Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти таъқиби афроди Мирзохӯҷа Аҳмадов


Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини мухолифин дар шарқи Тоҷикистон.
Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини мухолифин дар шарқи Тоҷикистон.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон боздошти аъзои гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов дар минтақаи Раштро таъйид карданд.


Як раҳбари пулиси минтақа ба Озодӣ гуфт, боздошти онҳо қонунӣ буд: «Ҳар чӣ дар бораи онҳо мегӯянд, дурӯғ аст. Мо танҳо онҳоеро боздошт мекунем, ки хилофи қонун кор кардаанд. Мо фақат ҳамонҳоро дастгир кардаем.»

Қаблан Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии Тоҷикистон аз боздошти аъзои гурӯҳаш изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки тайи чанд моҳи ахир 5 тан аз афроди ӯ боздошт шудаанд. Ахиран Раҳматулло Мӯъминов ва Абдуҳомид Шоҳиҷангов, ҳарду сокини Рашт боздошт шуда, ба Душанбе интиқол ёфтаанд. Се моҳ пеш Қамариддин Ҳакимов, узви дигари гурӯҳи 28 – нафараи Аҳмадовро додгоҳ ба муддати 25 сол ва аз ин пештар ду нафари дигар - Хайриддин Азизов ва Сулаймон Маҳмадоновро ба 11 ва 18 сол аз озодӣ маҳрум карданд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00
Линки мустақим



Ба гуфтаи Мирзохӯҷа Аҳмадов, ҳафтаи гузашта Ҷамолиддин Содиқов, узви дигари гурӯҳаш аз омадани кормандони ОМОН ва кумитаи амният ба манзилаш огоҳ шуда, фирор кард ва ҳоло маълум нест, ки дар куҷо ба сар мебарад. Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯяд, ҳамаи онҳо асосан бо ҷароиме равонаи зиндон шудаанд, ки солҳои 90 – ум содир карда, аммо авф шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар мақомоти амниятӣ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, ба Озодӣ гуфт, ҳамаи онҳо бо ҷиноятҳое маҳкум шуданд, ки тайи як соли ахир содир кардаанд. Ба қавли ӯ, Раҳматулло Мӯъминови 43 – сола, сокини Раштро дар масҷид бо таппонча боздошт карданд ва фардои ҳамон рӯз аз хонааш теъдоди бузурги автомату норинҷак, тир ва маводи мухаддир мусодира шуд. Вай афзуд, як узви дигари гурӯҳи Аҳмадов ба таҷовузи духтари ноболиғ муттаҳам мешавад. Ин манбаъ гуфт, амалиёт алайҳи нафарони гурӯҳи Аҳмадов дар ҳамдастӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ роҳандозӣ шуда, боздоштшудагон дар СИЗО – и пойтахт нигоҳдорӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Шаҳбоз, ки худро узви гурӯҳи Мизохӯҷа Аҳмадов муаррифӣ кард, гуфт, ҳоло ҳамаи аъзои гурӯҳи Аҳмадов дар хонаҳои худ зиндагӣ накарда, пинҳон мегарданд. Вай афзуд, ҳамаи ҷиноятҳое, ки алайҳи шариконашон эълон шуданд, сохтакорона буданд. Вай дар мисоли боздошти Раҳматулло Муъминов гуфт: «Чаро вақте ӯро боздошт карданд, чизе набуд, аммо чун Душанбе бурданд, пагоҳ омада аз хонаи ҳамсояаш силоҳу муҳимот пайдо карданд? Чаро якбора ин силоҳу муҳимотро ҳамроҳ гирифта нарафтанд? Ӯ танҳо як яктаҳ дошту шалвари хобравӣ, ки ҷои пистолетмонӣ надошт. Ҳама қишлоқ баёнот доданд, ки ӯ бо худ силоҳ надошт. Аммо пас аз ин таппонча гум шуду ба ҷояш автомату норинҷаку дигар чиҳоро нишон доданд, аммо таппонча аз чӣ бошад, ки набуд».

Аъзои гурӯҳи Аҳмадов мегӯянд, ҳамаи боздоштшудагон дар амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи Аловуддин Давлатов ва Мулло Абдулло бо мақомоти ҳукуматӣ ҳамкорӣ ва кӯмак карда буданд.

Ба қавли онҳо, соли 2011 президент ба водии Рашт омад ва дар деҳаи Қалъанак дар ҳузури вазирон ва мардуми дасти ӯро гирифта, гуфт, ки ӯ ва 28 ҳамроҳаш афв шудаанд. Ба қавли онҳо, пас аз ин Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба Душанбе даъват карда, раҳбарии як гурӯҳи зудамали вазорати дифои Тоҷикистонро дар ихтиёраш гузоштанд, аммо аъзои ин гурӯҳ, онҳое, ки узви гурӯҳи ӯ буданду ҳастанд, таҳти таъқиби мақомот қарор гирифтанд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, ҳамчунин гурӯҳ дар ин ниҳод вуҷуд надорад, аммо раёсати қушунҳои зудамал вуҷуд дорад, ки ҳайати раҳбариаш бояд хатмкардаи академия ва таҷрибадор бошад: «Агар дар ягон ҷузъу томи ин раёсат бошад, шояд, аммо ба ҳар сурат, мувофиқи низомнома оиди тартиби адои хизмати ҳарбӣ аслан шаҳрванд бояд ариза нависад ва мутобиқи талабот, аз ҷумла синну сол ва таҷриба ба кор даъват карда мешавад.»

Дар ҳамин ҳол, Одил Олимов, собиқ муовини Мирзохӯҷа Аҳмадов бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, ки ҳар ҳафта як нафари гурӯҳи Мирзохӯҷаро «шикор» мекунанд. Вай мегӯяд, аз ҳисоби боздошти собиқ размандаҳои гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки ҳамаашон дар системаи корҳои дохилӣ фаъолият кардаанд ва дар амалиёти алайҳи гурӯҳҳои Мулло Абдулло ширкат намуданд, даҳҳо милисаҳои қатории Вазорати корҳои дохилӣ, соҳиби рутбаҳои баланди низомӣ шудаанд.

Одил Олимов бо таъкиди инки аз ин таъқибҳо ҳаста шудаанд, афзуд: «Вақте ки бачаҳоро боздошт мекунанд, дар боздоштгоҳ бо латту кӯбу шиканҷа маҷбур мекунанд, ки иқрор кунад, ки силоҳ дорад ва бо ин роҳ парванда боз мекунанду аз ҳисоби бадбахтии як нафар соҳиби рутбаву обрӯ мешаванд.»

Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз собиқ фармондеҳони ИНОТ аст, ки чанд сол ба ин сӯ дар меҳвари таҳаввулоти Тоҷикистон қарор дорад. Ҳангоми амалиёт алайҳи нерӯҳои мусаллаҳ дар водии Рашт, ки аз моҳи августи соли 2010 то моҳи майи соли 2011 идома кард, боре алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ сангар гирифт, аммо чанде пас бо онҳо пайваст.

Моҳи сентябри соли 2010 баробари шурӯъи амалиёти густарда дар шарқи Тоҷикистон, мақомот Мирзохӯҷа Аҳмадовро дар пинҳон кардани Мулло Абдуллоҳ, раҳбари гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ҳамлаи 19-уми сентябр ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ, ки 28 афсару сарбозро кушта ба ҷой гузошт ва таъсиси макотиби террористӣ барои наврасон, айбдор карда буданд.

Аммо баъд аз як гуфтушунид бо мақомоти давлатӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов мақомотро мӯътақид кард, ки дар ин ҷароим даст надорад ва барои муқобила бо гурӯҳҳои Аловуддин Давлатов, муллақаб ба Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло кумак мерасонад.Тавре Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯяд, гурӯҳи 28- нафараи вай дар амалиёти зидди Мулло Абдуллоҳ ширкати фаъол доштааст.
XS
SM
MD
LG