Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки рушди Осиё (ADB) мегӯяд, ки рушди иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои 2013 ва 2014 коҳиш хоҳад ёфт.

Бар пояи гузориши нави ин ниҳоди молиявӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе, 10 апрел нашр шуд, имсол рушди маҷмӯи тавлидоти нохолиси миллӣ шашу ним дар сад ва соли оянда шаш дар садро ташкил хоҳад дод. Соли 2012 рушди солонаи маҷмӯи тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон 7,5 дар сад ҳисоб шуда буд.

Барои рушди пайваста, ба гуфтаи муаллифон, ислоҳот дар бахши тиҷорат, ҷалби сармоя, коҳиши вобастагӣ аз маблағи муҳоҷирони корӣ ва расидан ба амнияти энерҷӣ зарур аст.

Си Си Ю, намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон, ба хабаргузории Авесто гуфтааст, ки иқтисоди Тоҷикистон ба рушди беназир муваффақ шудааст ва аммо бар асари вобастагияш аз маблағҳои муҳоҷирони корӣ осебпазир боқӣ мемонад.

Дар гузориши Бонки рушди Осиё ба мушкили бебарқӣ дар фасли зимистон ишора шудааст, ки аз он 70 дар сади аҳолӣ ва бештари корхонаҳои берун аз пойтахти Тоҷикистон азият мекашанд. Ин мушкил, аз нигоҳи муаллифони гузориш, монеъаи асосӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон аст ва талафот аз он ҳамасола тақрибан ба 3 дар сади маҷмӯи тавлидоти нохолиси миллӣ баробар аст.

Мутахассисони Бонки рушди Осиё пешгӯӣ кардаанд, ки таваррум дар Тоҷикистон дар соли равон 6,5 дар сад ва дар соли оянда 7 дар садро ташкил хоҳад дод. Аммо дар сурати боло рафтани қимати озуқа ва маводи сӯхт афзоиши таваррум ҳам байид нест. Соли гузашта таваррум дар Тоҷикистон дар сатҳи 5,8 дар сад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG