Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯраҷонзода: "Холигоҳи фазои динӣ ба хурофот роҳ кушод"


Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода

Сӯҳбати мо аз "Ҷойгоҳи зан дар ислом" -- китоби нави рӯҳонии саршинос, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, оғоз ёфт.

Дар ин китоб намунаҳо аз "Қуръон" ва ҳадисҳои паёмбари ислом дар бораи мақому манзалати зан дар ислом гирдоварӣ шудааст, ки барои занон таҳсилу кор ва ҳаққи каромати ҳамсариро шоиста медонанд. Дар ҳошияи ин сӯҳбат, нигоҳе ба фазои динии кишвар ва хатари хурофот ба ҷойи исломи ноб дар
ҷомеа сӯҳбат шудааст.

БАРДОШТҲОИ НОДУРУСТ АЗ ИСЛОМ

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Ин китобро холис барои ризои Худо, ба умеди аҷру савоб ва барои дифоъ аз шариати муқаддаси ислом таьлиф кардаам. Худо хоҳад ҳамааш ройгон тақсим мешавад.

Зеро дар ин замон мубориза бар зидди ислом аз тарафи душманони он ва ҳатто аз тарафи мусулмонзодагон ва дӯстони нодони ислом хеле зиёд шудааст. Ҳар камбудие, ки имрӯз дар ҷомеаи мо ва ҷомеаҳои гирду атроф нисбат ба ҳуқуқи зан мешавад, мегӯянд, ки ин аз сабаби таълимоти исломист. Гӯё ислом гунаҳкор аст, ки бо занон чунин муомилаи бад сурат мегирад. Ва гуё тибқи шариати ислом занон ҳаққи интихоби шавҳар, ҳаққи таҳсил, ҳаққи кор надоранд ва раъяшон дар умури оиладорӣ ҳеҷ эътиборе надорад ва умуман онҳо ҷойгоҳи муносиб ва ҳаққи ҳаёти шарофатмандона дар зиндагӣ надоранд. Мавҷуд будани хушунат дар оила, таҳдиду лату кӯби зан, талоқҳои бесабаб ва аз ҷониби падарон манъ кардани таҳсили духтарони ба балоғатрасида, ин ҳамаро аз ислом медонанд ва мутаассифона чунин бардошти ғалат мекунанд, ки гӯё ислом ҷойгоҳи занонро дар ҳаёт нисбат ба мардон хеле пойин қарор додааст.

Табиист, ки ба ҳайси як мусулмони боғайрату баномус, натавонистам, ин ҳама нофаҳмию тӯҳмату таҳқирҳоро нисбат ба дини муқаддаси ислом таҳаммул кунам. Аз ин рӯ, ин китобро, ки ҷойгоҳи занро аз нигоҳи Қуръон, суннати паёмбар (с) ва шариати муқаддаси ислом дар хонавода ва ҷомеа муайян мекунад, таьлиф кардам.

Ҳарчанд, медонам, ки нашри ин китоб дар ҷомеаи мо аз тарафи муғризон ва мухолифон тафсири дигар мешавад. Ҳатман «омӯзгор"-е, ё «сокини шаҳру ноҳия"-е ва ё идораҳое ёфт мешаванд, ки ин кори бандаро барои «шӯҳрат» ва «ҳадафҳои сиёсӣ» ва ғайра нисбат медиҳанд. Лекин бо вуҷуди ин ҳама эҳтимолҳо, масъулият дар назди Худо, дифоъ аз дину оини муқаддаси ислом маро водор кард, ки ба гуфтаҳои ин тоифа мардум аҳамият надиҳам. Ҳарчӣ гӯянд, гуфтан гиранд.

Аз ҳамин хотир ба навиштани ин китоб шурӯъ кардам. Хушбахтона дар ин мавзӯъ дар олами ислом адабиёти зиёде нашр шудааст. Аз ин рӯ ман даъво намекунам, ки инҷо ҳар чизе овардам маҳсули шахсии банда аст. Шояд хидмати асосии ман дар он аст, ки ин мавзӯъи ниҳоят муҳимро ба шакли китоб бо забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ ва бо дар назар гирифтани баъзе хусусиятҳои Тоҷикистон таъиф намудам.

ҶОМЕАЕ ДАР БАНДИ ХУРОФОТ

Озодӣ: Ҷомеаи мо суннатӣ аст, аммо хурофот ба суннат табдил шуда истода аст ва дигар фарқ байни исломи ноб ва хурофот гузошта намешавад, чаро?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Бале, мутаасифона, хурофот зиёд аст. Бо вуҷуди ин мо бояд мардумамонро маъзур дорем.

Озодӣ: Маъзур ба кадом сабаб ва барои чӣ? Ин ҳам дар ҳоле ки исломи аслӣ зери сояи хурофот меравад ва мазҳабу исломро хатарзо мекунад?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Ба он хотир мардумамонро маъзур дорем, ки онҳо то имрӯз имкони донистани аҳкоми исломиро надоштанд ва имрӯз ҳам бо тавре, ки лозим аст, надоранд. Аз даврони аморати Бухоро, аксари мардуми мо бесавод буданд ва аз ҳамин сабаб аз аҳкоми исломӣ хабар надоштанд. Адади ками уламоҳое, ки буданд, дар замони советӣ бо таври физикӣ аз байн бурда шуданд ва қисми зиндамондаашон барои солҳои тӯлонӣ дар зиндонҳои Сибири яхбаста маҳбус шуданд. Хулоса қишри уламои воқеӣ, ки мактаби фиқҳии Бухороро гузашта буданд аз байн рафт, ба истиснои якчанд нафари ангуштшумор.

Дар 20-соли истиқлолият низ мардум фақат шаш ё ҳафт сол (1998 то 2005) аз баъзе озодиҳои нисбие, ки мавҷуд буд, истифода бурда, иддае фарзандони худро ба донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷ фиристоданд ва баъзеи дигар дар ҳар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳалқаҳои таҳфизи Қуръон ва омӯзиши таълими ибтидоиро ташкил намуданд. Мутаассифона ин озодиҳои нисбӣ низ аз байн бурда шуд. Имрӯз фақат як донишгоҳи исломӣ ва 10-15 мадрасаи расмии дигар фаъолият мекунанд, ки маҷмӯъи донишҷӯёнашон ба 3 ҳазор намерасад. Табиист, ки дар як муддати кӯтоҳ ва бо адади ками уламои исломӣ, ки минбари оммавӣ мисли родиё ва телевизион дар ихтиёр надоранд, намешавад мардумро аз аҳкоми динӣ бохабар кард. Хусусан бо манъ кардани занҳо аз масҷид зарбаи сахттаре дар роҳи густариши маърифтаи исломӣ зада шуд. Аз ин рӯ фазои динӣ холӣ шуд ва ҷои онро хурофот, фарҳанги бегона ва дину мазҳабҳои дигар гирифт.

Озодӣ: Яъне фазо холӣ буд ва замоне ҳам донишҷӯёни тоҷик дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ таҳсил кардаанд ва ҳоло, ки баргаштанд, ин маънои онро надорад, ки аҳкоми исломро омӯхтаанд ва барои рафъи хурофот нақш мегузоранд?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Бале уламо ва ҷавононе, ки дар ин муддати кӯтоҳ чӣ дар
хориҷ ва чӣ дар дохил таҳсили улуми исломӣ гирифтанд бо қадри имконоти ниҳоят ками худ ба мардум аҳкоми исломиро мефаҳмонанд. Манъ кардани мавъизаҳо дар маъракаҳову маҳфилҳо, манъ кардани пахши наворҳои исломӣ дар бозорҳо нишонгари он аст, ки уламоҳои бодиёнат ва баномуси миллат хомӯш нанишастанд ва ба қадри имконоти худ бо вуҷуди фишорҳову таҳқирҳо ва муҳокимаву ҷаримаҳои судӣ, ин даъвати илоҳиро ба мардум мерасонанд. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам фазои динӣ холист ва хурофот, афкору мазоҳиби дигар ба ҷойи мазҳаби ҳанафӣ дар ҷомеа густариш ёфтааст. Масъалаи беэҳтиромии зан дар хонавода ва ҷомиа, таҳқиру иҳонат ба ҳақи онҳо, аз таҳсил ва аз кор манъ кардани онҳо аз ҳамин сабаб аст.

ЗАНИ МУСАЛМОН ДАР БАНДИ ХУРОФОТ. ЧАРО?


Озодӣ: Шумо дар китоб аз ҷойгоҳи ислом барои зан бо такя ба ҳадисҳои бисёр далел овардед ҳатто мутобиқ шудани зан дар шароити кишварҳои секулёрӣ, аммо чаро бо ин ҳама занони ҷомеаи мусулмони дар банди хурофот боқӣ мемонад ва пешаи корҳои вазнину номуносиб мекунанд?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Мутаассифона, аксари занҳои тоҷик дар замони шӯравӣ ва имрӯз низ машғули кор ҳастанд. Вале мутаассифона қисми зиёди онҳо ба корҳое машғул мешаванд, ки ба табиат ва хилқати онҳо созгор нест ва дар баъзе ҳолатҳо аз ғуломҳо ҳам беҳуқуқтар ҳастанд. Инҷо мо, уламои исломӣ вазифадорем бо баёни аҳкоми шариат дар бораи ҳуқуқи зан ба онҳо кӯмак намоем то, ки ҳуқуқҳояшон дар ҷомиа аз тарафи падар, шавҳар, масъулини мактабу донишгоҳҳо ва корфармоҳо поймол нагардад.

Бале, тибқи шариат занҳо ҳақи кор кардан доранд, аммо касе ҳақ надорад, ки онҳоро ба кор кардану пул ёфтан маҷбур намояд. Духтар аз рӯзе, ки таваллуд мешавад, то сини балоғат ва то ба шавҳар баромадан падараш вазифадор аст, ки тарбия ва таъминаш намояд.

Баъди хонадор шуданаш, шавҳар вазифадор аст, ки зиндагии хубу муносибро барои ӯ таъмин кунад. Агар рафту худое накарда аз шавҳар ҷудо шавад, боқимондаи маҳраш то замони шавҳари дигар карданаш зиндагии шарофатмандонаи ӯро таъмин мекунад. Аслан ислом зани бешавҳар ва марди безанро мавриди накӯҳиш қарор додааст. Агар бе узри шаръӣ хонадор нашаванд, гунаҳкор мешаванд. Зеро яке аз роҳҳои пуртаъсири пешгирӣ аз фасоди ахлоқӣ, никоҳ мебошад.

Агар зан фарзанди болиғ дошта бошад, фарзандон вазифадор ҳастанд, ки модарро эҳтиром ва таъмин кунанд. Агар зан фарзанд ва падар надошта бошад, амакаш бояд таъмини ӯро ба зимма гирад. Агар ин ҳамаро надошта бошад пас тибқи шариат давлат вазифадор аст, ки агар зан кор карда тавонад бо кори муносиб таъмин намояд ва агар кор карда натавонад эҳтиёҷоти зарурии зани бепарасторро аз ҳисоби байтулмол (буҷа) таъмин намояд.

Зеро зан дар ислом азизу мукаррам аст. Агар кор кардан ҳам мехоҳад, бояд дар касбҳое кор кунад, ки ба латофату зебоӣ, ҳаёву иффат, отифаву табиат ва қудрати ҷисмониаш муғойир набошад. Мисли табиб, мураббӣ, муаллима, ҳуқуқшинос, хабарнигор, ҳисобдор, корманди бонк ва ғайра. Лек дар саҳро кетман задан, кӯчарӯбӣ, пешхизмати ресторанҳо будан, ин ҳама таҳқир ба каромати зан аст.

"ЗАН- РОҲРӮБ" ТАҲҚИР БА КАРОМАТИ ЗАН АСТ

Озодӣ: Вале имрӯз, ки занони мо асосан пешхизмат, роҳрӯб дар пеши чашми ману Шумо ва ҳукумат ҳастанд , ки «зан- роҳрӯб» -ро ман дар Ғарб ва на дар Шарқ надидам. Ҳарчанд, ки ҳоло Ғарб дигар ба ҷойи ҷорӯб техникаро истифода мекунад ва мардони мо ҳам ба ҷойи занон техникаи кӯчарӯбиро ихтироъ намекунанд то занҳоро аз хиёбон ба дохил сари кампутар ва технология шинонанд?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Бале ман бо шумо мувофиқам, аммо аз сабаби он, ки хоҳарони мо ҳуқуқҳои худро намедонанд ва аз ихтисосҳои лозима бархӯрдор нестанд ва ё шояд кори муносибе барои худ намеёбанд, ба чунин корҳои паст даст мезананд. Аз ин рӯ мо ҳамагӣ уламои ислом, зиёиёни миллат ва матбуот бояд ба хоҳарони худ бифаҳмонем, ки пеш аз ҳама боиффат ва соҳиби хулқи
хуб бошанд, як шахси хубу муносибро аз ҷумлаи мардони баору баномус ва бодиёнат ба шавҳарӣ ихтиёр кунанд, то ки ин шавҳар аз ҳама ҷиҳат онҳоро таъмин намояд. Ва агар мехоҳанд кор кунанд, бояд ба корҳои муносиби ҷойгоҳашон кор кунанд.

Бояд фарҳанги масъулияти мардон дар назди занон низ аз тариқи матбуот ва масоҷид дар ҷомеа таблиғ шавад. То мардон ба ҳайси падар, бародар, фарзанд ва ҳамсар дар назди хонумон масъулиятшинос шаванд. Барои ба чунин ҳадаф расидан, бояд пеш аз ҳама, фарзандони мо худопарасту боимон тарбия ёбанд. Зеро инсоне, ки имони комил дорад, нисбат ба модар, духтар ва ҳамсараш беҳурматию таҳқирро раво намебинад ва занро дар ҳаққаш зулм намуда, дар чорроҳаи зиндагӣ танҳову саргардон намегузорад.

РОҲҲОИ ПЕШГИРИӢ АЗ ТАЛОҚҲОИ ГУСТУРДА ЧИСТ?

Аммо, воқеият чунин аст, ки на ҳамаи мардум худотарсу ботақво ҳастанд. Барои чунин тоифаи мардум шариат аз тариқи ақди никоҳ ба зан ҳақ додааст, ки шартҳои худро дар санади ақди никоҳ сабт намояд. Аз ҷумла занҳо метавонанд чунин шартҳоро гузоранд; таъйини маҳри муаҷҷал. Зеро маҳри муаҷҷал баъди талоқ ё вафот пардохт мешавад. Мисол, агар арусхонум маҳри муаҷҷали худро (боқимонда) 10 000 доллар таъйин кунад ва шоҳдомод онро дар ҳузури шоҳидон қабул намояд ва ин маблағ дар санади ақди никоҳ ҳамчун маҳри муаҷҷал зикр шавад, бовар кунед, ҳар як ҷавони сабукандеш ҷуръат намекунад, ки бо ҳар сабаби ночизе занашро талоқ кунад. Зеро бояд баъд аз талоқ 10 000 долларро пардохт намояд. Агар ба ихтиёри худ пардохт накунад, қонун ӯро маҷбур менамояд, ки пардохт намояд ё зиндон равад, ба шарте, ки ҳукумати мо ақди никоҳи исломиро ҳамчуни санади ҳуқуқӣ эътироф кунад.

Ман бовар дорам, ки талоқ дар ҷомиаи мо дар чунин ҳолат ниҳоят кам мешавад ва занҳои бепарастор низ кам мешаванд. Зеро бо ин маблағ зани талоқшуда то шавҳари дигар кардан як ҳаёти шарофатмандонае дошта метавонад. Агар ин тарзи ақди никоҳро дар кишварҳои ғарбӣ бо номи (брачний договор) 40 -50 сол пеш расмӣ намуда бошанд, исломи азизи мо 1 400 сол пеш аз ин ба занҳои мусалмон ин ҳаққро дода буд. Ва ин ҳуқуқи исломиро хоҳарони мо дар кишварҳои арабӣ ва Эрону Покистон, Туркияву Молезиё ва Индонезия татбиқ мекунанд. Чаро дар кишвари мо не? Барои он, ки меъёрҳои шариатро аз ҳаёти ҳамарӯзаи мо дур карданд. Ин мавзӯъ дар китоб бо таври муфассал баён шудааст. Умедворам хоҳарони мо аз ин ҳуқуқи исломии худ дар оянда истифода мебаранд.

ЗАН МЕТАВОНАД ПРЕЗИДЕНТ ШАВАД...

Озодӣ: Дар ин китоб дар бораи дар кадом замоне роҳбари давлат будани зан ҳадис ва ривояте овардед ва гуфтед, ки дар шароити кишварҳои дунёвӣ роҳбар будани зан иҷоза аст, аммо дар хилофати исломӣ халифа будани зан ҷоиз нест?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Бале, ба ҳайси халифа фаъолият намудани зан дар шариати
ислом ҷоиз нест. Зеро дар ислом халифа ҳам раҳбари динист ва ҳам раҳбари дунявист. Тибқи аҳкоми исломӣ зан имоми (пешво) динӣ шуда наметавонад. Аммо, агар низоми давлатдорӣ хилофат набошад, низоми ҷумҳурӣ бошад, агарчи низоми ҷумҳурии исломӣ ҳам бошад, зан метавонад президенти кишвар интихоб шавад.

Озодӣ: Табиист, ки мардон мехоҳанд, ки занон аз ҳақуқи худ ҳарчӣ камтар донанд, зеро ҳарчӣ кам донанд ин ба фоидаи мардон аст. Аммо, Шумо дар боло ишора кардед, ки шиддат гирифтани талоқ ин аз хурофот ва надонистани аҳкоми исломӣ аст. Ҳатто талоқ бо SMS мӯд шудааст ва ҳоло уламои мо зарфияти фатво додан дар мавриди онро надоранд, ин ҳам дар ҳоле, ки 99 дарсади ҷомеа мусулмон аст. Ҳатто, тавре гуфтед аз аҳкоми исломи бехабаранд, аммо соатҳо даҳони амри маъруфгаронро новобаста аз он, ки тундгуйи мекунанд, гӯш мекунанд ва барои амри маъруфгарон ҳам ашк мерезанду....?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Мардуми мусулмони мо барои амри маъруфгарон ашк намерезанд. Балки аз мазмуни сӯҳбати баъзе суханварони исломӣ мутаассир шуда, ашк мерезанд. Боварӣ дорам, ки ҷавонҳои масҷидрав ба занҳояшон зулм намекунанд ва бо ҳар сабаби ночизе лафзи талоқро истифода намебаранд. Зеро онҳо то чӣ андоза гуноҳи кабира будани талаффузи ин лафзро аз уламо шунидаанд. Касоне, ки аз тариқи SMS занҳои худро талоқ медиҳанд агар таҳқиқ намоем, масҷидӣ нестанд. Ба ҳар ҳол ин кори бад мутассифона дар байни ҷавонони мо пайдо шудааст.

ТАЛОҚҲОИ ТЕЛЕФОНӢ ВА ҲУКМИ ШАРЪИИ ОН

Озодӣ: Бубинед ҳар сол даҳҳо хонаводаи ҷавон талоқ мешаванд, ҳатто бо ин “мӯди замонавӣ"-и SMS, пас ҳукми шаръияш чист ва аз ин падидаи номатлуб чи хел бояд ки пешгирӣ кард?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Талоқи бо воситаи SMS мисли талоқи аз тариқи мактуб мебошад. Яъне, агар нависандаи он худаш ҳозир шуда эътироф кунад, ки ҳамон вақт SMS- ро ман фиристодам, аз ҳамон рӯзи талоқкардааш талоқ воқеъ мешавад ва аз ҳамон рӯз эътиборан иддаи шаръии хонум шурӯъ мешавад. Аммо, агар эътироф накунад ва гӯяд, ки шояд касе аз номи ман шӯхӣ кардааст, талоқ ҳисоб намешавад. Овардани лафзи талоқ бар забон гуноҳи бузург аст. Паёмбари Худо (с) дар як ҳадиси саҳеҳ фармуданд: «Аз талаффузи талоқ арши худовандӣ меларзад». Ё дар ҳадиси дигар фармуданд:
«Бадтарин лафзи мубоҳе, ки аз забони мусалмон мебарояд ин лафзи талоқ аст». Хусусан лафзи се талоқ. Ҷавонони мо бидонанд, ки бо талаффузи ин калима ҳамсаронашон барои онҳо бегона мегарданд, кӯдаконашон бепадар ё бемодар мемонанд. Аз ин рӯ аз истифодаи ин калима бояд, ки дур бошанд.

Талоқ, он ҳам бошад як талоқ дар ҳолате ҷоиз мегардад, ки зиндагӣ барои ҳарду ба ҷаҳаннам табдил шуда бошад ва тамоми роҳҳои мусолиҳа, сабру таҳаммул, миёнаравии афроди калонсоли хешу табор истифода шуда бошаду натиҷае надиҳад, дар ин сурат фақат як талоқ диҳад. Бо ҳамин як талоқ мард аз зан ва зан аз мард ҷудо мешавад ва ҳарду метавонанд оилаи дигар ташкил кунанд ва агар рафту пушаймон шаванд, боз метавонанд бо никоҳ ба якдигар бозгарданд. Ба ҳар ҳол ба фикри ман агар институти маҳри муаҷҷал дар кишвар ҷорӣ шавад, талоқ хеле ҳам кам мешавад.

"ҲАЛОЛА ҶОИЗ НЕСТ"

Озодӣ: Чун сӯҳбат аз талоқ рафт, имрӯз як падидаи зуҳур кардааст, ки зану шавҳар аз ҳам ҷудо мешаванд, боз дигарбора никоҳ мекунанд зиндагиро идома медиҳанд. Дар ҳоле, ки дар мазҳаби мо ин падидаҳо нест, ки баъди талоқ бидуни ба истилоҳ, "ҳалола" зан бо шавҳараш зиндагиро идома диҳад.Чаро чунин аст?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Аслан "ҳалола" дар шариати ислом ҷоиз нест. Ҳаром аст. Зеро он никоҳе, ки ба мақсади ҳалола мекунанд, никоҳи муваққат аст ва никоҳи муваққат дар назди тамоми мазоҳиби аҳли суннату валҷамоат никоҳ ҳисоб намешавад. Аз ин рӯ ҳаром аст. Паёмбари Худо (с) ҳалолагар ва ҳалолакунро лаънат гуфта, онро ба таккаи мустаор, ки барои бордор кардани бузҳои ҳамсоя истифода мешавад, ташбеҳ кардааст.

Дар шариати исломӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ба хотири манофеъи умум, ҳифзи ҷон ва ҳамчунин ба хотири ҳифзи оилаву фарзанд истисноҳое вуҷуд дорад, ки уламоҳои варзида метавонанд аз ин истисноҳо истифода баранд. Аз ҷумла дар масъалаи талоқ дар ҳолати зарурат уламои мазҳаби мо метавонанд аз мазҳабҳои дигар фатво ёфта оиларо нигоҳ доранд. Дар ин масъала намехоҳам бо тафсил сӯҳбат кунам. Зеро масъалаи талоқ ин масъалаи ниҳоят нозук ва ҳассос аст, аз тариқи матбуот дар ин бора ба тафсил сӯҳбат кардан ба фоидаи омма нест. Ба ҳар ҳол олиме, ки фатво медиҳад рӯзи қиёмат худаш ҷавоб медиҳад. Мо набояд оилаҳоеро, ки аз тариқи фатво дубора никоҳ мешаванд, сарзаниш намоем.

ЧАРО ХОНУМҲОИ РӮҲОНИЁН ТАҲСИЛКАРДА НЕСТАНД?

Озодӣ: Дар ин китоб дар мавриди таҳсил кардан ва мақом доштани занон дар ҷомеа ҳадисҳои зиёд овардед, вале чаро духтарон ва ҳамсари Шумо, шахсиятҳои рӯҳонии дигар, мисли Нуриву Ҳиматзода, Ҳоҷӣ Исмоилу Ҳоҷӣ Амонулло ва …....нохондаанд. Чаро шумо саъй намекунед то барои ҷомеа
улгу шавед ва мардум ҳам донанд, ки ислом танҳо дохили масҷид ва зан танҳо барои кори хона ва фарзанд тавалуд кардан нест?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Духтарони ман агарчанде, ки донишгоҳ хатм накарданд, вале алҳамдуллиллоҳ босавод ҳастанд. Осори гузаштагонамонро бо хатти форсӣ мутолиа мекунанд. Ҳамаи духтаронам дар Эрони исломӣ мактаб ва баъзеяшон дар донишгоҳ мехонданд. Мутаассифона дар кишвари мо фазо ва шароит барои таҳсили духтарони мутадаййин дар донишгоҳҳоямон вуҷуд надорад. Масалан ҳеҷ духтари худотарс розӣ намешавад, ки беҳиҷоби исломӣ байни ҷавонҳои бегона таҳсил кунад. Ҳамчунин падарҳои мутадаййин низ розӣ намешаванд, ки духтарони ба балоғат расидаашон байни ҷавонони бегона сару гардани луч, яъне беҳиҷоб таҳсил кунанд. Хулоса аз он, ки духтарони мо ва амсоли мо дар донишгоҳҳои кишварамон таҳсил намекунанд, айби мо нест, айби масъулини кишвар аст, ки ба хотири ҷорӣ намудани анъана ва расму оини ғарбиҳо шуда ва ба хотири розӣ намудани онҳо аз худ садҳо, шояд ҳазорҳо духтари мусалмони тоҷикро аз таҳсил дар донишгоҳҳо маҳрум карданд, ки уболи нахонданашон дар гардани онҳост. Вақте муҳити муносиб барои таҳсили як хонуми мазҳабӣ вуҷуд надорад, чи тавр таҳсил кунад? Аз як сӯ ақидаи диниаш маҷбураш мекунад, ки ҳиҷоб дошта бошад, зеро ҳиҷоб фарзи қатъии илоҳист. Аммо аз сӯи дигар ҳукуматдорон маҷбур мекунанд, ки беҳиҷобу бесатр бошанд. Табиист, ки дар ин ҳолат духтари боимон сатру ҳиҷобро аз таълим боло медонад. Зеро сатру ҳиҷоб фарзи айн аст, таҳсил фарзи кифоя.

ИСЛОМИҲО АЗ ҲАМА ТАҲАММУЛПАЗИРТАРАНД?

Озодӣ: Яъне фазои таҳамулпазирӣ нест дар ин самт?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Имрӯз аз ҳама зиёд уламои исломӣ таҳамулпазир ҳастанд. Паёмбарашон, Қуръони азимушшаън ва рамзҳои исломияшон таҳқир мешавад, таҳаммул мекунанд. Ҳуқуқҳои динияшон поймол мешавад, таҳаммул ва сабр мекунанд. Хусусан имомхатибони бечора. Ҳар ду ҳафта як бор дар маҷлисҳои се чор соатаи шаҳру навоҳӣ дар қатори дигар «чиновникҳо» бояд иштирок кунанд ва баъзан мавриди таҳқиру масхара қарор мегиранд. Тарзи ришмонӣ, либоспӯшӣ ва вақтҳои охир дар бораи бесаводияшон масъулин ошкоро онҳоро мазаммату таҳқир мекунанд. Бо муҷарради зикри номашон бояд рост хезанд ва то иҷозаи шиштан ба онҳо надиҳанд, ҳаққи нишастан надоранд. Агар ягон нафар аз ин домуллоҳо, ки қадри худро медонад, мабодо аз ҷой нахезад ва ё ин ки бидуни иҷоза нишинад, раис аз боло итоб карда мегӯяд; "мара ҳурмат намекунӣ, вазифаи мара ҳурмат кун! Ман намояндаи Ҷаноби олӣ ҳастам!.." Бубинед, тафаккури мансабдорони моро, мардумро маҷбур мекунанд то ки онҳоро ҳурмат кунанд. Ҳоло он, ки ҳеҷ вақт ҳурматро аз тариқи зурӣ намешавад ба даст овард. Балки бо ахлоқи хуб, бо сухани хуб, бо муомилаи хуб, бо хидмати софдилона сазовори ҳурмат шудан мумкин аст. Ман гумон мекунам дар ягон кишвари дунё чунин беҳурматие, ки дар кишвари мо нисбат ба рӯҳоният мешавад, шояд набошад.

Мансабдорони мо фикр намекунанд, ки имомхатибон корманди давлат, маошхӯр ва зердасти онҳо нестанд, ки онҳоро ҳар вақт се чаҳор соат дар маҷлисҳои худ нигоҳ доранд ва агар яке аз онҳо ба хотири гузаштани вақти намоз аз маҷлисгоҳ барояд, боз таҳдидашам мекунанд. Худатон қазоват кунед кӣ таҳаммулпазир ҳасту кӣ бетаҳаммул? Дар солҳои ахир дунявигароёни мо барои таҳмил намудани дидгоҳҳои худ аз воситаҳои давлатдорӣ истифода бурда, онро ба мардум таҳмил мекунанд. Баъзеашро аз тариқи қабули қонунҳо ва баъзеи дигарро аз тариқи супоришҳои шифоҳии ғайриқонунӣ. Аммо, уламои исломӣ ба касе аҳкоми шариатро ба зӯр таҳмил накардаанд, маҷбур ҳам намекунанд. Фақат ҳукми шаръро баён мекунанд. Касе хоҳад амал мекунад, нахоҳад не.

«МИЛЛИОНҲО »-И ИСЛОМИҲО ВА САРМОЯҲОИ ХОРИҶӢ?

Озодӣ: Соли 2010 хабарҳо аз тариқи почтаҳои хусусӣ ба доираи хабарнигорӣ фиристода шуд, ки нерӯҳои исломии Тоҷикистон дар бонкҳои хориҷӣ маблағҳои ҳангуфт доранд, ҳатто аз Муҳиддин Кабирӣ як миллиардер сохтанд ва гуфтанд, ки дар бонкҳои Тошканд ҳам миллионҳо дорад. Аммо, Шумо ба ин сармояҳо бовар доред ва Шумо дар бонкҳои хориҷӣ чӣ қадар маблағ доред?

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Ман ба ин суханҳо бовар надорам. Ин ҳама идомаи ҳамон тӯҳматҳост нисбати Муҳиддин Кабирӣ, ки як шахсияти воқеан ҳам исломӣ, мӯътадил ва миллӣ аст. Ин ҳама бофтаи душманони ислом ва душманони шахсиятҳои исломии Тоҷикистон аст. Ба хотири сиёҳ кардани онҳо дар ҷомиа. Худи ман дар ягон бонки хориҷӣ сармоя надорам.

НАҚЗИ ОЗОДИҲО МАРДУМРО БА ХИЁБОН МЕБАРАД


Озодӣ: Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва иддае аз шаҳрвандон мегӯянд, ки ҳақи озодиҳои фитрии мардум дар кишвар нақз мешавад, ки ин хатар дорад. Аммо бубинед дар кишварҳои шарқ ҳақи фитрии динӣ озод буд, дари масҷид ба руйи намозгузорон боз, аммо мардум қиём кард ва талаб доранд, ки шеваи зиндагӣ ва ҳукуматҳо дигар шаванд, чаро?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Дар кишварҳои арабӣ низ солҳои зиёд озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон нақз мешуд. Дуруст аст, ки дарҳои масоҷид боз буд ва аксарияти мардум намозҳои худро адо мекарданд. Аммо дар Мисру Тунис бо ришу ҳиҷоб дар корхонаҳои давлатӣ кор карданро манъ мекарданд. Мутахассисони беҳтаринро бо сабаби узвият дар ҳаракатҳои исломӣ иҷозаи фаъолият дар мансабҳои давлатӣ ва ҳатто ширкатҳои бузурги хусусӣ намедоданд. Натоиҷи интихоботро таҳриф мекарданд. Хулоса маҳдудиятҳои сиёсӣ, мушкилоти иҷтимоӣ, ҳукуматсолории як ҳизб ё як фард дар муддати тӯлонӣ ва фасоди ошкорову беадолатӣ мардумро ба хиёбонҳо баровард.

Озодӣ:- Ташаккур.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Саломат бошед, барои шунавандагони радио ва сомонаи Озодӣ ҳам дуо мекунем.

Ҳолномаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода 16-уми феврали соли 1954 дар деҳаи Ваҳдатободи ноҳияи Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи рӯҳонии машҳур Эшони Тураҷон (раҳимаҳуллоҳ) ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар ноҳияи Ваҳдат хатм намуда, ҳамзамон бо таҳсили мактаб, дар назди падар ва бобои модарии худ маълумоти ибтидоии диниро фаро гирифтааст.

Соли 1972-1977 дар мадрасаи исломии Мири Араби шаҳри Бухоро ва солҳои 1977-1980 дар Донишгоҳи исломии ба номи Имом Бухории шаҳри Тошканд таҳсил намуда, баъди хатми донишгоҳи мазкур дар солҳои 1980-1982 дар бахши робитаҳои хориҷии Идораи динии мусулмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон (САДУМ) фаъолият доштааст.

Дар соли 1982 ба факултаи шариати Донишгоҳи давлатии Урдун дохил шуда, онро соли 1987 ба итмом расонидааст. Солҳои 1987-1988 ба тадриси илмҳои фиқҳ ва ҳадис дар Донишгоҳи исломии Тошканд ба номи Имом Бухорӣ машғул будааст.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар солҳои 1988-1993 масъуляти Идораи Қозиёти мусулмонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш доштааст. Ҳамзамон бо ин, феврали соли 1990 ба ҳайси намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии ҶТ ва баъдан узви Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз ибтидои соли 1993 то оғози соли 1998 дар хориҷ аз кишвар ба сар бурда, мақоми ноиби аввали роҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷикро (ИНОТ) ба дўш доштааст. Ҳамзамон бо ин, дар тамоми тӯли музокироти сулҳи тоҷикон, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода раҳбарии ҳайати музокиракунандаи ИНОТ-ро ба ӯҳда доштааст.

Баъди имзои созишномаҳои сулҳ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба мақоми муовини аввали Сарвазири ҶТ таъйин гашта, дар солҳои 1998 то 2005 дар ин симат фаъолият доштааст. Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода солҳои 2005-2010 узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.
XS
SM
MD
LG