Пайвандҳои дастрасӣ

Чархаи якуми Сангтӯда-1 аз кор монд


Ширкати Сангтӯда-1 ба хотири тармими куллӣ чархаи якуминерӯгоҳро мутаваққиф намудаааст. Тармими ин чарха то моҳи май идома хоҳад кард. Виктория Наумова, сухангӯи ширкати Сангтӯда-1 рӯзи 9-ум апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, боздоштани чархаи аввали нерӯгоҳ ба хотири тармими куллӣ аз рӯи нақшаи пешакӣ сурат гирифтааст. Тавоноии чархаи авали неругоҳ ба 167,5 мвт баробар мебошад.

Аммо чархаи нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар ҳоле аз кор монд, ки Тоҷикистон дучори камбуди шадиди барқ буда, камобии обанбори нерӯгоҳи Норак боиси маҳдудияти шадиди барқ дар охирҳои моҳи гузашта буд. Виктория Наумова мегӯяд, ки мувофиқи ҷадвали таъмири кулии чархаҳои нерӯгоҳ, дар назар аст, пас аз анҷоми таъмири чархаи аввал дар оғози моҳи май дубора ба кор андохта шавад. Таъмири чархаро мутахассисони худи нерӯгоҳи Сангтӯда-1 анҷом хоҳанд дод. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG