Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Барқи Тоҷик": Лимити барқ 13 соат шуд. "Барқ Нест": На дар ҳамаҷо


Мақомоти ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯянд, лимити барқ дар Тоҷикистон пурра бекор нашудааст, вале хеле сабуктар шудааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи Тоҷик” рӯзи 10 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, се рӯз боз додани барқ ба манотиқе ки тӯли фасли сармо таҳти лимит қарор доштанд, бештар шудааст. Ба гуфтаи Ёдгорӣ, ҳоло нирӯи барқ ба аҳолӣ аз соати 5 то 11-и субҳ ва аз соати 17 то 24-и шаб барқ мегиранд., яъне дар маҷмӯъ 3 соат дар шабонарӯз.

Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт, ширктаи “Барқи Тоҷик” ҳатто мехост лимити барқро пурра барҳам диҳад, вале пешбиниҳои обуҳавошиносон, ки мегӯянд, ҳаво дар Тоҷикистон дигарбора сард хоҳад шуд, ин нақшаро ба ақиб андохт. Ба гуфтаи ӯ, пешбиниҳои обуҳавошиносон ҳокист, ки дараҷи гармӣ дар моҳи апрели соли равон назар ба ҳарорати миёнаи ҳаво дар ин моҳи сол дар Тоҷикистон 2-3 дараҷа сардтар аст ва ба ин далел “пиряхҳо ба кундӣ об шуда истодаанд ва ҳаҷми обе ки барои тавлиди барқ дар дарёи Вахш истифода мешавад, назар ба обе ки ба обанборҳои нирӯгоҳҳо мерезад, ҳамоно бештар аст.”

Дар посух ба суоли Озодӣ, ки пас лимити барқ кай бардошта хоҳад шуд, Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт, “ин ба обу ҳаво вобаста аст. Ҳар қадар зудтар гарм шавад, ҳамон қадар зудтар лимити барқ бардошта мешавад. Вале дигар ҳаво рӯ ба гармист ва дар ҳар сурат, дигар мисли зимистон нахоҳад шуд.”

"Дар ҳар сурат, як ками дигараш монд,” – таскин дод сухангӯи “Барқи Тоҷик” мардумро.

Гуфта мешавад, ҳавошиносон барои рӯзҳои наздик нисбатан сард шудани ҳаворо дар саросари Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд. Ба навиштаи хабаргузории “Ховар”, рӯзҳои 11-13 апрел ҳарорарти ҳаво то ҳадди 11-13 дараҷа гармӣ пойин хоҳад фаромад, ки барои ин фасли сол дар Тоҷикистон ҳавои нисбатан сард маҳсуб мешавад.

Таърихчаи лимит
Соли гузашта лимити барқ дар Тоҷикистон бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз рӯзи 7 март, дар арафаи иди модарон барҳам дода шуд. Вале мунтақидон ҳамон вақт ҳам мегуфтанд, ки ин як гашти пешазинтихоботист, зерои Раҳмон дар моҳи ноябри соли 2013 интихоботи раёсатҷумҳурӣ дорад ва соли дигар мардуми Тоҷикистон чунин "тӯҳфа"-ро нахоҳанд дид. Имсол "Барқи Тоҷик" дар моҳи март лимитро танҳо "муваққатан" барои чанд рӯз бардошт ва баъди иди Наврӯз дар кишвар таъмини барқ ба ҳадде шадид шуд, ки ба гуфтаи сокинон, ҳатто дар фасли зимистон ба чунин дараҷа нашуда буд.

Тоҷикистон дар ҳар фасли сармо ба лимити шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ мешавад. Дар аксари манотиқ, ба истиснои пойтахт, шаҳри Душанбе ва чанд шаҳри муҳими саноатӣ, аз моҳи октябр то апрелу май дар шабонарӯз ба мардум ҳамагӣ 4 ило 5 соат барқ медиҳанд. Дар оғози баҳор ин лимит ба далели кам шудани оби обанборҳои нирӯгоҳҳо боз ҳам шадидтар шуда, то ҳадди як ило ду соат дар шабонарӯз мерасад. Бархе ҳатто шикоят мекунанд, ки тайи чандин рӯз ягон дақиқа барқ намегиранд.

Изҳороти “Барқи Тоҷик” дар бораи сабук шудани лимити барқ дар ҳолест, ки хонандагони Озодӣ аз манотиқи мухталиф дар бораи ҳамчунон идома ёфтани лимити шадид дар маҳалли зисти онҳо шикоят мекунанд. Аммо Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи Тоҷик” гуфт, ҳар нафаре ки шикоят дорад, метавонад бо шумораи (372) 35 86 84 ба ин ширкати давлатӣ занг зада, шикояти худро расонад ваё аз вазъи воқеии лимити барқ дар маҳалли зисташ хабардор шавад.

Вазъи лимит аз дурбини "Барқ Нест"

Ҷадвали barknest.tj барои рӯзи 9 апрел

Ҷадвали barknest.tj барои рӯзи 9 апрел

Бо ин ҳол, сомонаи barknest.tj, ки аз сӯи Иттиҳодияи истеъмолкунандагон таъсиси ёфта, вазъи ҳаррӯзаи таъмини манотиқи гуногуни Тоҷикистон бо нирӯи барқро монитор мекунад, хабар медиҳад, ки рӯзи 9 апрел навоҳии мухталиф аз 7 соат то 24 соат барқ доштаанд. Камтар аз ҳама - 7 соат барқ – рӯзи 9 апрел ба аҳолии Роғуну Шаҳритӯс ва 7,30 соат ба аҳолии Хуросон расида, бештар аз ҳама - 24 соат – ба ҷуз аз Душанбе, сокинони 6 минтақаи дигар - Сарбанд, Норак, Ҷомӣ, Кӯлоб, Балҷувон ва Данғара барқ гирифтаанд. Дар ин миён вазъи Бадахшон, ки таъмини барқаш аз шабакаҳои “Барқи Тоҷик” ҷудост, фарқ мекунад. Ширкати “Помирэнержӣ” рӯзи 9 апрел ба истиснои Мурғоб, ки 12 соат барқ доштааст, боқӣ манотиқи Бадахшонро 24 соат бо барқ таъмин кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG