Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

М.Абдуллоев: "Умеди охирини мо дар Рио Дилшод Назаров аст"


Рӯзи ҳаштуми мусобиқот – 13 август - аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия натиҷагирӣ шуд. Дар маҷмӯъ то имрӯз дар садри феҳрасти кишварҳои ҷоизадори олимпӣ – мунтахаби ИМА бо 59 медал (23 медали тилло, 18 медали нуқра ва 18 медали биринҷӣ) қарор дорад.

Дар ҷои дуюм Чин бо 41 медал (13 медали тилло, 11 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ) ва дар ҷои сеюм Британияи Кабир бо 28 медал (10 медали тилло, 11 нуқра ва 7 биринҷӣ) мебошанд.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Олмон (8-5-3), Ҷопон (7-3-14), Русия (6-9-8), Австралия (6-7-8), Италия (6-7-5), Кореяи Ҷанубӣ (6-3-4) ва Фаронса (5-8-5) ва дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 66 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 44 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шудаанд.

Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз нӯҳ кишвар - Қазоқистон (2 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ – ҷойи 16-ум), Беларус (1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали бириҷӣ – 24-ум), Украина (3 медали нуқра ва як биринҷӣ – ҷойи 46-ум), Озарбойҷон (2 медали нуқра – ҷойи 47-ум), Литва (1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ – ҷойи 50-ум), Гурҷистон (1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ – ҷойи 52-юм), Узбакистон (3 медали биринҷӣ – ҷойи 58-ум), Қирғизистон (1 медали биринҷӣ – ҷойи 62-юм) ва Эстония (1 медали биринҷӣ – ҷойи 62-юм)- ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштаанд.

Вале аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи Рио то имрӯз варзишгарони панҷ кишвар - Арманистон, Латвия, Молдова, Тоҷикистон ва Туркманистон - медал ба даст наовардаанд.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то рӯзи 21 август идома мекунанд.

Аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, панҷ нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Боз ду нафари дигар аз Тоҷикистон - Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) рӯзи 15 август ва Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ) рӯзҳои 17 ва 19 август дар мусобиқоти Олимпиадаи Рио ширкат хоҳанд кард.

Муҳаммадшо Абдуллоев, раҳбари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Олимпиадаи Рио, рӯзи 14 август ба Радиои Озодӣ гуфт, “умеди охирини мо дар Боpиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров аст, ки аз ӯ медали олимпиро чашмдорем. Умедворем ин гурзандози машҳуру пуртаҷрибаи тоҷик,ки барои бори чорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, ин дафъа шанси гирифтани медалро аз даст намедиҳад.”

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG