Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони Дилшод Назаров маълум шуданд


Рӯзи 16 август рӯйхати варзишгароне, ки дар мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ оид ба гурзандозӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия иштирок мекунанд, эълон шуд.

Мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ миёни 32 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 26 кишвар дар ду гурӯҳ – A ва B – барпо мегардад. Дар ин мусобиқот аз Британияи Кабир, Булғористон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сенафарӣ, аз Полша ва Эрон дунафарӣ ва аз кишварҳои дигар якнафарӣ иштирок мекунанд.

Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров ба гурӯҳи В дохил аст. Дар ин гурӯҳ дунафарӣ аз Булғористону Британияи Кабир ва якнафарӣ аз Финляндия, Венгрия, Молдова, Мексика, Узбакистон, Юнон, Ҷумҳурии Чех, Булғористон, Туркия, Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон шомиланд.

Мусобиқоти гурӯҳи В рӯзи 17 август соати 11:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:05 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Навбати Дилшод Назаров сездаҳум аст. Ӯ таҳти рақами 2967 рақобат мекунад.

Натиҷаи беҳтарини Дилшод Назарови 34-сола 80 метру 71 сантиметр мебошад. Дар ин гурӯҳ рақибони аслии ӯ Иван Тихони 40-солаи беларус (натиҷаи беҳтаринаш – 84.51 м), Кристиан Парси 34-солаи маҷористонӣ (натиҷаи беҳтаринаш – 82.69 м) ва Войтсех Новитскии 27-солаи лаҳистонӣ (натиҷаи беҳтаринаш – 78.71 м) мебошанд.

Зимнан, ба гурӯҳи В, инчунин зодаи Тоҷикистон Сӯҳроб Хоҷаеви 23-сола, ки узви дастаи мунтахаби олимпии Узбакистон аст, дохил шудааст. Натиҷаи беҳтарини ӯ дар гурзандозӣ 78 метру 42 сантиметр аст. Навбати Сӯҳроб дар сабқати гурӯҳи В панҷум ва рақамаш 3110 мебошад.

Бояд тазаккур дод Сӯҳроб Хоҷаев, ки соли 2009-ум дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон барандаи медали нуқра гардидааст, ҳафт соли ахир дар шаҳри Тошканд ба сар мебарад.

Мусобиқоти гурӯҳи А бо ширкати 16 гурзандоз рӯзи 17 август соати 9:40 ба вақти маҳаллӣ (соати 17:40 ба вақти Душанбе) оғоз меёбад. Ду нафар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва якнафарӣ аз Бразилия, Булғористон, Миср, Италия, Куба, Словакия, Коста Рика, Туркманистон, Полша, Украина, Британияи Кабир, Эрон, Қатар ва Испания мебошанд.

Дар ин гурӯҳ рақиби аслии Дилшод Назаров гурзандози 27-солаи лаҳистонӣ Павел Файҷек, ки натиҷаи беҳтаринаш 83.93 метр аст, рақобат мекунад. Имсол Файҷек дар миёни гурзандозҳои ҷаҳон натиҷаи беҳтарин - 81.87 метр (25 июн дар Полша) – нишон дод.

Натиҷаи дувуми беҳтарини имсола ба Иван Тихон (Беларус) – 80.04 метр (24 июн дар Булғористон) - марбут аст. Дилшод Назаров дар мавсими имсола бо натиҷаи 78.87 метр (29 июн дар Туркия) дар байни даҳгонаи беҳтарин алъон дар ҷойи севум мебошад.

Бар асоси низомнома баъди натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ аз байни 32 гурзандоз дувоздаҳ нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ, ки рӯзи 19 август доир хоҳад шуд, роҳ меёбанд ва барои медалҳои олимпӣ мубориза мебаранд.

Рекорди ҷаҳонӣ бо натиҷаи 86.74 метр ба Юрих Седих (Иттиҳоди Шӯравӣ) мутааллиқ аст. Вай ин натиҷаро 30 августи соли 1986 дар Штутгарти Олмон нишон додааст.

Рекорди олимпӣ бошад, 84.80 метр аз ҷониби Сергей Литвинов (Иттиҳоди Шӯравӣ) 26 сентябри соли 1988 дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ гузошта шудааст.

Қобили қайд аст, ки дар ин намуд варзишгари машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев соли 1992 дар Бозиҳои олимпии Барселона (Испания) бо натиҷаи 82.54 метр бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то рӯзи 21 август идома мекунанд.

Ёдовар мешавем, аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) - ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Умеди охирин ба Дилшод Назаров аст, ки барои бори чаҳорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Ӯ зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тамоми саъю кӯшиш ва маҳораташро барои ба даст овардани медали олимпӣ равона хоҳад кард.

ДИЛШОД НАЗАРОВ

6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80,71 метр аст.

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва

Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (2006) мебошад.

Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Мураббиёнаш модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Пискунов (Украина) ва феълан Владимир Машко (Ҷумҳурии Чех) мебошанд.

Соли 2015 бо Ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида шудааст.

Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони секаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад.

Бори чорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004-ум дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст.

Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003),
барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003),
ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Оиладор аст, ду фарзанд – як писару як духтар дорад.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро.

XS
SM
MD
LG