Пайвандҳои дастрасӣ

Гулрухсори Сафӣ, шоираи маъруфи тоҷик талош дорад, то рӯйхати занҳои тоҷикеро, ки дар баробари панҷ қаҳрамон арзандаи Қаҳрамони Тоҷикистон ҳастанд таҳия кунад.

Гулрухсори Сафӣ, шоираи маъруфи тоҷик мегӯяд, дар талоши таҳияи рӯйхати занҳои тоҷике ҳаст, ки онҳо сазовори гирифтани унвони қаҳрамони миллӣ ҳастанд.

Ӯ мегӯяд, дар баробари аксҳои қаҳрамонони миллии Тоҷикистон ҳеҷ зани қаҳрамон вуҷуд надорад, ки ин нодида гирифтани саҳми занон дар давлатдории тоҷикон аст. Хонум Гулрухсор меазояд, ҳатман ин пешниҳоди худро ба ҳукумат мерасонад:

«То имрӯз дар сафи қаҳрамонони мо занҳо нестанд. Занҳо, ки худашон қаҳрамон меофаранд, занҳо, ки худашон пайғамбар таваллуд кардаанд, аммо ягон нафарашон ин унвонро надоранд. Фикр мекунам, ки ин пешниҳодро то охир пайгирӣ мекунам ва бовар дорам, ки занҳои арзандаи мо сазовори ин унвон гарданд.»

Гулрухсори Сафӣ.

Гулрухсори Сафӣ.

Хонум Гулрухсор мегӯяд, аз ҷумлаи ин занҳо метавонанд, Фарзона шоири маъруф ва Низорамоҳ Зарипова, яке аз занҳои фаъоли дигар дар замони Шӯравӣ бошанд, ки ҳар яке дар касби худ хидмати арзандае кардаанд.

Пешниҳоди Гулрухсори Сафӣ дар ҳолест, ки аксари коршиносон мегӯянд, ҳеҷ занеро дар ҷомеаи имрӯз дида наметавонанд, ки арзандаи унвони қаҳрамони миллӣ бошад.

Парвиз Рабиев, як коршиноси ҷавон мегӯяд, ҳарчанд, занҳои тоҷик дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар нақши бузурге дошта бошанд ҳам, аммо то кунун онҳо аз худ ҳеҷ амали фавқулодае нишон надодаанд, то сазовори гирифтани унвони қаҳрамонӣ бошанд.

Аммо Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло кору пайкори занҳо дар ҷомеаи имрӯз сери соя мондааст ва дар тасмимгириҳо барои пешравии кишвар афкори занҳо тақрибан ба назар гирифта намешавад. Ӯ мегӯяд, барои унвону қаҳрамон сохтани занҳо баҳонаҳо зиёд аст ва танҳо онҳоро дидан лозим аст.

Хонум Иноятова дар ин самт аз ҳукумати Шӯравӣ ёд меорад, ки ҳатто аз як говдӯшу пахтачин қаҳрамон месохт:

«Аз занҳо бояд зан сохт, лидер бояд сохт. Аз онҳо бояд рамз бояд сохт, то дигарон тақлид кунанд. Медонам, ки дар замони шӯравӣ онҳоеро ҳамчун говдӯш қаҳрамон мекарданд, ки ҳеҷ гоҳ гов наҷӯшида буданд. Корҳоро бештар дастаҷамъӣ мекарданд, вале ба номи як нафар сабт мекарданд, то рамзе барои тақлид кардан пайдо шавад. Садҳо духтари ҷавонро медидем, ки талош мекарданд, то дар пахтачинӣ ва ё говдӯшӣ тақлид карданд. Барои давлатдорӣ сохтани чунин рамзҳо хеле муҳим аст.»

Аммо Мӯътабари Раштӣ, як зани фаъоли дигар мегӯяд, бо дарназардошти мушкилоти ҷомеа имрӯз ҳамаи занҳо ба гунае қаҳрамонанд. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки аксари мардони тоҷик дар ҳиҷрат ба сар мебаранд, бори вазнини зиндагӣ ба дӯши занҳо фитодааст.

Буриниссо Бердиева.

Буриниссо Бердиева.

«Аксари занҳо ҳам худашон кор мекунанд ва ҳам фарзандонашонро тарбия мекунанд. Бе падар бузург кардани фарзанд ҳам ин худ қаҳрамонӣ ҳаст. Ба хотири бедор кардани номуси мардоне, ки занҳояшонро танҳо гузошта ба муҳоҷират мераванд, бояд мо ин гуна занҳои бо сабру таҳамулро қаҳармон донем.»

Тоҷикистон ҳоло 5 Қаҳрамони миллии мард дорад, ки ба ҷуз як нафари онҳо, Эмомалӣ Раҳмон президенти феълии кишвар дигарон дар қайди ҳайёт нестанд. Пешниҳоди додани унвони қаҳрамони миллӣ дар баробари мардон ба занҳо дар ҳолест, ки беш аз 50 дарсади аҳолии Тоҷикистонро занҳо ташкил медиҳад. Чунин дархост дар гузашта низ садо додааст. Аз ҷумла гурӯҳе аз равшанфикрон пешниҳод карда буд, ки Бӯринисо Бердиева барои муборизаи сарсахтонааш зидди фарҳангзудоии Шӯравӣ ва сарварияш ба як наҳзати миллигарои тоҷик қаҳрамони Тоҷикистон эълон шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG