Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон дар баробари ду намояндаи дигари кишвар узви Шӯрои олимпии Осиё интихоб шудааст.

Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон, узви кумитаи Шӯрои олимпии Осиё интихоб шудааст.

Дар ин бора аз номи раиси Шӯрои олимпии Осиё - Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба унвони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон номаи расмӣ омадааст. Дар ин нома гуфта мешавад, ки аъзои нави 15 кумитаи Шӯрои олимпии Осиё барои солҳои 2015-2019 тасдиқ шуданд ва дар баробари Рустами Эмомалӣ Тоҷикстонро боз ду нафари дигар намояндагӣ мекунанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин нома аз ҷумла омадааст, ки дабири кулли ин кумита Баҳрулло Раҷабалиев узви кумитаи молия ва мудири кулли кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллоев узви кумитаи варзиш ва муҳити зисти Шӯрои олимпии Осиё интихоб шудаанд.

Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ дар номаи худ ҳарсе намояндаи Тоҷикистонро, ки ба узвияти кумитаҳои Шӯрои олимпии Осиё пазируфта шудаанд, табрик гуфта, барояшон баҳри рушди минбаъдаи ҳаракати олимпӣ дар қораи Осиё комёбӣ орзу кардааст.

Рустами Эмомалӣ писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон пеш аз он ки дар ниҳодҳои давлатӣ ба кор сар кунад, нерӯяшро дар футбол санҷидааст. Ӯ дар аввал аз бозигарони тими “Истиқлол”-и Душанбе буд ва баъдан дар соли 2012 раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуда, дар ин мақом генерал Сӯҳроб Қосимов, фармондеҳи пешини Фронти халқиро иваз кард.

Рустами Эмомалӣ бори дувум дар моҳи январи соли 2016 дар интихоботи президенти нави Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок карда, раҳбарии ин ниҳоди варзиширо бар дӯш гирифт.

Ин писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳоло раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон низ ҳаст.

Вай 19 декабри соли 1987 таваллуд шуда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Муносибатҳои байнулмилалии иқтисодӣ” хатм кардааст. Рустами Эмомалӣ соли 2013, вақте ҳамагӣ 26 сол дошт, бо дарёфти унвони генералӣ раиси Хадамоти гумрук таъин шуд. Аз ин пеш муддате вакили маҷлиси қонунгузори шаҳри Душанбе ва муовини раиси Созмони ҷавонон буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG