Пайвандҳои дастрасӣ

Мураббӣ: Шикасти Файдек роҳи пирӯзии Дилшодро ҳамвор кард (ВИДЕО)


Владимир Машко, мураббии Дилшод Назаров

Владимир Машко, мураббии Дилшод Назаров

Владимир Машко - мураббии гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров - мегӯяд, шогирдаш дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро фавқулодда ҳунарнамоӣ кард ва натиҷаи ба дастовардаи ӯ, бештар аз интизори онҳо буд.

Машко рӯзи 24-уми август аз Рио-де Жанейро ба Прага баргашт. Қарор буд, ки Дилшод Назаров низ ҳамроҳи ӯ ба Ҷумҳурии Чех биёяд ва баъдан аз онҷо ба Душанбе равад. Аммо мураббиаш гуфт, ки Дилшод Назаров аз фурудгоҳи Франкфурт (Олмон) ба Маскав меравад ва сипас ба Душанбе парвоз мекунад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ Тоҳири Сафар бо Владимир Машко ҳамсӯҳбат шуда ва ибтидо аз ӯ пурсид, ки оё бовар дошт, Дилшод Назаров медали тиллои Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейроро ба даст хоҳад овард? Владимир Машко дар посух гуфт, "бовар надоштам, ки медали тиллоро мегирем. Албатта, интизори медали олимпӣ будем, вале на тилло. Пешбинӣ мешуд, ки Павел Файдек аз Лаҳистон пирӯз мешавад, вале ӯ дар даври интихобӣ шикаст хӯрд ва барои мо роҳи гирифтани медали тиллоро ҳамвор кард."

Суҳбати видеоӣ инҷост:

Машко ҳамроҳ бо Либор Кртен Дилшод Назаровро барои мусобиқаҳо омода мекунанд. Владимир Машко асосан барнома ва стратегияро тарҳрезӣ мекунад ва Либор Кртен дар пайи иҷрои он аст. Владимир Машко дар посух ба ин суол, ки оё нақша надорад, ба Тоҷикистон рафта, ҳамроҳ бо Дилшод Назаров медали тиллои ӯро ҷашн гирад, гуфт, "Дилшод маро даъват кард, вале ман дар гимназияи варзишӣ кор мекунам ва агар раҳбарам ҷавоб диҳад, ҳатман меравам."

Мураббии Дилшод Назаров мегӯяд, дар ҳоли ҳозир шогирдаш ба гузоштани рекорди нави ҷаҳонӣ шояд қодир набошад, аммо натиҷаҳои феълии ин қаҳрамони олимпӣ хеле баланд буда, ӯ имкон дорад, ки боз ба чандин медали дигари байналмилалӣ сазовор гардад. Дар ҳар сурат, Машко ва Назаров иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2020-ум дар Токиоро барномаи асосии худ интихоб кардаанд.

Ин мураббии чех мегӯяд, "кор бо Дилшод осон нест. Ӯ варзишгари ҳирфаӣ аст ва медонад, ки чӣ мехоҳад. Барои мо кофӣ аст, ки дар назди ӯ вазифа гузорем. Дилшод бо ташабббус дар фикри иҷрои он мешавад. Ман ҳам гурандози касбӣ ҳастам ва бо Дилшод дар Бозиҳои олимпии Афина ошно шудам. Дар он ҷо натиҷаи ман аз ӯ беҳтар буд."

Владимир Машко ҳоло ба карйераи варзишияш хотима гузошта, ба ҳайси менеҷери варзиш фаъолият дорад. Вай мегӯяд, ки шаш сол пеш дар яке аз мусобиқаҳо, ки дар Ҷумҳурии Чех доир шуда буд, бо Дилшод вохӯрд ва, инак, шаш сол боз ҳамроҳи ӯ кор ва тамрин мекунад.

Дилшод Назаров бо медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии 2016

Дилшод Назаров бо медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии 2016

Дилшод Назаров, гуразндози маъруфи тоҷик, рӯзи 20 август дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро бо партоби гурз ба масофаи 78,68 метр барандаи медали тилло шуд. Варзишгари Беларус Иван Тихон бо нишондоди 77,79 метр ҷои дувумро гирифт ва намояндаи Лаҳистон Войтсех Новитски гурзро ба масофаи 77,73 метр ҳаво дод ва медали биринҷӣ ба даст овард.

Медали Дилшод Назаров медали чорум ва аммо нахустин медали тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ дар 24 соли охир ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG