Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Ба ислоҳот дар Шӯравии собиқ умеде нест”


Акси президентҳои СНГ аз соли 2006. Худ биёбед, ки чанд нафари онҳо дар ин муддат иваз шуд?

Акси президентҳои СНГ аз соли 2006. Худ биёбед, ки чанд нафари онҳо дар ин муддат иваз шуд?

Светлана Алексиевич, адиби маъруфи беларус, гуфт, имкони аз чанги низомҳои худкома раҳидани Беларусу Русия ва кишварҳои дигари Шӯравии собиқ дар ояндаи наздикро хеле ночиз мешуморад. Вале ӯ аз тарафдорони ислоҳот даъват кард, ки ба муқовимат идома диҳанд.

Светлана Алексиевич, адиби маъруфи беларус ва барандаи ҷоизаи Нобели соли 2015 дар риштаи адабиёт мегӯяд, умедаш ба тағйир ёфтани режимҳои худкомаи ҳоким дар Беларусу Русия ва кишварҳои дигари Шӯравии собиқ рӯзторӯз камтару камтар мешавад.

Светлана Алексиевич, ки ба манзури муаррифии китоби наваш – “Время сэконд хэнда” (“Айёми молҳои дасти ду”) дар Амрико қарор дорад, рӯзи 17 июн дар як нишаст дар National Endowment for Democracy, як созмони таҳқиқотии амрикоӣ гуфт, он намояндагони насли ӯ, ки ба ояндаи демократии кишварҳои пасошӯравӣ умед доштанд, дар солҳои 90 шикаст хӯрданд ва натавонистанд аз зуҳур ва нуфузи афзояндаи раҳбарони зӯргӯи рӯҳияаашон Шӯравӣ пешгирӣ кунанд. Адиби беларус афзуд, “он ғояти боварӣ, ки мардум дар солҳои 90 дошт, ва он дурахши чашмонро, ман фикр намекунам, ки ба ин зудӣ дар тарафҳои мо дигарбора бубинем.”

Светлана Алексиевич

Светлана Алексиевич

Алексиевич, ки 68 сол дошта, ба забони русӣ менависад ва китобҳои мустанадаш дар бораи фоҷиаи Чернобил, солҳои ҷанги дувуми ҷаҳон ва ҷанги Афғонистон барояш шӯҳрати ҷаҳонӣ овард, аз мунтақидони сарсахти ҳокимони вақти Беларусу Русия Аляксандр Лукашенка ва Владимир Путин ба шумор меравад. Охирин китоби ӯ – “Айёми молҳои дасти ду” – дар бораи менталитети Шӯравист, ки бо гузашти чоряк аср аз замони суқути он империяи як замон бузург ҳамчунон дар зеҳни миллион боқӣ мондааст.

Алексиевич гуфт, як намунаи барҷастаи менталитети Шӯравӣ Путин аст, ки барои таҳкими қудрати худ аз “хумор”-и мардум ба солҳои Шӯравӣ фаровон истифода мебарад. Суқути Шӯравӣ дар зеҳни миллион нафар ақидаеро талқин кард, ки “гӯё онҳоро фиреб доданду ҳарчӣ доштанд, ба яғмо бурданд ва иҳамин чиз, албатта, як паҳлуи дигари путинизм аст, ки барои ин нирӯи агрессивии дар ҷомиа ҷамъшуда ҷои истифода пайдо кард.” Путин, ба гуфтаи адиб, “ин нирӯи ҷамъшударо ба самти соддае равон кардааст, ки “Мо бузургему онҳо моро бад мебинанд. Мо мисли қалъае ҳастем, ки дар иҳотаи душман қарор дорад.”

Светлана Алексиевич гуфт, ки худро аҳли ҳунар мешуморад, то сиёсатмадор, вале дар сурати зарурат омода ҳаст, ки баробари дигарон ба майдон барояд. Вале ӯ афзуд, “бароям мушкил аст, ки дигаронро низ ба айни амал даъвват кунам. Ман мухлиси иқилобҳо нестам. Инқилоб ба сурати умум хунрезиву куштор аст.”

Китоби нави Алексиевич

Китоби нави Алексиевич

Алексиевич ҳамчунин гуфт, ягон далели барои чунин умед, ки Путин ё Лукашенка дар ояндаи наздик тарки мақом кунанд, намебинанд, вале “ин набояд барои мо сабаб шавад ва мо коре накунем.” Ӯ радубадалаш бо як афсари пулис дар тазоҳуроте дар Беларусро қисса кардааст. Ин афсар гуфтааст, ки “ман китобҳои шуморо хондаам ва 10 дарсад бо шумо розиам. Вале то ҳамоне ки шумор 1000 нафар ба майдон мебароед, ман шуморо пароканда мекунем. Вақте шумо ним миллион ҷамъ шудед, ман ба тарафи шумо мегузарам.”

Рӯзи 17 июн Михаил Ходорковский, яке аз раҳбарони мухолифини Русия низ имкони ба зудӣ в ааз роҳҳои қонунӣ иваз шудани қудрат дар Маскавро иҷроношуданӣ номид ва гуфт, табдили бехуни ҳукумат танҳо замоне метавонад муяссар шавад, ки 30 дарсади аҳолӣ ба пуштибонӣ аз ислоҳот бархезанд. “Дар ин сурат ҳукумат бидуни кадом ҳодисаи фавқулодда иваз мешавад. Агар мардуми камтар ҷамъ шавад, мухолифати давомдор сар хоҳад шуд.”

Бо гузашти 25 сол аз замони суқути Шӯравӣ, аз дасти мардум зада шудани ҳақ ва имкони аз тариқи интихоботҳо иваз кардани ҳукуматҳояшон як мушкили умдаи озодиҳои демократӣ дар аксари кишварҳои Шӯравии собиқ боқӣ мемонад.

Аз 15 кишваре, ки рӯи овори Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтанд, се кишвари соҳили Балтик – Латвия, Литва ва Эстония – алакай ба узвияти ҳам Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам паймони низомии НАТО пайваста, соҳиби низомҳои демократии эътирофшуда гардидаанд. Созмони Freedom House дар гузориши “Индекси озодӣ-2016”-аш ин се кишвари пасошӯравиро “озод” ва Гурҷистон, Украина, Молдова, Қирғизистон ва Арманистонро, ки ба бовари нозирони умур, дар марҳалаи гузариш ба низоми демократӣ қарор доранд ва дар интихоботҳои ин 4 кишвар низ фазои рақобат вуҷуд дорад, “қисман озод” баҳо додааст.

Аммо 7 кишвари дигари бархоста аз баданаи Шӯравии собиқ – Русия, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистон – дар ин арзёбии солона ҳамчун кишварҳои “ноозод” баҳо гирифтаанд. Ва пеш аз ҳама ба далели дар дасти раҳбарони аввал мунсаҷим шудани қудрат дар ин кишварҳо.

Дар Русия қудрат аз соли 2000-ум қудрат дар дастони Владимир Путин қарор дорад. Ба истисное 4 соле, ки раисиҷумҳур расман Дмитрий Медведев ва Путин сарвазир буд, вале ба бовари аксар, аз паси парда кишварро боз ҳам Путин ва командаи ӯ идора мекарданд.

Дар Беларус Аляксандр Лукашенко аз соли 1994, дар Озарбойҷон Илҳом Алиев баъди аз падараш Ҳайдар Алиев “мерос” гирифтани қудрат, аз соли 2003 ба ин тараф ҳукумат меронанд. Дар Туркманистон қудратро ҳамин гуна, баъди даргузашти Сафармурод Ниёзов дар соли 2007 Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба мерос гирифт.

Вале собиқаи аз ҳама тӯлонии раҳбариро дар паҳнои Шӯравии собиқ президентҳои Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон доранд. Нурсултон Назарбоеви 77-сола ва Ислом Каримов, ки имсол ба синни 79 расид, аз соли1989, инак 27 сол боз ҳар кадом ба кишвари худ ҳукумат доранд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 24 сол қабл – дар поёни соли 1992 ба қудрат расид. Ахиран дар Тоҷикистон раъйпурсии саросарие барпо шуд, ки бар асоси натиҷаҳои он, Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи пешбарии бидуни маҳдудияти номзадиаш ба интихоботҳои президентиро ба даст овард. Бар асоси тағйироте, ки ба Қонуни асосии Тоҷикистон ворид шуд, синни ҳадди ақали номзадҳо ба президентӣ низ аз 35 то 30 пойин оварда шуд. Ин ба писари раисиҷумҳури кунунӣ Рустами Эмомалӣ, ки ҳоло 28 сол дорад, имкон медиҳад, дар интихоботи оянда, ки қарор аст, соли 2020 доир шавад, низ номзадиашро бигузорад.

XS
SM
MD
LG