Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як қадам то медали олимпӣ. Шонси хуби Дилшод Назаров дар Рио


Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ба мусобиқоти ниҳоии гурзандозӣ роҳ ёфтааст, барои ба даст овардани медали олимпӣ шонси хуб дорад.

Мусобиқоти ниҳоӣ шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шуруъ мешавад.

Барои медалҳо 12 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 11 кишвар, ки аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ маълум шудаанд, мубориза мебаранд. Навбати онҳо дар рӯйхат чунин аст:

  1. Иван Тихон (Беларус)
  2. Диего дел Реал (Мексика)
  3. Кристиан Парс (Венгрия)
  4. Марсел Ломински (Словакия)
  5. Давид Содерберг (Финляндия)
  6. Вагнер Домингос (Бразилия)
  7. Сергей Маргиев (Молдова)
  8. Ашраф Амғад Ал Сайфӣ (Қатар)
  9. Сергей Коломоетс (Беларус)
  10. Войтсех Новитски (Полша)
  11. Евгений Виноградов (Украина)
  12. Дилшод Назаров (Тоҷикистон)

Дилшод Назарови 34-сола, ки навбаташ охирин аст, таҳти рақами 2967 рақобат мекунад. Рекорди инфиродии ӯ 80 метру 71 сантиметр ва натиҷаи беҳтарини охиринаш 78.87 метр мебошад.

Дар сабқати ниҳоӣ рақибони аслии гурзандози тоҷик Иван Тихони 40-солаи беларус (рекорди инфиродиаш – 84.51 м, натиҷаи беҳтарини охиринаш – 80.04 м), Войтсех Новитскии 27-солаи лаҳистонӣ (рекорди инфиродиаш – 78.71 м, натиҷаи беҳтарини охиринаш – 78.36 м) ва Кристиан Парси 34-солаи маҷористонӣ (рекорди инфиродиаш – 82.69 м, натиҷаи беҳтарини охиринаш – 77.38 м) мебошанд.

Коҷӣ Марофушӣ, гурзандози машҳури ҷопонӣ, ки қаҳрамони Бозиҳои олимпии Афина-2004, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 ва қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2011-ум мебошад, рӯзи 17 август ба Радиои Озодӣ гуфт, “ба назари ман медалҳои олимпӣ насиби се гурзандозе мешавад, ки дар мусобиқоти квалификатсионӣ се ҷойи аввалро ишғол кардаанд, яъне Иван Тихон, Войтсех Новитски ва Дилшод Назаров. Вале кӣ қаҳрамони олимпӣ мегардад, пешгӯӣ кардан мушкил аст, зеро ки ҳар кадоми онҳо шанси ба даст овардани медали тиллоро дорад.”

Бояд тазаккур дод, рекорди ҷаҳонӣ бо натиҷаи 86.74 метр ба Юрих Седих (Иттиҳоди Шӯравӣ) мутааллиқ аст. Вай ин натиҷаро 30 августи соли 1986 дар Штутгарти Олмон нишон додааст. Рекорди олимпӣ бошад, 84.80 метр аз ҷониби Сергей Литвинов (Иттиҳоди Шӯравӣ) 26 сентябри соли 1988 дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ гузошта шудааст.

Зимнан, варзишгари машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев соли 1992 дар Бозиҳои олимпии Барселона (Испания) дар гурзандозӣ бо натиҷаи 82.54 метр бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то рӯзи 21 август идома мекунанд.

Ёдовар мешавем, аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) - ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Умеди охирин ба Дилшод Назаров аст, ки барои бори чаҳорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар сабқати ниҳоӣ тамоми қувва ва маҳораташро барои ба даст овардани медали олимпӣ равона хоҳад кард.

Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони секаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад.

Бори чорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004-ум дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст.

Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003),
барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003),
ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Оиладор аст, ду фарзанд – як писару як духтар дорад.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG