳои олимпӣ расиданд, қаҳрамон ҳастанд. Бояд ба онҳо ташаккур гӯем, ки онҳо ба сафи афроди қавитарине шомил шудаанд, ки кишварашонро дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунанд.

Радиои Озодӣ: Дилшод ҳоло шумо фурсат доред, ба мухлисони худ, ки нахобида, ин лаҳзаҳоро мунтазир буданд, салом ва тамманиёти худро бирасонед?

Дилшод Назаров: Бо истифода аз фурсат ман мехоҳам ба онҳое ташаккур бигӯям, ки барои ман мухлисӣ ва маро дастгирӣ карданд ва то ин лаҳза бо ман буданд. Ба ҳама ташаккур мегӯям ва ин медали ман на фақат аз ман, балки аз тамоми Тоҷикистон аст.

АКСҲО АЗ МАРОСИМИ СУПУРДАНИ ҶОИЗҲО:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG