Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳҳо ба Олимпиадаи Рио ва омодагии варзишгарони тоҷик


Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия бо ширкати беш аз 11 ҳазор варзишгар аз 206 кишвари ҷаҳон то рӯзи 21 август идома хоҳад кард. Хабарнигори Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф бо бархе аз иштирокдорони Олимпиадаи Рио-2016 ҳамсуҳбат шуда ва назари онҳоро дар бораи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ ва омодагии варзишгарони тоҷик пурсид.

Николас Илиадос
Николас Илиадос

Никос Илиадос, сармураббии тими мунтахаби ҷудои Юнон:

“Бори чаҳорум аст, ки ба ҳайси мураббӣ дар Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунам. Се Олимпиадаи пешин, ки дар Афина, Пекин ва Лондон баргузор шуданд, нисбат ба Олимпиадаи Рио аз ҷиҳати ташкилӣ хубтар буданд. Дар ин ҷо ҳар рӯз аз паи ислоҳи камбудҳо ҳастанд ва умед дорам, ки то охири Бозиҳо ҳамаи мушкил ҳал мешаванд. Вале барои ман муҳим он аст, ки шогирдонам ба чӣ гуна натиҷаҳо дар мусобиқот ноил мегарданд. Ҳайати тими мунтахаби Юнон аз 95 нафар (57 мард ва 38 зан) иборат аст. Кишвари моро дар риштаи ҷудо ду нафар муаррифӣ мекунанд. Яке аз онҳо писари ман Илиас Илиадоси 29-сола аст, ки қаҳрамони Олимпиадаи Афина-2004, қаҳрамони секаратаи ҷаҳон, қаҳрамони дукаратаи Аврупо, барандаи ҷоизаи нахустин Бозиҳои аврупоӣ дар Бокуст. Аз соли 2005-ум дар вазни то 90 кило рақобат мекунад. Зимнан, дар ин вазн рақиби ӯ варзишгари тоҷик Комроншоҳи Устопириён мебошад. Комроншоҳ гуштигири хуб аст. Бо писари ман қувваозмоӣ карда, аз Илиас мағлуб шудааст. Инчунин, Расул Боқиевро, ки ҷоизадори Бозиҳои олимпист, хуб мешиносам. Вай дар ҳақиқат гуштигири хеле мҳир аст.”

Зикриёи Асадӣ, раиси Федеросиюни ҷудои Афғонистон:

“Ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 се варзишгар овардаем. Яке дар риштаи ҷудо дар вазни зери 100 кило ва ду нафари дигар (як писару як духтар) дар давиш ширкат мекунанд. Мо дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебарем. Шароит хуб аст. Мушкили мо обу ҳавост. Каме ҳавои Бразил нисбат ба Афғонистон сардтар аст. Инчунин, мутобиқ шудан ба замони Бразил (агар дар Бразил рӯз бошад, дар Афғонистон шаб аст) барои мо каме мушкил эҷод кардааст. Ман дар се Олимпиада (2004, 2012 ва 2016) иштирок кардаам. Афғонистон дар Бозиҳои олимпӣ танҳо ду медали биринҷӣ дорад ва ҳарду медалро Руҳуллоҳи Некпо дар риштаи таэквондо WTF ба даст овардааст. Мо аз ҷудокори худ Тавфиқи Бахшӣ натиҷаи хубро чашмдорем. Дарвоқеъ, ӯ як давраи омодагиро ба Бозиҳои олимпии Рио дар Тоҷикистон гузаронда, ҳамроҳи варзишгарони тоҷик тамрин кардааст. Борҳо дар кишвари дӯсту ҳамҷавору ҳамзабон – Тоҷикистон – будам ва ба варзишкорони тоҷик дар Олимпиадаи Рио муваффақият орзу мекунам.”

Зикриё Асадӣ
Зикриё Асадӣ

Вадим Казанин, мураббии тими бокси Украина:

“Барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок дорам. Барои ман шароити зисту ғизо дар мадди аввал нест. Шароити машқ аълост. Ин ҷо қораи дигар аст ва мо бояд ба шароити обу ҳаво мутобиқ шавем. Ширкат дар мусобиқот вазифаи асосии мост. Мехоҳам, ки доварӣ ҳалол бошад. Ба ҳайати тими мунтахаби олимпии Украина 206 варзишгар (87 мард ва 119 зан) шомил аст. Аз он ҷумла, чор нафар (се мард ва як зан) дар намуди бокс рақобат мекунанд. Мо нақша дорем, ки ҳадди ақал медалҳои биринҷӣ ба даст биёрем. Мо бо муштзанҳои тоҷик дар мусобиқоти мухталифи байнамилалӣ рӯбарӯ шудаем ва бархе аз онҳоро хуб мешиносам, минҷумла Анвар Юнусовро, ки ҳоло дар Деҳаи олимпӣ бо мо якҷоя тамрин мекунад.”

Карен Агамалян
Карен Агамалян

Карен Агамалян, сармураббии тими мунтахаби бокси Арманистон:

“Таассуроти ман аз Рио бад нест. Шароит хуб аст. Барои аввалин бор дар таърихи соҳибистиқлол гаштани Арманистон дастаи мо дар ҳайати худ панҷ муштзан дорад, ки ба Олимпиадаи Рио роҳхат гирифтаанд. Мо ҳадди ақал аз онҳо ду медал интизорем. Муштзани тоҷик Анвар Юнусовро медонам, варзишгари хуб аст. Ҳамроҳи бачаҳои мо дар Рио машқ мекунад. Ҷаҳон Қурбонов ва Раҳимқул Малахбековро, ки зодаи Тоҷикистон аст ва дар ҳайати мунтахаби Русия ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ гардидааст, хуб мешиносам. Умуман, муштзанҳои тоҷик маҳорати хуб доранд.”

Ҳусейн Озкан, сармураббии тими мунтахаби ҷудои Туркия:

“Соли 2002-юм дар Сиднейи Австралия дар мусобиқоти дзюдо дар вазни то 66 кило қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шудаам. Ҳоло ба ҳайси сармураббии тими мунтахаб ба Рио 4 варзишгар – ду писару ду духтар – овардаам. Умуман, ба ҳайати мунтахаби олимпии Туркия ҳамагӣ 103 варзишгар (55 мард ва 48 зан) шомиланд. Албатта, мехоҳам, ки шогирдонам ба мисли ман қаҳрамони олимпӣ шаванд. Гуштигирони шумо – Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмоновро мешиносам. Ҳар рӯз дар толори гуштӣ ҳангоми тамрин вомехӯрем.”

Ҳусейн Озкан
Ҳусейн Озкан

Коҷӣ Марофушӣ, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Афина-2004, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012, қаҳрамони ҷаҳон-2011 оид ба гурзандозӣ аз Ҷопон:

“Бо вуҷуди он ки кишвари Бразилия бо мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ рӯбарӯст, Бозиҳои олимпиро хуб ташкил кардааст. Дар Деҳаи олимпӣ шароити лозим фароҳам аст. Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳо дар сатҳи баланд доир шуд. Ман, ки мудири варзишии Бозиҳои ояндаи тобистонаи олимпии окио-2020 мебошам, аз баргузории Бозиҳои Рио таҷриба касб мекунам, ки дар оянда ба ман ба кор меояд. Ман бо варзишгари тоҷик Дилшод Назаров дӯст ҳастам. Мо ҳарду дар бисёр мусобиқот бо ҳам рақобат кардаем. Бовар дорам, ки Дилшод ин дафъа дар Рио соҳиби медали олимпӣ мегардад. Ба ӯ барори кор мехоҳам.”

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро

XS
SM
MD
LG