Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли барқ ба Қирғизистону Афғонистон ва камбуди мавсимии барқ


Ширкати «Барқи тоҷик» изҳори омодагӣ кард, ки дар фасли гармо ба Қирғизистон 600 миллион киловатт/соат нерӯи барқ диҳад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, содир кардани ин нерӯ ба кишвари ҳамсоя ба сатҳи таъминоти аҳолии кишвар бо барқ таъсир нахоҳад дошт, зеро нерӯгоҳҳои Тоҷикистон дар фасли тобистон нерӯи зиёди изофӣ тавлид мекунанд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» дар ин робита гуфт: «Бо сабаби он, ки Қирғизистон қариб тамоми оби обанбори нерӯгоҳи Тоқтагулашро тамом кард, тасмим гирифтанд, ки аз Тоҷикистон аз моҳи май то моҳи сентябр барқ харидорӣ кунад. Тақрибан дар ҳаҷми 600 миллион киловатт /соат».

Ҷаноби Ёдгорӣ афзуд, ки ҳанӯз дар мавриди нархи барқе, ки ба Қирғизистон фурӯхта мешавад, созиш ба даст наомада, гуфтушунид дар ин бобат идома дорад.

Аммо намояндагони ширкати «Электрические стансии» -и Қирғизистон гуфтаанд, ки дар ҷараёни музокирот бо мақомоти ширкати «Барқи тоҷик» ба онҳо муяссар шудааст, ки нархи ҳар киловатт/соат нерӯи барқро аз 2,5 сент то ба 2 сент поин баранд. Аммо масъулони ширкати «Барқи тоҷик» ин нуктаро тасдиқ накардаанд.
Додуситади байни Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоле сурат мегирад, ин ду кишвар шомили лоиҳаи интиқоли барқ ба кишварҳои Осиёи ҷануби Афғонитону Покистон CASA-1000 ҳастанд. Тибқи тарҳи CASA-1000 ду ҳамсоякишвар дар якҷоягӣ бояд ба Покистону Афғонистон дар фасли тобистон 5 миллирад киловатт/соат нерӯи барқ фурӯшанд. Аз ин миқдор нерӯ наздик ба 3 миллиард киловатт/соатро бояд Тоҷикистон ва 2 миллиарди онро Қирғизистон содир кунад.

Аммо ҳоло ошкор мешавад, ки Қирғизистон дар фасли тобистон низ худ ба камбуди нерӯи барқ рӯбарӯст. Пас чӣ гуна метавонад, тариқи хатти CASA-1000 ба Афғонистону Покистон барқ фурӯшад? Оё камбуди барқ дар Қирғизистон иҷроиши тарҳи CASA-1000- ро зери суол нахоҳад гузошт?
Пулод Муҳиддинов
Пулод Муҳиддинов
Пӯлод Муҳиддинов, муовини вазири энергетика ва заҳираҳои оби Тоҷикистон дар посух ба ин суоли «Озодӣ» гуфт: «Гап дар он аст, ки дар шаш ва ё ҳафт сол давра ба давра як сол камобӣ мушоҳида мешавад. Боз панҷ шаш соли дигар серобӣ мешавад. Ҳоло мувофиқи маълумотҳои обуҳавосанҷони Қирғизистон дар ин кишвар камобӣ зуҳур мекунад. Дигар солҳо боз серобӣ мешавад ва нерӯи барқи изофӣ дар ин кишвар пайдо мешавад».

Ҷаноби Муҳиддинов афзуд, ин мавридҳои давраӣ ба иҷрои тарҳи CASA-1000 халал намерасонад.

Ба қавли расонаҳои ҳамагонии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистон дар гуфтушуниди ахир ба он таъкид кардааст, худ барқро аз нерӯгоҳои «Сангтуда-1» ва «Сангтуда-2» бо нархи гарон мехарад, зеро ин нерӯгоҳҳо ба кишварҳои хориҷӣ таалуқ доранд. Бо такя ба ин даллел мақомдорони ширкати «Барқи тоҷик» гуфтаанд, ки наметавонанд нерӯи барқро ба Қирғизистон арзон фурӯшанд.
Пас аз амалкарди якҷонибаи Узбакистон ҷиҳати аз шабакаи ягонаи хутути интиқоли барқи Осиё Миёна хориҷ кардани Тоҷикистон, кишвар ҳамасола оби зиёдеро аз обанборҳои нерӯгоҳҳояш бидуни истеҳсоли барқ партоб мекунад.
Ахиран Усмоналӣ Усмонов, вазири энергетика ва захоири об гуфта буд, Тоҷикистон аз фурӯши барқи зиёдатиаш дар фасли тобистон ба кишварҳои ҳамсоя тариқи хати CASA-1000 умеди зиёд дорад. Чунки Тоҷикистон танҳо дар соли 2013 аз обанборҳояш ба миқдори 4 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ обро бидуни фоида сар додааст ва арсаи энержии кишвар аз набуди бозори фурӯши барқ тақрибан 120 миллион доллар зарар мебинад.

Ҳоло ширкати «Барқи тоҷик» ба Қирғизистон дар як шабонарӯз то 2 миллион ва ба Афғонистон то ба 4 миллион киловатт/соат нерӯи барқ мефурӯшад.
XS
SM
MD
LG