Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи нирӯҳои Иттиҳоди мухолифони пешини давлат дар водии Рашт сармушовири баталйони зудамали вазорати дифоъ таъин шуд.

Генерал Ғайрат Адҳамов, муовини аввали вазири дифоъи Тоҷикистон рӯзи 4 сентябр ба Радои Озодӣ гуфт, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов афсари вазорати дифоъ буда ва ҳамчун сармушовири баталйони зудамали кӯҳнавардии вазорати дифоъ дар минтақаи Рашт ба хизмат шурӯъ кардааст.

Ин мақоми вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар вақти таъйини Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди мухолифони тоҷик, "таҷрибаи фаъолияти ӯ дар шароити кӯҳистон ба назар гирифта шудааст."

Генерал Адҳамов мегӯяд, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов ҳамчун саринструктори ин баталйон феълан дар хизмати низомӣ буда ва чанд маротиба тамрини сарбозонро дар кӯҳистон ташкил ва таъмин кардааст.

Ин мақоми вазорати дифоъ гуфт, ки имкон дорад, шуморе аз собиқ размандаҳои оппозисиюни пешин, ки дар сохторҳои вазоратҳои қудратии кишвар дар минтақаи Рашт хизмат кардаанд ва таҷрибаи кофӣ доранд, ба ин воҳиди кӯҳнавардӣ ҷалб карда шаванд.

Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз фармондеҳони нирӯҳои мухолифин дар водии Рашт буд, баъди имзои қарордоди сулҳ сардори шӯъбачаи минтақавии мубориза бо ҷиноёти созмонёфта дар ин водӣ таъйин шуд.

Дар соли 2008 Аҳмадов ва зердастонаш ба қатли Олег Захарченко, муовини фармондеҳи ОМОН, як воҳиди вижаи вазорати умури дохила, айбдор шуд, ки ба иддаои мақомот, барои ширкат дар ҷаласаи шӯъбачаи Аҳмадов, ва ба иддаои ӯву тарафдоронаш, барои боздошти онҳо ба Рашт омада буд. Таниши бархоста байни ӯву ҳукумат дар он сол танҳо баъди дахолати мустақими раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, халъи силоҳи афроди Аҳмадов ва судури як афви вижа барои онҳо хунсо шуд.

Бори дигар исми Мирзохӯҷа Аҳмадов ва зердастони ӯ дар соли 2010, дар пайи амалиёти вижаи нирӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло Раҳимов вирди забонҳо шуд. Мақомот ибтидо Аҳмадовро ба ҳамдастӣ ва паноҳ додан ба ҷангиёни Мулло Абдулло айбдор кард ва манзили ӯ дар рустои Ниширёни ноҳияи Рашт ҳадафи ҳамла низ қарор гирифт. Вале баъди чанд рӯзи дар ҳоли фирор ба сар бурданаш Мирзохӯҷа Аҳмадов тавонист дар ивази ваъдаи ҳамкорӣ дар амри саркӯби нирӯҳои Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ худашу аксари зердастонашро аз ин гирбод низ раҳо кунад.

Баъди саркӯб шудани гурӯҳҳои худсар дар водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов аз мазҳари ом канор рафта, аз сӯҳбат бо матбуот худдорӣ мекард ва мегуфт, дигар бознишаста шудаасту дар ҳалқаи наздиконаш "давлати пирӣ меронад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG