Пайвандҳои дастрасӣ

Як зани тоҷик мегӯяд, барои тан надодан ба пешниҳоди муносибатҳои ҷинсӣ раисаш ӯро аз кор рондааст.

Ин хонуми 30-солаи тоҷик бо номи Дилафрӯз акнун талош дорад, ҳуқуқи худро дар додгоҳ ҳимоят кунад. Дар номае ба Додситони кулли Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, вазири тандурустӣ ва раисиҷумҳури кишвар ӯ навиштааст : «...роҳбари корхонаам...шавҳар [доштан] ва ҳомиладор будани маро дидаву дониста, маро ба муносибати ҷинсии нораво водор менамуд.»

Марде, ки аз ӯ шикоят мешавад, сардори яке аз муассисаҳои Вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар Душанбе ин иддаоҳои Дилафрӯзро рад мекунад ва мегӯяд, шикояткунанда ду моҳ пеш барои нақзи қоидаҳои кор аз вазифа барканор шудааст.

Дилафрӯз тасдиқ мекунад, ки бино бар модаи 46-и Кодекси меҳнат бо иттиҳоми пӯшидани либоси номуносиб дар коргоҳ аз кор ронда шудааст, вале мегӯяд, ки сабаби аслии ихроҷи ӯ розӣ нашуданаш ба пешниҳоди сардори корхона ба муносибатҳои маҳрамона аст.

Вай гуфт: «Роҳбарам хост, ки ман май нӯшам, аммо ман рад кардам ва гуфтам ҳомиладорам ва ҳеҷ гоҳ ҳам нанӯшидаам. Гуфт, ки ҳеҷ кор намекунад, кӯдакатро исқот кун, гуфтам, не. Ба пеши бари ман даст дароз кард, дасташро задам ва хестаму як коре карда, аз ӯ гурехтам.»

Роҳбаре, ки мавриди шикояти Дилафрӯз қарор гирифтааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, Дилафрӯз ҳақ дорад, ки дар асоси қонун ба додгоҳ шикоят барад ва дар сурати ҳақ будан аз худ дифоъ кунад.

Дилафрӯз мегӯяд, ки дар аввал хостааст, ки аз ҳуқуқ ва шаъни худ ба тавассути Кумитаи кор бо занон, роҳбарияти Вазорати беҳдоштӣ, дастгоҳи раёсат ҷумҳурӣ ва шаҳрдории Душанбе ҳимоя кунад. Аммо акнун тасмим гирифтааст, қазияро ба додгоҳ кашонад.

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, ки Дилафрӯз қаблан бо масоили дигар ба вазорат муроҷиат карда буд, вале онҳо аз ҳадафи дастдарозии ҷинсӣ қарор гирифтани ӯ ҳоло огоҳ шудаанд.

Ҳарчанд бори аввал аст, ки як зан мегӯяд, чунин қазияро дар додгоҳ баррасӣ хоҳад кард, ҳамарӯза даҳҳо бону ва хонумҳо дар коргоҳи худ мавриди тааррузи ҷинсӣ қарор мегиранд. Замира як хонуми дигар, ки ҳоло дар яке аз корхонаҳои давлатӣ фаъолият дорад, мегӯяд, занони ҷавон аз тарс, заъф ё бемаърифатию нодонии худ ҳадафи шаҳватхоҳии мардони мансабдор мешаванд, аммо ба хотири ҳифзи ном ва обрӯи хеш чунин ҳолатҳоро пинҳон медоранд.

Хонуми Замира мегӯяд, ки қабалн дар як идораи бонуфуз кор кардаву ва шоҳиди ин будааст, ки роҳбарон чандин ҷавонзанро ба ҳамхобагӣ маҷбур намудаанд. Вале ин занҳо чорае ба ҷуз сукут надоштаанд, зеро аз паҳн шудани овоза миёни кормандон ва пайвандонашон метарсиданд. Баъзеи дигар ҳатто ба ин “низом” одат мекунанд ва онро табиӣ мешуморанд.

Ҳуқуқшиноси тоҷик, Ойниҳол Бобоназарова низ бар ин аст, ки чунин занон дар идораву муассисаҳои гуногуни кишвар бо таарузи ҷинсӣ
рӯ ба рӯ мешаванд, аммо ҷуръати ба додгоҳ муроҷиа карданро надоранд: «Агар ҳамин хел далелҳо бошад, вақте яке роҳбар ва дигаре зердасти он аст, ҷинояти сангин ҳисобида мешавад, ҳам дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ. Ин ҷиноят ду тараф дорад, онеро ки давлат ба вай бовар кардааст, манфиати давлат ва мардумро бояд ҳифз кунад, вақте боз ин корро мекунад. Аммо мутаассифона, дар чунин ҳолатҳо занҳои мо корро партофта мераванд. Вале бояд ки ин анъанаро шикананд ва ба додгоҳҳо муроҷиат кунанд.»

Зоҳиран чунин даъватҳои зиёди шикастани девори сукут дар баробари ин ҷиноятҳо акнун бояд натиҷа диҳад. Дилафрӯз вакили ҳуқуқии худро ёфтааст ва аризаи расмияшро ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур месупорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG