Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

5 голи Рустами Эмомалӣ


Акс аз сомонаи Федеросиюни футболи Тоҷикистон

Акс аз сомонаи Федеросиюни футболи Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии мубориза бо фасод ва раҳбари Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар як мусобиқаи мини-футбол ба дарвозаи рақибаш 5 гол задааст.

ФФТ-1 - дастаи аввали Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар бозии аввалаш барои Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе тими шабакаи телевизионии “Варзиш”-ро бо ҳисоби бузурги 10:2 шикаст дод. Фаридун Солиев, сухангӯи Федеросиюни футболи Тоҷикистон, рӯзи 10 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бозӣ, ки рӯзи 9 август дар майдонҳои сабзааш сунъии назди варзишгоҳи марказии Душанбе доир шуд, 5 голро ба дарвозаи рақиб Рустами Эмомалӣ, раиси Федеросиюни футбол задааст.

Яке аз бозигарони дастаи “Варзиш” бидуни бурдани ном ба Озодӣ гуфт, “албатта, дар муқобили Рустами Эмомалӣ ҳайати мо бо эҳтиёт бозӣ кард, вале ӯ хеле маҳорати хуб нишон дод. Ин хел нашудааст, ки мо махсус ба писари президент гол сар дода бошем. Ҳамааш голҳои ҳалол буд.”

Фаридун Солиев гуфт, албатта, тими “Варзиш” бори аввал дар ин мусобиқот ҳунарнамоӣ мекунад, вале “мухлисон худашон шоҳид буданд ва ҳунарнамоии Рустами Эмомалиро диданд. Ҳамдастаҳояш ӯро бо партофтҳои хуб таъмин карданд, ӯ аз стандарт ҳам гол зад ва дар натиҷа ба пента-трик ноил шуд. ”

Як бозигари дигари дастаи “Варзиш” гуфт, бино ба бардошти вай, Рустами Эмомалӣ дар майдон хеле заминӣ будааст: “Пеш аз бозӣ гуфтанд, ки соли гузашта дар ҳамин мусобиқа осеб бардоштааст ва бояд эҳтиёт кунем. Аммо ба ҳар ҳол, мо бидуни нигоҳ ба мақоми ӯ бозӣ кардем ва бачаҳои мо ду бор бо ӯ бархӯрд карданд. Бад бозӣ намекунад ва дар рафти як хислати хуб доштааст, ки бо вуҷуди мақоми баландаш ӯро ҳамчун футболбоз барҷаста мекунад. Рустам тӯбро гирифтан замон ба дигарон пас мекунад, мумсикӣ ё худхоҳӣ надорад. Хеле бачаи ором буд. ҳарчанд мегӯянд, ки дар кор сахтгир аст, вале дар майдон мусбат буд.”

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод, аз соли 2012 дар асоси ҷамъиятӣ раҳбарии Федеросиюни футболи Тоҷикистонро ҳам бар ӯҳда дорад.

Фаридун Солиев гуфт, Рустами Эмомалӣ ду дафъа дар ин мусобиқаи мини-футбол аз номи Федеросиюни футбол иштирок дошт, вале соли гузашта аз тарафи Оҷонсии мубориза бо фасод, ки раҳбарӣ мекунад, ширкат дошт: "Имсол ӯ тасмим гирифт, ки ҳамчун раиси Федеросиюни футбол аз дастаи мо ҳунарнамоӣ кунад."

Тими мини-футболи ФФТ-1 дар Ҷоми “Истиқлол”, ки ҷоизааш 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дар гурӯҳи D ҳунарнамоӣ мекунад. Дар бозии дувуми ин гурӯҳ тими Бонки миллӣ дастаи Донишгоҳи миллиро бо натиҷаи 4:2 шикаст додааст.

Дар гурӯҳи B дастаи додгоҳи ноҳияи Сино бар тими Донишкандаи молиявиву иқтисодӣ бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуда, бозии дастаҳои “Дилкаш” ва “Дӯстӣ” бо натиҷаи 2:2 мусовӣ анҷом ёфтааст. Дастаи “Фурудгоҳ” тими Кумитаи варзишро бо ҳисоби 5:2 шикаст додааст.

Даври дувуми бозиҳо рӯзҳои 13-14 август барпо мешаванд.

Барои Ҷоми “Истиқлол” ҳамчунин дастаҳои “Газпром”, “Динамо”, “Формула успеха”, “Ориёнбонк”, ФФТ-2, “Қазкомбанк”, “Истиқлол”, Tcell ва хадамоти гумрук мубориза мебаранд.

Рустами Эмомалӣ 29 сол дошта, баъди 5 соли кор дар Хадамоти гумрук ва расидан ба мақоми муовини аввали раиси ин идора, дар моҳи марти соли 2015 раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасод таъин шуд.

Ӯ ба бозии футбол алоқаи хос дошта, дар саргаҳи таъсиси тими “Истиқлол”-и Душанбе – қаҳрамони кунунии футболи Тоҷикистон меистад. Рустами Эмомалӣ дар солҳои аввали ҳунарнамоии “Истиқлол” худаш ҳам дар ҳайъати он дар хатти ҳуҷум бозӣ мекард, вале баъди интисобаш ба мақоми расмӣ аз идомаи ҳунарнамоии фаъолона дар майдон худдорӣ кард.

Рустами Эмомалӣ дар соли 2012 ба ҷои генерал Сӯҳроб Қосимов раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар январи соли ҷорӣ дар анҷумани Федеросиюни футбол боз барои 4 соли дигар мақоми раҳбари аввали футболи тоҷикро барои худ ҳифз кард.

Рустами Эмомалиро аз ворисони эҳтимолии курсии раёсати падари 64-солааш Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992, инак 24 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, мешуморанд.

Рӯзи 22 майи соли равон дар як раъйпурсии саросарӣ маҷмӯаи тағйирот ба Қонуни асосии Тоҷикистон тасвиб шуд, ки аз ҷумла синни ҳадди ақали номзадӣ барои мақоми президентиро аз 35 то 30 пойин овард. Нозирони умур мегӯянд, як ҳадафи аслии ин тағйирот боз кардани роҳи Рустами Эмомалӣ барои курсии президентии падари ӯст.

Соли 2020, ки интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад, Рустами Эмомалӣ ба синни 32 мерасад ва бар асоси тағйироти воридшуда ба Қонуни Асосӣ, дигар ҳаққи пешбарии номзадиашро ба мақоми раҳбари аввал хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG