Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров медали тиллоро ба гардан овехт (18 АКС)


Шоми шанбе тайи як маросим дар Варзишгоҳи олимпии Рио, ба Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик медали тиллои супурда шуд. Барои нахустин бор дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мешавад.

Мусобиқоти ниҳоии гурзандозӣ шаби 19-уми август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шурӯъ шуд ва Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт. Варзишгари Беларус Иван Тихон бо нишондоди 77,79 метр ҷои дувумро гирифт ва намояндаи Лаҳистон Войтсех Новитски гурзро ба масофаи 77,73 метр ҳаво дод ва медали биринҷӣ ба даст овард.

ТАФСИЛОТ АЗ МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРӢ БА ЗУДӢ НАШР МЕШАВАД

Мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1996 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ иштирок мекунад. Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии шаҳрҳои Атланта – 1996, Сидней – 2000, Афина- 2004, Пекин – 2008 ва Лондон-2012 ширкат варзидаанд.

Медали Дилшод Назаров медали чоруми мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад. Паҳлавони маъруф Расул Боқиев дар Олимпиадаи Пекин дар мусобиқа оид ба дзюдо дар вазни то 73 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки ин дар таърихи варзиши тоҷик аввалин медали олимпии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳисоб меёбад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов дар Олимпиадаи Пекин дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 84 килограмм бо медали нуқра сарфароз гашт. Медали сеюми олимпиро ба Тоҷикистон Мавзуна Чориева дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон овардааст. Вай дар мусобиқа оид ба бокс миёни занон дар вазни то 60 килограмм бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Партоби "тиллоӣ" ва таърихии Дилшод Назаров дар Рио
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:16 0:00

XS
SM
MD
LG