Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳони собиқи Рашт: "Ҳанӯз ҳам афв нашудаем"


Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар водии Рашт.
Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар водии Рашт.

Бархе аз фармондеҳони собиқи мухолифон дар водии Рашт аз надоштани санади афв нигаронанд ва мегӯянд, мақомот бо ҳар баҳонае метавонанд таъқибашон кунанд.

Одил Олимов, собиқ фармондеҳи нерӯҳои мухолифи Тоҷикистон ва корманди пешини Шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ноҳияи Рашт рӯзи чоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ваъдаи президент дар мавриди расман додани афвнома ба гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов тақрибан як сол мегузарад, вале мақомоти зидахли ҳукумат ҳанӯз ин санадро дар ихтиёри онҳо нагузоштаанд.

Одил Олимов гуфт, вақте президент зимни як сафар ба водии Рашт омад, дар деҳаи Қалъанак дар ҳузури вазирон ва дар пеши мардуми ин минтақа дасти Мирзохӯҷаро гирифт ва бо садои баланд таъкид кард, ки ҳама ихтилофу кудурат гузашт ва ҳамакнун вақти ҳамкорию мусолимат аст. Президент расман гуфт, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов ва 28 нафар аз ҳамроҳони ӯ афв шудаанд ва санадҳои лозима ба онҳо дода шавад.

Ба қавли Одил Олимов, вале Мирзохӯҷа Аҳмадов тақрибан чаҳор маротиба ба Душанбе омад, аммо ҳеҷ санади афвро ба дасти ӯ надоданд ва сабабашро ҳам нагуфтаанд.

Одил Олимов меафзояд, ки онҳо аз надоштани санади афв нигаронанд, ки боз мақомоти бо ҳар баҳонае метавонад таъқибашон кунанд. Зеро пас аз имзои созишномаи сулҳ, чандин маротиба размандагони собиқ Иттиҳоди мухолифони тоҷик афв карда шуданд, аммо бо ҳар баҳонае таъқиб ва ба маҳкама кашида шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир ду нафар аз онҳо бо роҳи пинҳонӣ ба Русия ба мардикорӣ рафтаанд. Ҳоло ҳам Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳам афроди дигари ӯ ба зиндагии мулкӣ ва хусусан дар ин рӯзҳои баҳорӣ, ба кишти замин машғуланд.

Сафари якрӯзаи раиси ҷумҳури Тоҷикстон Эмомалӣ Раҳмон ба Рашт дар моҳи августи соли 2011 дар пайи нооромиҳои шарқи Тоҷикистон сурат гирифта буд.

Мақомоти амниятиву низомии Тоҷикистон тайи қариб 8 моҳ дар водии Рашт саргарми амалиёти густарда алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ буданд, ки бо кушта шудани Алии Бедакӣ дар моҳи январ ва қатли Мулло Абдуллоҳ дар моҳи апрели соли 2011 хотима ёфт.

Душанбе ба хотири рафъи хатари ин гурӯҳҳо маҷбур шуд, бо фармондеҳони собиқи мухолифин дар минтақа Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов вориди муомила шуда, ҳатто Искандаровро муовини раиси идораи умури дохилаи водии Рашт таъйин намояд. Вале Мирзохуҷа Аҳмадов мегӯяд, ки дар ягон сохтори қудратӣ кор намекунад.
XS
SM
MD
LG