Пайвандҳои дастрасӣ

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимӣ дар Бразилия медали тилло ба даст овард. Ин барои нахустин бор аст, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мешавад.

Дилшод Назаров, ки шоми 19-уми август, дар гурзандозӣ қаҳрамони бозиҳои олимпӣ шуд, баъди пирӯзиаш дар мусобиқот ба хабарнигорон гуфт, "қаҳрамони бозиҳои олимпӣ шуданд, орзуи кӯдакиаш буд. Дар суоли як хабарнигор, ки шумо ятим бузург шудед ва оё эҳсоси замони кӯдакиатон барои қавитар шудан ба шумо кӯмак кард, Дилшод гуфт, "Бале маро қавитар кард, ба даст овардани медали тиллои олимпӣ орзуи кӯдакии ман буд. Ва новобаста ба мушкилот барои ноил шудан ба ин орзу ман кӯшиш мекардам ва ба ҳадафам расидам.

Мусобиқоти ниҳоии Дилшод шаби 19-уми август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шурӯъ шуд ва Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт.

Варзишгари Беларус Иван Тихон бо нишондоди 77,79 метр ҷои дувумро гирифт ва намояндаи Лаҳистон Войтсех Новитски гурзро ба масофаи 77,73 метр ҳаво дод ва медали биринҷӣ ба даст овард.

Барои медалҳо 12 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 11 кишвар, ки аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ маълум шудаанд, мубориза бурданд. Ин сабқат миёни Иван Тихон (Беларус), Диего дел Реал (Мексика), Кристиан Парс (Венгрия), Марсел Ломински (Словакия), Давид Содерберг (Финляндия), Вагнер Домингос (Бразилия), Сергей Маргиев (Молдова), Ашраф Амғад Ал Сайфӣ (Қатар), Сергей Коломоетс (Беларус), Войтсех Новитски (Полша), Евгений Виноградов (Украина) ва Дилшод Назаров (Тоҷикистон) сурат гирифт. Дилшод Назарови 34-сола, ки навбаташ охирин буд, таҳти рақами 2967 рақобат кард.

Дар сабқати ниҳоӣ рақибони аслии гурзандози тоҷик Иван Тихони 40-солаи беларус (рекорди инфиродиаш – 84.51 м, натиҷаи беҳтарини охиринаш – 80.04 м) ва Войтсех Новитскии 27-солаи лаҳистонӣ (рекорди инфиродиаш – 78.71 м, натиҷаи беҳтарини охиринаш – 78.36 м) буданд.

Аз рӯи натиҷагирии даври аввали сабқати ниҳоӣ ҳашт нафар беҳтаринҳо барои медалҳо мубориза бурданд. Натиҷаи ниҳоии онҳо чунин аст:

  1. Дилшод Назаров (Тоҷикистон) – 78.68 м
  2. Иван Тихон (Беларус) – 77.79 м
  3. Войтсех Новитски (Полша) – 77.73 м
  4. Диего дел Реал (Мексика) – 76.05
  5. Марсел Ломински (Словакия) – 75.97 м
  6. Ашраф Амғад Ал Сайфӣ (Қатар) – 75.46 м
  7. Кристиан Парс (Венгрия) – 75.28
  8. Давид Содерберг (Финляндия) – 74.61 м

Бояд тазаккур дод, рекорди ҷаҳонӣ бо натиҷаи 86.74 метр ба Юрий Седих (Иттиҳоди Шӯравӣ) мутааллиқ аст. Вай ин натиҷаро 30 августи соли 1986 дар Штутгарти Олмон нишон додааст. Рекорди олимпӣ бошад, 84.80 метр аз ҷониби Сергей Литвинов (Иттиҳоди Шӯравӣ) 26 сентябри соли 1988 дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ гузошта шудааст.

Варзишгари машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев соли 1992 дар Бозиҳои олимпии Барселона (Испания) дар гурзандозӣ бо натиҷаи 82.54 метр бо медали тилло сарфароз гаштааст. Медали ӯ аввалин медали олимпӣ буд, ки варзишгари тоҷик дар замони соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ба даст овардааст. Вале Абдувалиев он замон ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил буд.

Мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1996 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ иштирок мекунад. Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии шаҳрҳои Атланта – 1996, Сидней – 2000, Афина- 2004, Пекин – 2008 ва Лондон-2012 ширкат варзидаанд.

Медали Дилшод Назаров медали чоруми мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад. Паҳлавони маъруф Расул Боқиев дар Олимпиадаи Пекин дар мусобиқа оид ба дзюдо дар вазни то 73 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки ин дар таърихи варзиши тоҷик аввалин медали олимпии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳисоб меёбад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов дар Олимпиадаи Пекин дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 84 килограмм бо медали нуқра сарфароз гашт. Медали сеюми олимпиро ба Тоҷикистон Мавзуна Чориева дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон овардааст. Вай дар мусобиқа оид ба бокс миёни занон дар вазни то 60 килограмм бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дилшод Назаров баъди анҷоми сабқати худ дар Олимпиадаи Рио дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “ба даст овардани медали тиллои олимпӣ ин орзуи ман аз хурдсолӣ буд. Ман барои ин бисёр кӯшидам, заҳмати зиёд кашидам ва шодам, ки ин орзуи бачагии ман ҷомаи амал пӯшид.”

Дилшод Назаров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, субҳи имрӯз, 20 август, тавассути телефон ӯро бо пирӯзиаш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода табрику таҳният гуфтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст Дилшод Назаров бо сазовор гардидан ба медали тиллои ин мусобиқоти бузургтарини ҷаҳонӣ шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя карда, парчами миллиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст.

Зимнан, Дилшод Назаров барои медали тиллои олимпӣ бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG