Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон - ҳамсояи бетараф, вале девордармиёни Душанбе (ВИДЕО)


Э.Раҳмон ва Қ.Бердимуҳаммадов дар Кохии Миллат
Э.Раҳмон ва Қ.Бердимуҳаммадов дар Кохии Миллат

Як бовари умумӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки Душанбе метавонад бо дӯстии зиёдтар бо Туркманистон баҳраҳои фаровони сиёсӣ ба даст биорад. Аз ҷумла дар баҳси масоили доғи минтақа.

Бо вуҷуди он ки президентҳои Тоҷикистон ва Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар гуфтушуниди Душанбе, рӯзи 5-уми май вазъи феълӣ ва ояндаи Афғонистон ва ҳам роҳҳои истифода аз захираҳои оби Осиёи Марказиро баррасӣ карданд, аксари 9 санади имзошуда дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистон густариши ҳамкорӣ дар риштаҳои фарҳангу маориф, ҷаҳонгардӣ ва варзишро пешбинӣ мекунад. Бархе аз ин санадҳо корҳои мушаххасеро дар назар доранд, аз ҷумла бунёди як мактаб барои 20 ҳазор туркмани сокини ноҳияи Ҷиликӯли Тоҷикистон ё таъкиди ду ҷониб ба сохтмони роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла гуфт дар робита бо масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии мавриди таваҷҷӯҳи ҳарду ҷониб низ табодули назар шудааст. Ҷаноби Раҳмон афзуд, «мо густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ кардем ва дар ҳама масоил тавофуқи назар доштем.Тавофуқоти ҳосилшуда, роҳро барои густариши ҳар чӣ бештари ҳамкориҳо боз мекунад мо ба истифода аз имконоти мавҷуд дар ҷиҳати густариш ва тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ таъкид намуда ва боло бурдани мизони табодули коло байни ҳар ду кишварро омили боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ донистем.»
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00


Дар навбати худ, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон низ гуфт, ки дидору гуфтугӯҳои судманде сурта гирифта ,аз ҷумла таъмини амният дар минтақа, ба хусус вазъи дар Афғонистон баррасӣ гардид
Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Бердимуҳаммадов, масоили зистмуҳитӣ, ба хусус истифодаи оқилонаи захоири об матраҳ шуд. ва ин ба манфиати кулли кишварҳои минтақа хоҳад буд.
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз ҷумла афзуд, "Туркманистон чун ҳамеша дар баррасии ин мавзӯъ ба қонуни байналмилалӣ такя мекунад. Кишвари мо ҳамчунин дар арсаи энержӣ низ сиёсати дарҳои бозро ихтиёр кардааст. Мо қарор аст, ки дар ояндаи наздик бунёди хатти ҷадиди интиқоли газ аз Туркманистон ба Чинро оғоз кунем, ки ин хат аз қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон мегузарад. Ҳамзамон мо густариши минбаъдаи ҳамкориҳои муштаракро дар мубориза бо терроризм, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ матраҳ намудем.

Бердимуҳаммадов рӯзи 5 май бо як сафари расмии дурӯза вориди Тоҷикистон шуд. Дар 7 соли раҳбарияш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бори севум аст, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Ин ҳам дар ҳолест ки дар 20 соли ахир миёни ин ду кишвар беш аз 50 созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо шуда, ҳваҷми табодули молу коло байни Тоҷикистону Туркманистон дар соли гузашта ба 119 миллион доллар расид.

Ва сафари навбатии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки масъулини вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон равобити ин ду кишварро дар минтақа ҳасана ва қобили эътимод унвон мекунанд.
Абдулфайз Атоев
Абдулфайз Атоев
Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин замина дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «дар марҳилаи кунунӣ дар миёни ҳамсоя кишварҳо муносибати аз ҳама хубро мо бо Туркманистон дорем. Шумо медонед, ки дар давраи аввали сулҳи тоҷикон маҳз ҳамин мардум ду маротиба мизбони гуфтушунид буданд. Дар лаҳзаҳои мушкилтарин, вақте барқи Тоҷикистонро қатъ карданд, ҳамин кишвар барои барқ додан изҳори омодагӣ кард. Ҳамингуна дар мушкили газ ҳам гуфтанд, ки тайёранд лӯлаи эҳтиётии газро ба роҳ монанд, то Тоҷикистон аз ин ин варта наҷот ёбад. Ҳоло бошад дар масъалаи роҳи оҳан бо мо ҳамкорӣ доранд, то ки аз бунбасти коммуникатсионӣ берун ояд. Хулоса, муносибати Тоҷикистон бо Туркманистон хубу бародарона аст.»

Иттифоқан таҳлилгарони сиёсӣ низ мегӯянд, дар Осиёи Марказӣ Туркманистон барои Тоҷикистон аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст. Нуктаи таъинкунанда барои равобити миёни Душанбе ва Ишқобод ин аст, ки ҳар гуна ҳамкориҳои иқтисодӣ ба шароити хоси сиёсӣ вобаста нест. Яъне ба фарқ аз кишварҳои хориҷии дуру наздик Туркманистон барои анҷоми тарҳҳои иқтисодӣ, аз ҷумла пружаҳои марбут ба ниёзҳои рӯзи Тоҷикистон назири энержӣ, сӯхт, бунёди роҳҳову масирҳо шартҳои сиёсӣ намегузорад.
Ва ҳамин нукта барои вазъияти Тоҷикистон муҳим шумурда мешавад. Аммо ин ҳам дар назар аст, ки ду кишвар бо ҳам сарҳади муштарак надоранд ва ба воситаи Ӯзбакистону Афғонистон бо ҳам рабт мегиранд. Ин дар ҳолест, ки интиқоли миолу коло ё газу барқ ба воситаи Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ба маротиб душвор аст ва роҳи оҳан ба воситаи Афғонистон дар ҳоли таъмини суботу амният дар масири он метавонад, ин мушкилро осон намояд.

Қосими Бекмуҳаммад, сиёсатшиноси тоҷик бар ин аст, ки равобит бо Туркманистон яке аз имкониятҳоест, ки метавонад мизони осебпазирии иқтисодӣ ва энержии Тоҷикистонро коҳиш диҳад. Ӯ мегӯяд, «Душанбе мехоҳад аз фурсатҳои мавҷуд дар ростои идомаи сиёсати чандсамтии хориҷии худ баҳрабардориҳои лозимро дошта бошад. Аз нигоҳи манофеи иқтисодӣ яке аз гузинаҳое, ки метавонад барои Тоҷикистон муфид бошад, тақвияти ҳамкориҳои иқтсиодӣ бо Туркманистон аст. Туркманистон ба далели сиёсати бетарафие ки дорад ва дар арсаи байналмилалӣ ба унвони кишвари дорои чунин сиёсат тайид шуд аст, метавонад бидуни таҳти фишори хориҷӣ қарор гирифтан бо тарафҳои мухталиф ва аз ҷумла бо Тоҷикистон ҳамкориҳои тазминшудаи баландмуддат дошта бошад.»

Сафари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ду рӯз давом меёбад ва ӯ бо Қоҳир Расулзода – нахуствазир ва Шукурҷон Зуҳуров - раиси Маҷлиси намояндагон низ мулоқот мекунад.
XS
SM
MD
LG