Пайвандҳои дастрасӣ

Шадидтар шудани лимити барқ дар берун аз пойтахт сокинони рустоҳоро, ки интизор доштанд пас аз сармои зимиситон манзилҳои сарду торики онҳо гарму рӯшан мешавад, ноумеду нигарон кардааст.

Зулайхо Умарова, як сокини ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, ҳар рӯзи худро бо зангу шикоят ба телефонҳои боварии «Барқи тоҷик» ва дигар ниҳодҳои масъул шурӯъ мекунад. Вай дар як рӯз то 5 маротиба ба масъулин занг задаву сабабҳои аслии бебарқӣ ва боз ҳам шадидтар шудани маҳдудияти барқро мепурсад. Ҳарчанд, мегӯяд хонум Умарова, медонад, ки ин ҳама зангу муроҷиатҳояш бенатиҷаанд. Ин мусоҳиби мо мегӯяд, ҳоло субҳу бегоҳ фақат ду соат барқ доранду халос. Ин ҳам дар ҳоле ки ҳама ангишту сӯзишвории захиракардаашон дар фасли сармо сарф шудааст, чун умед доштанд, ки бо фарорасии баҳор дигар барқро бештар мебинанд.

Зулайхо мегӯяд: «2 кӯдаки навзод ва 4 мактабхон дорем. Хонаҳо сард аст, ба ҳар ҳол. Аловӣ надорем, дигар ҳама дар зимистон сарф шуд. Шароит нест қариб. Дар ин барфу борони ахир азоб кашидем. Ақалан ҳамин барқро 2-3 соатӣ медоданд, ки ягон корро анҷом медодем. Ростӣ, намедонем, дигар чӣ кор кунему ба куҷо муроҷиат кунем? Ҳатто рӯзи Наврӯз мо барқ надоштем. Барқ қариб надорем мо, ягон 10 15 дақиқа агар рӯшан шавад, боз ба ҳамин хомӯш мешавад ва мегӯянд, ё садама шуд, ё об дар дарёҳо кам шуд.» Сокинони маҳалҳои атрофи пойтахт аз он шикоят мекунанд, ки ҳоло ҳатто ба андозаи барқе, ки дар зимистон доштанд, рӯшанӣ надоранд ва Наврӯзро ҳам бисёриҳо дар торикӣ таҷлил кардаанд. Ба қавли онҳо, дар авоили моҳи март интиқоли нерӯи барқ чанд рӯз бештар шуд, вале ин хушбахтӣ дер давом накард.

Зулфия Гурдакова, сокини кӯчаи Қаҳрамони ҷамоати Чимтеппа, воқеъ дар наздикии бозори «Корвон» мегӯяд, ахиран сокинони ин маҳалла бо номае ба ниҳодҳои масъул муроҷиат карданд: «Ба раиси ноҳия, ба раиси ширкати «Барқи тоҷик» ариза фиристодем, хостем, ба додамон бирасанд. Сабаби шадид шудани лимитро гуногун мегӯянд, ростӣ, ҳеҷ нафаҳмидем, чӣ гап аст? Зимистон хайр, об нест мегӯянд, бо умеди баҳору гармиҳо зиндагӣ мекунем, аммо дар ин фасл ҳам мо аз тамошои телевизиону аз барқ маҳрумем, аз ҳама хабарҳо маҳрумем мо.»

Ҳамин тавр, Самандар Сафаров, сокини ҷамоати Тагоби ноҳияи Варзоб мегӯяд, ки наздики як ҳафта мешавад рӯзона ва шабона барқ надоранд ва фақат рӯзи гузашта дар соати 6-30 барқ омада, баъди як ва ё якуним соат хомӯш шудааст. Сокини ноҳияи Спитамен, шимоли Тоҷикистон Ашӯр Сафолов мегӯяд, ки панҷ рӯзи ахир аслан телевизион тамошо накардаанд, чунки барқ надоранд. Вай мегӯяд, ки фақат саҳар хеле кам барқ дода мешавад.

Нигаронии сокинони маҳалҳои атрофи пойтахт ва навоҳии дурдаст аз шадид шудани лимити барқ дар ҳолест, ки масъулони ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, бо сабаби кам шудани сатҳи об дар обанбори Норак тайи чанд рӯзи ахир интиқоли нерӯи барқ ба манотиқ маҳдудтар шудааст.
Исфандиёр Дӯстмуҳаммадов, як навбатдори телефонии боварии ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, ҳоло дар аксар манотиқи кишвар ҳудуди 2 соат дар як шабонарӯз барқ дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ин мушкил муроҷиату зангҳои телефонии сокинони кишвар ба ин ниҳод дар ин рӯзҳо хеле зиёд аст, аммо ҷаноби Дустмӯҳаммадов меафзояд, ҳоло онҳо дақиқ гуфта наметавонанд, ки кай ин маҳдудият ё ин мушкил бартараф хоҳад шуд: «Ҳаво нағз шавад ва об ки бештар шуд, барқ ҳам бештар дода мешавад. Мардум хеле зиёд занг мезананду шикоят мекунанд, аммо об кам аст ва сабаб ҳамин аст. Мо ҳам коре карда наметавонем.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли 2013 «Барқи тоҷик» бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон лимити барқро алакай аз 7 март, дар арафаи иди модарон бекор кард. Он замон бисёриҳо мегуфтанд, ки далели чунин зуд бекор шудани лимит интихоботи президентист. Ҳоло мардум мегӯяд, ки интихобот гузашт ва дигар касе парвои онҳо надорад, ки рӯзашон дар имн торикиҳо чигуна мегузарад?

Коршиносон маҳдудшудани интиқоли нерӯйи барқ ба деҳот дар рӯзҳои ахирро аз танзими нодурусти тақсими нерӯи барқ медонанд.

Мирзошариф Исломиддинов, собиқ раиси кумитаи энергетика ва саноати парлумони Тоҷикистон мегӯяд: «Дуруст ҳисобу китобу тақсимбандӣ накарда, якбора гуфтанд, ки лимит бардошта мешавад. Хунукиҳоро ба назар нагирифтанд ва чунин як вазъ пеш омад. Дар бисёр ноҳияҳо тамоман, шабу рӯз барқ нест. Ин аз идораи сусти масъулини соҳаи барқ ё ширкати «Барқи тоҷик» дарак медиҳад. Бояд оҳиста-оҳиста ин лимит кам карда мешуд, бояд ҳаматарафа омӯхта мешуд аввал.» Ҷаноби Исломиддинов меафзояд, соҳаи энержии Тоҷикистон ҳоло фақат яктарафа рушд карда, танҳо аз об вобастагӣ дорад. Ба назари ӯ ҳоло бояд масъулин бештар ба рушди марказҳои барқу гармидиҳӣ рӯй биоранд.

Аммо Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси умури энержӣ бар ин бовар аст, ки захираи барқе, ки ҳоло дар Тоҷикистон тавлид мешавад, нисбат ба солҳои пеш бештар асту ба аҳолии Тоҷикистон бояд кифоят кунад, аммо ба ақидаи ӯ, барқ зоҳиран бо ҳар роҳе фурӯхта мешавад: «Зимистони соли 1997 барқ ба ҳама мерасид, қариб тамоми корхонаҳои саноатӣ кор мекарданд. Солҳои ахир панҷуним миллиард килловат-соат барқ кам истеъмол мешавад, ғайр аз ин нирӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда- 2 бунёд шуд, вале боз мегӯянд, барқ намерасад. Куҷо мешавад барқ? Гумон мекунам, ки ин қочоқ мешавад.»
Нирӯгоҳи Сангтӯда-2

Нирӯгоҳи Сангтӯда-2

Лимит ё маҳдудияти нирӯи барқ дар Тоҷикистон дар ду даҳсолаи ахир дар фасли тирамоҳ шурӯъ шуда ва то шаш моҳ давом мекунад. Ҳар тобистон масъулон дили сокинонро бо ваъдаҳои он ки зимистони имсол вазъ тағйир хоҳад кард, гарм мекунанд. Аммо ҳар зимистон ҳамоно мардум аз бебарқӣ азият мекашанд.

Мақомот ин амрро ба камбуди тавлиди нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳо рабт медиҳанд ва мизони ин камбудро беш аз 3 миллиард киловатт-соат мегӯянд. Тибқи реҷаи муайяншгуда, сокинон на камтар аз 14 соат бояд бо нерӯи барқ таъмин бошанд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ин реҷа риоя намешавад.

Тибқи хулосагириҳои ахири иттиҳодияи истеъмолкунандагон, имсол ҳам дар фасли сармо ба мардум қариб ду маротиба камтар аз реҷаи таъиншуда барқ дода шудааст. Аммо масъулони ширкати «Барқи тоҷик» ба даъвоҳои қаблӣ дар мавриди риоя нашудани лимит мегуфтанд, ки онҳо лимитро дар асл на бо соат, балки бо … киловатт-соат чен мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG