Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лентабурӣ шуд. Аммо роҳи оҳан кай сохта мешавад?


Тарҳи роҳи оҳани Туркманистон -Афғонистон -Тоҷикистон

Тарҳи роҳи оҳани Туркманистон -Афғонистон -Тоҷикистон

Президентҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар маросими ифтитоҳи сохтмони роҳи оҳани пайвасткунандаи се кишвар иштирок карданд.


Рӯзи 5 июн Ҳомиди Карзай, Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар маросими ботантанаи оғози кор дар канори шаҳри Атамуроди вилояти шимолу шарқии Лебап (Лаби об, Чорҷӯи собиқ)-и Туркманистон ширкат варзиданд.

Се раҳбар дар моҳи март меморандум ё худ ёддошти ҳамдигарфаҳмӣ дар мавриди сохтмони роҳи оҳанро имзо карда буданд. Ибтидо роҳи оҳан шаҳрҳои Атамурод ва Имомназари Туркманистонро мепайвандад. Сипас он ба Оқина-Андхуйи Афғонистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон тӯл хоҳад кашид.




Туркманистон сохтмони роҳи оҳани Отамурод - Имомназар то бандари Оқинаи Афғонистонро шурӯъ мекунад. Ин роҳи 85 - километра аввалин алтернативаи роҳи оҳане хоҳад буд, ки бидуни убур аз қаламрави Ӯзбакистон кишварҳои шимолро ба Афғонистон мепайвандад. Ин барои Тоҷикистон ҳам хабари хуш аст, зеро роҳи нав то Панҷи Поён расида, ба яккатозии “Ӯзбекистон темир йуллари” дар минтақа нуқта мегузорад.

Тарҳи мазкур ба Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) тааллуқ дошта, таҳти роҳбарии Бонки Осиёии Рушд дар моҳи октябри соли 2012 омода шудааст. Дар ҷашни Наврӯзи Ишқобод раҳбарони се кишвар санадеро дар бораи омодагии кишварҳои худ ба имхзо расонданд. Ишқободу Кобул сари сохтмони роҳи оҳан аз Оқина то Андхуй низ ба тавофуқ расидаанд. Аммо масири роҳ то Тоҷикистон ҳанӯз мушаххас нашудааст.


Низом Ҳакимов

Низом Ҳакимов

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, кишвараш пешорӯи интихоби яке аз се масир қарор дорад ва ҳанӯз ба хулосае нарасидааст: “Ин ҳама вариантҳоро мо ба баррасӣ гирифтаем ва инро меомӯзем, ки кадоме аз онҳо аз нуқтаи назари иқтисодӣ, фаннӣ ва дигар ҷанбаҳо қобили қабул аст. Мутахассисони мо кор мекунанд. Бояд саросема нашавем. Ҳоло фақат ҳусни тафоҳум вуҷуд дорад, яъне роҳбарон гуфтаанд, ки бояд созем. Дар ҳоли ҳозир, ҳамин қадар тасмим гирифта шудаасту халос.”

Се масире, ки вазорати нақлиёти Тоҷикистон баррасӣ мекунад, аз ҳам тавофути зиёд доранд. Масири аввал ва тӯлонитарин Колхозобод – Дӯстӣ – Панҷи Поён дар сарҳади Тоҷикистон, сипас тариқи Шерхон Бандар – Қундуз – Хулм – Мазори Шариф – Шибирғон – Андхуй – Оқина дар марзи Афғонистон ва Имомназар – Отамуроди қаламрави Туркманистонро дарбар мегирад ва тақрибан 635 километр тӯл мекашад. Масири дуввум танҳо Айваҷи Тоҷикистонро дарбар мегирад ва аз он ҷо ба Тагонгузар расида, масири қаблиро такрор мекунад. Он 445 км тӯл дорад. Масири сеюм ва кӯтоҳтарин аз Бешкенти Тоҷикистон шурӯъ шуда, аз Калдор ва Хайратони Афғонистон мегузарад ва бо Келифи Туркманистон анҷом меёбад. Масофа -- 160 километр.

Дар сӯҳбат бо Озодӣ иддае аз коршиносон таъхир дар интихоби яке аз ин масирҳо аз сӯи Тоҷикистонро ба он рабт медиҳанд, ки то куҷо аз таъсири манфии Ӯзбакистон осебпазир набошад, бахусус ки вилоятҳои ин масир дар Афғонистон асосан ӯзбакнишин ва таҳти таъсири Тошканданд.


Бӯрӣ Каримов

Бӯрӣ Каримов

Бӯрӣ Каримов, раиси Иттиҳоди роҳсозони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ(ИДМ) ҳамчунин таъсирро имконнопазир медонад, аммо мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи ҳамсояҳоро ба назар гиранд, вале қабл аз ҳама бояд роҳеро интихоб кунанд, ки аз нуктаи назари иқтисодӣ, экологӣ ва ҳам сиёсӣ муфид бошад: “Масалан, шояд барои Тоҷикистон тариқи Панҷи Поён кушодани роҳ муфид бошад, барои Афғонистон не, чун ин кишвар нақшаҳои дигар дорад. Аммо пеш аз ҳама бояд дар ин роҳ шаҳрҳо бештар бошанд, одамони зиёдтарро фаро гирад ва тиҷоратро дар минтақаи васеътар рушд диҳад. Воқеан, ин бадбахтист ки ин тарҳ бо сиёсат омехта мешавад. Аммо Ӯзбакистон таъсире нахоҳад дошт. Албатта, ҳарфу калочаҳо мешаванд, лекин мо набояд аз роҳамон гардем. Муҳим ин аст, ки роҳ аз қаламрави мо бошад.”

Дар ҳоли амалӣ шудани ин тарҳ Тоҷикистон ба аввалин роҳи оҳане дастрасӣ пайдо хоҳад кард, ки ин кишвари бунбастии Осиёи Марказиро бидуни Ӯзбакистон ба Афғонистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Русияву Аврупо васл мекунад. Ва кишвар ба яке аз се афзалияти давлатии худ – баромадан аз бунбасти нақлиётӣ даст хоҳад ёфт.

Аммо то куҷо ин ҳадаф воқеист, бахусус бо назардошти ин, ки бастагӣ ба Афғонистони ноамн дорад ва ҳоло танҳо як роҳи оҳан аз Ӯзбакистон ба шаҳри Мазори Шарифи ин кишвар кашида шудааст?

Мақомоти Афғонистон ба тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон назари нек доранд. Коршиносони ин кишвар, аз ҷумла Ҳамидуллоҳ Форуқӣ, устод Донишгоҳи иқтисодии Кобул бар ин аст, ки ин гуна тарҳҳо барои рушди Афғонистони ҷангзада муҳим аст ва нақши ин кишварро ба унвони як кишвари транзитӣ боло мебарад: “Ин хутути нақлиётӣ ба андозае мафод мерасонад, ки сатҳи тамомшуди амвол ва хадамотро коҳиш медиҳад. Ин барои мардуми тамоми кишварҳо муфид аст. Афғонҳо бояд мизони маҳсулоти худро афзоиш диҳанд. Ва тавре ки эрониҳо ба мо содир мекунанд, мо ҳам бояд ба онҳо ва ҳатто Покистон содир кунем.”

Аммо таърифи дигаре аз тарҳҳои зирабт ба Афғонистонро Агибай Смагулов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон, ки дар гузашта сафири ин кишвар дар Афғонистон низ буд, дар яке аз конфронсҳои байнулмилалӣ ироа кард. Вай гуфт, ҳамаи тарҳҳои фаромарзӣ, аз қабили роҳи оҳан, лӯлаҳои газ ва хатҳои барқ, ки тайи 20 соли ахир пайдо шудаанд, ҳанӯз танҳо рӯи коғазанд: “Соли 2001 баробари вуруди нерӯҳои байналмилал ба Афғонистон ин умед дар дилҳо пайдо шуд, ки акнун роҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба “обҳои гарм” ва бозорҳои кишварҳои ҷануб боз хоҳад шуд. Тарҳҳои кӯҳна буданд ва навҳо ҳам пайдо шуданд. Тарҳҳои лӯлаи гази Туркманистон – Афғонистон – Покистон ё Шибирғон - Тоҷикистон, роҳҳои оҳани Мазори Шариф – Машҳад ё Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон - Эрон, роҳи заминии Тоҷикистон – Покистон тариқи водии Вахон, хатҳои барқи CASA – 1000 ва Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон ва ғайраҳо ҳамагӣ амалӣ нашудаанд. Ҳатто дар доираи кишварҳои форсзабон телевизиони ягона ба мушкил дучор омад. Аз ин хотир, ман дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ҳам бо эҳтиёт сӯҳбат мекунам.”

Аммо Бӯрӣ Каримов мегӯяд, Тоҷикистон ба ҳар қимате, ки бошад бояд ин тарҳро ҳадди ақал дар ҳудудҳои худ бисозад, чун ваъдаи кумаки пулии Бонки Осиёии Рушдро ба даст овардааст. Вай афзуд, аз ҳама тарҳҳои нақлиётие, ки ҳаст, танҳо ҳамин тарҳ барои таъмини тарҳҳои бузурги энергетикӣ мувофиқтар аст, чун вазнинтарин таҷҳизотро аз Аврупо маҳз бо ин масир ва бидуни Ӯзбакистон метавон ворид кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG