Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз занону духтарони лаёқатманд дар сохторҳои давлати имкони хуби пешрафт ва дастёбӣ ба маснадҳои раҳбариро доранд.

Ба гуфтаи Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, феълан 27 дарсади кормандони вазорату идораҳои кишварро занон духтарон ташкил медиҳанд.

Хонум Тағоева мегӯяд, онҳо аз ҳисоби занони лаёқатманди сохторҳои давлатӣ як махзани кадрие иборат аз 300 занро омода кардаву ин феҳрастро барои пешбарӣ ба мақомҳои идорӣ ба ҳукумати кишвар фиристодаанд. Ба гуфтаи ӯ, мушкилӣ дар кам будани занону духтарони дорои малакаҳои таҳсилдида аст: «Аз таҷриба мегӯям, ман мехостам як духтареро интихоб ва барои маснади раҳбарӣ тарбия кунам, мутаасифона наёфтам. Баъзан мешавад, ки вазъияти оилавӣ таъсир мерасонад. Агар саводаш хуб бошад, малакаи хубӣ раҳбари надорад. Баъзе чизҳое, ҳастанд, ки таъсир мерасонанд.»

Хуршеда Расулова тӯли 3 сол аст дар ҳукумати ноҳияи Турсунзода мутахаcсиси шӯъбаи умумист. Вай мехоҳад карера бисозад ва талош дорад ба маснади болоӣ дар ҳамин сохтор даст ёбад. Ҳарчанд мегӯяд, хуб медонад, ки мудир шудани зан талошу заҳмати зиёд талаб мекунад.

«Ман ҳатто рӯзҳои истироҳатӣ шанбе ҳам омада кор мекунам. Дар хонаводаҳои тоҷик зан вақте аз кор каме дер равад, волидон хавотир мешавад ва мушкилот ҳам шурӯъ мешаванд. Вақте мехоҳӣ кадри роҳбарикунанда шавӣ, масъулиятат бештар мешавад, ту бояд аз худ гузарӣ ва ин нофаҳмиҳоро метавонад дар хонавода ба миён орад. Бинобар ин, ҳамин мушкилот аксаран занон ҳарчанд хоҳиш доранд, аммо имконияти кадри роҳбарикунанда шуданро надоранд. Вале ман талош дорам то ба вазифаи мудири шӯъба бирасам, намедонам барои ин чанд соли дигар лозим аст, аммо кӯшиш мекунам.»

Аммо мусоҳиби дигари ман, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ӯ ҳам бо ҳамин ҳадаф чанд сол дар як ниҳоди давлатӣ кор кард ва чанде пеш бо сабаби номусоид будани муҳит, аз ин идора рафт. Ӯ акнун ба хулосае омадааст, ки барои пешрафти як зан дар сохтори давлатӣ монеаҳо зиёдтар аз имкониятҳост ва муносибат ба зан дар ин коргоҳҳо назарногирона аст.

Ҳуриниссо Ғаффорзода

Ҳуриниссо Ғаффорзода

«Масалан дар ниҳоде, ки ман кор мекардам, роҳбар мехост, ки бештар писаронро ба кор бигирад, чун мегуфт духтарон баъди як муддати кӯтоҳи фаъолият бо сабабҳои хонаводагӣ ё масалан таваллуди фарзанд аз кор мераванд. Яъне муносибат ва назар ба занон дигар аст. Масалан, агар як ҷавонзану як писар барои ҷои кор довталабӣ кунад, ӯ ҳатман ба писар бартарӣ медод, малакаву маҳоратро нигоҳ намекунад.»

Вале ба гуфтаи мусоҳибони мо, миёни занону духтарони тоҷик афроди арзанда ба маснадҳои раҳбарӣ зиёданд. Аммо боз ҳам шеваи нодуруст ва ношаффофи интихоби кадрҳо боис шуда, ки ин гурӯҳи занону духтарон аз чашм дур монанд. Ҳуриниссо Ғаффорзода, таҳлилгари тоҷик, ки барномаи вижаеро барои таҳсили духтарон сарварӣ мекунад, дар ин зимн мегӯяд:

«Шахсан аз таҷрибаи кориам мегӯям, ин қадар духтарони соҳибистеъдодро пайдо мекунем, ки метавонанд тағйироти зиёде ворид кунанд, вале мутаасифони онҳо ба сатҳи баланди роҳбарӣ роҳ намеёбанд. Тамоми имкониятҳо барои бонувони боистеъдод бастааст. Ба хотире, ки вазифаи хуб гирӣ? бояд ё маблағ дошта бошӣ ё фарзанди кадом нафаре.»

Хонум Ғаффорзода меафзояд, онҳо ҳам, ки ба ин ниҳодҳои идорӣ роҳ меёбанд, ғолибан дар ҳамон сатҳе, ки ҳастанд боқӣ мемонанд ва донишу малакаи худро такмил намедиҳанд. Як омил ба ақидаи ӯ, камбуди ҳавасмандӣ аз сӯйи худи духтарон аст, ки маоши кам доранд ва аз сӯйи дигар дастгирӣ наёфтани онҳо аз сӯйи раҳбарони ниҳодҳост.

Вале дар ҳамин ҳол Абдураҳим Умариён, сухангӯйи кумитаи гумрук мегӯяд, нақши занон дар ин сохтор, ҳатто дар дар зинаҳои раҳбарикунандаи он назаррас аст. Абдураҳим мегӯяд, баробарии гендерӣ дар ин соҳа риоя мешавад: «Феълан дар сафи кормандони мақомоти гумрук ҳудуди 110 нафар занон фаъолият мекунанд, аз ҷумла 32 нафари онҳо дар вазифаҳои марказии мақомоти гумрук, 2 нафар дорои рутбаҳои полковник фаъолият доранд. Ҳамеша мушоҳида мекунем, мо натиҷаҳои кории занон дар қатори мардон назаррас аст.»

Гулафшон Соқиева, рӯзноманигори тоҷик

Гулафшон Соқиева, рӯзноманигори тоҷик

Гулафшон Соқиева, рӯзноманигори тоҷик, ки собиқаи кор дар ниҳодҳои давлатӣ ва хусусро дорад, мегӯяд, агар воқеан ба занон дар сохторҳои давлатӣ имкони пешрафт дода мешуд ва дастгирӣ меёфтанд, ҳоло Тоҷикистон ҳам ҳадди ақал як ё ду вазир ё сафири зан медошт. Ба назари ӯ, баъди қабули барномаи вижа барои боло бурдани мақоми зан, шумори занон дар маснадҳои раҳбарӣ, баръакс шудааст: «Мегӯянд, ки мо кадр омода мекунем пас куҷоянд он занҳо, чаро чашмрас нестанд. Барои чӣ ба занҳо ин масъулиятҳо бовар карда намешавад. Чаро то ба ҳол мо як сафири зан надорем?»

Дар Тоҷикистон ҳоло бештар аз ҳама занон дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф фаъолият доранд. Ғолибан духтарон ҳам дар қатори аксари дигар ҷавонон талоши роҳёбӣ ба созмонҳои байналмиллалӣ ва хусусиро мекунанд, чун агар аз як ҷиҳат имконоти молӣ ва пешрафт дар ин сохторҳо барояшон бештар аст, аз сӯйи дигар ба гуфтаи худи ҷавонзанҳо, муҳити корхонаи хусусӣ барои онҳо роҳаттар мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG