Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифони тоҷик ва собиқ сардори шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилонаи ВУД дубора барои кор дар умури дохила дар ин минтақа даъват шудааст.

Як манбаи наздик ба Мирзохӯҷа Аҳмадов гуфт, ки дар ин замина миёни онҳо ва масъулони ВУД мувофақа ҳосил шудааст ва дар ҳоли ҳозир Аҳмадов ва 10 нафари дигар аз ҳамроҳонаш мунтазири эълони фармони таъйиноти худанд.

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба таври рӯшан дар мавриди даъвати дубораи Мирзохӯҷа Аҳмадов ва даҳ тани дигар аз ҳамроҳони ӯ барои кор дар ҳайъати Раёсати тозатаъсиси умури дохилӣ дар минтақаи Рашт чизе намегӯянд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Вале Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВУД таъйид кард, ки ҳайъати кории Раёсати навтаъсиси умури дохила дар минтақаи Рашт дар ҳоли ташкилёбист ва афроди зиёде ба манзури кор дар ин идора ариза пешниҳод кардаанд: "Раёсати корҳои дохилии минтақаи Рашт раёсати навтаъсис мебошад. Дар ҳоли ҳозир штатҳои кории ӯ тақрибан бо кормандон пур карда шудааст. Албатта, аризаҳои зиёде аз афроди хоҳишманд ворид шудаанд. Пас аз баррасии ин аризаҳо афроди лаёқатманд ба вазифаҳои холишуда ҷалб карда мешаванд. Қаблан дар ин раёсат Шоҳ Искандаров ба ҳайси муовини аввали сардори Раёсати корҳои дохилии минтақа ҷалб карда шуда буд."

"ФАРМОНҲОРО ИНТИЗОРЕМ"


Аммо Олим Одилов, яке аз афроди наздики Мирзохӯҷа Аҳмадов ба "Озодӣ" гуфт, даъвати гурӯҳи Аҳмадов барои кор дар Раёсати минтақаии вазорати умури дохилӣ дар минтақаи Рашт дар натиҷаи мулоқот бо масъулони ин вазорат ва собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ҳосил шудааст.




Ҷаноби Одилов гуфт, шурӯъ аз замони таъсиси Ситоди сайёри ВУД дар ноҳияи Рашт алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар ин минтақа дар тирамоҳи соли гузашта онҳо ба мақомоти қудратии Тоҷикистон барои боздошт ва хунсо кардани ин гурӯҳҳо кӯмак кардаанд.

Вай афзуд бар пояи муқаррароти ҷорӣ онҳо аз муоинаи тиббӣ гузашта аснод ва мадраки лозим барои кор дар ниҳодро дар ихтиёри мақомот гузоштаанд: "Даъват карданд ва фармуданд аризаҳоро навиштем. Фармонҳоро интизорем. Аз муоинаи тиббӣ ҳам гузаштем. Даҳ нафар ариза додаем."

МИРЗОХӮҶА ВА ҚАТЛИ ЗАХАРЧЕНКО


Ба таъйиди манобеи ВУД дар сурати ошкор нашудани кадом ҷурм ва камбуд ин афрод барои кор дар раёсати мазкур ҷалб хоҳанд шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба таври ғайримустақим дар қатли Олег Захарченко, сардори Раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилӣ дар феврали соли 2008 муқассир хонда ва пас аз чанде шӯъбаи ҳамноми ин вазорат дар зери назорати ӯ дар ноҳияи Раштро пароканда карданд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ҳодисаи ҳамла ба корвони вазорати дифоъ дар тирамоҳи соли гузашта ибтидо аз Аҳмадов гумонбар шуданд ва дар ҷараёни амалиёте дар минтақа манзили зисти ӯ тавассути чархбол ба оташ кашида шуд.

Вале дертар масъулин бо ӯ вориди музокира шуданд ва натиҷаи ин музокирот чунин шуд, ки Аҳмадов ва ҳамроҳонаш дар боздошт ва маҳви Алии Бедакӣ ва МуллоАбдулло- роҳбарони гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ бо мақомот ҳамкорӣ кардаанд.

БОЗДОШТИ ПИСАРИ МУЛЛО АМРИДДИН

Ҷалби фармондеҳони пешини мухолифин ба сафи ниҳодҳои интизомӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки хабаргузориҳо аз боздошти Муқим Амриддинович Табарови 38-сола фарзанди МуллоАмриддин яке аз роҳбарони эҳтимолии ҷамоати "Ансоруллоҳ" - қаноти тоҷикии Ҳаракати исломии Узбакистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳанд. Мақомот аз тафсилоти ин боздошт ва иттиҳоми ин нафар маълумот намедиҳанд, вале коршиносон ҳадс мезананд, ки ҳадаф пайдо кардани маълумот дар бораи худи МуллоАмриддин аст.

Бо ин ҳол коршиносон мегӯянд ҳадафи ҷалби дубораи мухолифини пешин ба умури дохилаи минтақа норӯшан боқӣ мондааст.

Гурӯҳи пажӯҳиши бӯҳронҳо дар як гузорише, ки ҳафтаи равон ба табъ расонд, бо ишора ба нооромиҳои соли гузашта дар водии Рашт навиштааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳамоно бо таҳдидҳои ошӯбгарони дохиливу хориҷӣ мувоҷеҳ буда, барои хунсо намудани як гурӯҳи 30-нафараи ошӯбгарон ба созиш бо мухолифонаш маҷбур шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG