Пайвандҳои дастрасӣ

Баргаштан ё барнагаштан? Раддияи Мирзохӯҷа Аҳмадов


Мирзохӯҷа Аҳмадов (Акс аз "Азия-Плюс")

Мирзохӯҷа Аҳмадов (Акс аз "Азия-Плюс")

Фармондеҳи пешини мухолифони тоҷик, Мирзохӯҷа Аҳмадов, мегӯяд, хабари бозгашти ӯ ба ВКД асос надорад.

Сардори собиқи шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар ноҳияи Рашт ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ҳеҷ кас ӯро барои кор дар ниҳодҳои ин вазорат даъват накардааст. Вай гуфтааст: “Ба ғайр аз ин ягон хабарнигор аз ман напурсидааст, ки оё хоҳиши кор дар ниҳодҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дорам ва ё синнусоли ман ба ин имкон медиҳад ё не.”

Изҳороти ҷаноби Аҳмадов дар ҳоле садо медиҳад, ки як рӯз пеш Олим Одилов, яке аз афроди наздики Мирзохӯҷа Аҳмадов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мавриди бозгашти Аҳмадов ва шариконаш ба сари кор бо масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мувофақа ҳосил шуда ва дар ҳоли ҳозир Аҳмадов ва 10 нафари дигар аз ҳамроҳонаш мунтазири эълони фармони таъйиноти худанд.
Ҷаноби Одилов афзуд, даъвати гурӯҳи Аҳмадов барои кор дар Раёсати минтақаии Вазорати умури дохилӣ дар минтақаи Рашт дар натиҷаи мулоқот бо масъулони ин вазорат ва собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ҳосил шудааст.

Дар навори забтшудаи сӯҳбат ҷаноби Одилов мегӯяд, бар пояи муқаррароти ҷорӣ онҳо аз муоинаи тиббӣ гузашта, аснод ва мадраки лозим барои кор дар ниҳодро дар ихтиёри мақомот гузоштаанд: "Даъват карданд ва фармуданд аризаҳоро навиштем. Фармонҳоро интизорем. Аз муоинаи тиббӣ ҳам гузаштем. Даҳ нафар ариза додаем."



Ба таъйиди манобеи ВУД дар сурати ошкор нашудани кадом ҷурм ва камбуд ин афрод барои кор дар раёсати мазкур ҷалб хоҳанд шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба таври ғайримустақим дар қатли Олег Захарченко, сардори Раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилӣ дар феврали соли 2008 гунаҳкор хонда ва пас аз чанде шӯъбаи ҳамноми ин вазорат дар зери назорати ӯ дар ноҳияи Раштро пароканда карданд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ҳодисаи ҳамла ба корвони вазорати дифоъ дар тирамоҳи соли гузашта ибтидо аз Аҳмадов гумонбар шуданд ва дар ҷараёни амалиёте дар минтақа манзили зисти ӯ тавассути чархбол ба оташ кашида шуд.

Вале дертар масъулон бо ӯ вориди музокира шуданд ва натиҷаи ин музокирот чунин шуд, ки Аҳмадов ва ҳамроҳонаш дар боздошт ва маҳви Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло- роҳбарони гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ бо мақомот ҳамкорӣ кардаанд.
Дар бораи вазъии феълӣ дар Рашт, ҷаноби Аҳмадов ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, “вазъ мӯътадир аст ва мардум ба кори ҳаррӯзаи худ машғуланд.” Вай афзудааст, “ман бо корҳои хоҷагии фермерии худ машғулам.”

Маълум нест, раддияи фармондеҳи пешини Иттиҳоди мухолифони тоҷик, Мирзохӯҷа Аҳмадов, дар бораи эҳтимоли бозгашташ ба ниҳодҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба эҳтиёткорӣ марбут аст ё бо дархости масъулони вазорат сар задааст, аммо ҳамазмон Аҳмадов тасдиқ кардааст, ки чанде аз ҷавонони атрофаш барои кор дар Раёсати минтақаии Вазорати умури дохилӣ дар минтақаи Рашт ариза додаанд.

Ин дар ҳолест, ки сарҳанг Шоҳ Искандаров, аз фармондеҳони собиқи мухолифон дар водии Рашт, муовини сардори ин Раёсати минтақаӣ таъйин шудааст.

Ҷаноби Искандаров дар радифи Мирзохӯҷа Аҳмадов дар ҷараёни нооромиҳои ахири водии Рашт аз ҷониби давлат пуштибонӣ карда, ба далели саҳмаш дар саркӯбии гурӯҳҳои мусаллаҳи Алии Бедакӣ (Аловиддин Давлатов) ва Мулло Абдулло (Абдуллоҳ Раҳимов) ба ин мақоми баланд таъйин шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG