Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳбари зан мехоҳед, ё мард?


Бархе аз занони фаъоли тоҷик дар мулоқот бо Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико дар Душанбе

Бархе аз занони фаъоли тоҷик дар мулоқот бо Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико дар Душанбе

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон аксарият на танҳо дар хона, балки дар идораву корхонаҳо ҳам мардро роҳбари худ дидан мехоҳанд.

Натиҷаи як пурсиши кӯчаку сарироҳии мо дар маркази шаҳр собит кард, ки аксарият ба раҳбарии мард дар корхонаву муассисаҳо бартарӣ медиҳанд. Аз 10 нафари пурсидашуда, 7 нафар ҷонибдори раҳбарии мард шуданд ва 3 нафари дигар гуфтанд, дар умури мудирият занро дидан мехоҳанд.

Сурайё, як мусоҳибе, ки дар зери дасти ҳам зани роҳбар ва ҳам марди роҳбар кор кардааст, аз таҷрибаи худ мегӯяд, бо роҳбари зан кор кардан барояш чандон осон набуд. “Мо бояд қабл аз ҳама на ба ҷинсият, балки ба малакаи раҳбарии роҳбарон баҳо диҳем. Дар Аврупо зану мард як навъ қабул мешавад, аммо дар ҷомеаи мо ҳоло занон хусусиятҳои шахсиву зании худро аз коргарон боло мегузоранд ва бо онҳо хеле мушкил аст кор кардан. Бо ҳар баҳона бо сабабу бесабаб хӯрдагирӣ мекунанд...”,-мегӯяд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки бино бар омори расмӣ ҳоло 24 дарсади курсиҳои раҳбарикунандаро дар ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон занон ишғол кардаанд ва ба гуфтаи масъулони Кумитаи кор бо занон сол то сол шумори бонувон дар симматҳои раҳбарикунандаи кишвар дар ҳама соҳаҳо бештар мешаванд. Имсол дар қиёс бо як соли пеш теъдоди занон дар мақомҳои раҳбарӣ 225 нафар афзудаанд. Вале бо вуҷуди ин, ба андешаи коршиносон, назари ҷомеа ба нақши онҳо зиёд тағйир накардааст ва аксарият ба ин боваранд, ки мардҳо роҳбарони беҳтаранд.

Ҳуриннисо Ғаффорзода

Ҳуриннисо Ғаффорзода

Ҳуриннисо Ғаффорзода, раҳбари созмони иҷтимоии "Оштии миллӣ", ки бо масъалаҳои занону духтарон ҳам машғул аст, мегӯяд, занон воқеан метавонанд роҳбари кордон бошанд ва шумори чунин занон имрӯз дар кишвар кам нест. Вале ба қавли ӯ дар солҳои истиқлолият занҳое вазифа гирифтаанд, ки натавонистаанд худро чун раҳбари арзанда муаррифӣ кунанд ва мардумро аз паси худ баранд. Ба андешаи Ғаффорзода, "мо садҳо занони фаъолу дорои малакаҳои роҳбарӣ дорем, ки метавонанд таҳаввулоти зиёдеро дар кишвар ворид созанд, аммо онҳо роҳ намеёбанд. Вақте мо дар ноҳияву деҳот бо занон сӯҳбатҳо мекунем, онҳо аз мисоли занони роҳбарони ҷамоату ноҳияшон меоранд, ки онҳо барояшон имкон намедиҳанд ва мо чӣ гунеа ба занон эътимод бандем. Яъне аввалин гуноҳи занони роҳбар имрӯз дар сафи давлатӣ ин аст, ки бовари мардумро аз даст медиҳанд. Онҳо вақте ба ҳукумат шомил мешаванд, як хизматгори тайёри мардҳо мешаванд. Аз ҷасорату дониши худ кор намегиранд."

Омили дигари чандон муваффақ набудани занон дар умури раҳбарӣ, ба андешаи хонум Ҳуриннисо, дар набудани иттиҳод ва пуштибонии байниҳамии занон аст. Иттифоқан роҳбари занро худи занон чандон хуб қабул надоранд. Аммо ба ақидаи бархе аз ҳамсӯҳбатони мо агар зердаст ё шахс мутахассиси кори худ бошад, ҷинсияти роҳбари барои онҳо наметавонад мушкил эҷод кунад. Аҳдия корманди ҷавони як ниҳоди давлатӣ аст. Ӯ мегӯяд, феълан таҳти роҳбарии зан фаъолият дорад ва тарафдори зиёд шудани занони роҳбар аст: "Бояд баробарӣ бошад дар ин самт. Ман ҳам бо мард ва ҳам зани роҳбар кор кардаам. Муносибат бо роҳбар аз худи мо ҳам вобаста аст. Аммо фикр мекунам зан ҳарчанд дар кор ҷиддӣ аст, аммо дар ҳолатҳои зарурӣ метавонад одамро бифаҳмад. Дар шароите, ки мо занони роҳбар кам дорем бояд онҳоро дастгирӣ кунем."

Марҳабо Ҷабборов

Марҳабо Ҷабборов

Марҳабо Ҷабборова, раҳбари пешини Донишкадаи забонҳо ва ҳоло раиси кумита оид ба илму фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд роҳбар будан кори осон нест, вале ба ҳар сурат занон, ки табиатан меҳрубон ва модаранд, метавонанд роҳбари хуб бошанд. Агар, албатта, ба дарки кори худ бираванду тавонад роҳбариро хуб ба роҳ монанд. Хонум Ҷабборова аз таҷрибаи роҳбарии худ мисол меорад: "Масалан, вақте раҳбари донишкада будам, талош мекардам, ба устодону донишҷӯён чун модар муносибат кунам ва ҳар мушкилу ҳарфи онҳоро бишнавам. Дар баробари кор боз масоиле аст, ки ба кормандон рабт дорад ва роҳбар ин ҳамаро бояд хуб бидонаду бо онҳо муносибати хуб дошта бошад ва таҳаммулпазир бошад."

4 сол пеш ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи омода кардани роҳбарони кордону ботаҷриба аз миёни занон "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарон"-ро қабул ва роҳандозӣ кард. Дар асоси ин барнома ба гуфтаи масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба духтарони лаёқатманд малакаҳои раҳбарӣ омӯзонида мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG