Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э. Раҳмон: Талошҳо барои бунёди "Роғун" идома дорад


Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ.

Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки пешрафти ҳама бахшҳои ҳаёти Тоҷикистон ба бунёди иншоотҳои гидроэнергетикӣ, ба вижа нерӯгоҳи "Роғун" вобаста аст ва талошҳо барои сохтани ин нерӯгоҳ идома дорад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми июл зимни мулоқот бо фаъолони шаҳри Роғун гуфт, ки “пешрафту тараққиёти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишварамон ба бунёди иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ ва дар навбати аввал нерӯгоҳи барқи обии Роғун вобаста мебошад ва маҳз бо дарназардошти ҳамин воқеият мо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон эълон намудем”.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи суханонаш дар ин робита афзуд, ки "аксари сокинони мамлакат хуб дар хотир доранд, ки ман ҳанӯз рӯзҳои аввали роҳбариам бо вуҷуди вазъи ноороми кишвар ва идома доштани мухолифатҳои мусаллаҳона таъмини амният ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат эълон карда будам."

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи рӯзи чаҳоршанбе бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун рафт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ҳадаф аз ин сафар “иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, мулоқот бо фаъолони шаҳр, шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат зимни сафарҳои қаблӣ” ва боздид аз маҳалли барқарорсозии сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” мебошад.

Дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Роғун, ба фаъолияти Озмоишгоҳи маркази сохтмонӣ асос гузошта шуд, ки ҳадафи он, назорати сифати масолеҳи сохтмонӣ барои ин нерӯгоҳ мебошад. Ин озмоишгоҳ аз панҷ шӯъба ва бахшҳои алоҳида, аз ҷумла аз шӯъбаи озмоиши металлҳо, назорати геотехникӣ, кимиёвӣ, ташхисгоҳи спектралӣ, шӯъбаи бетон ва бахши озмоиши хосиятҳои физикию механикии семент иборат аст ва бо васоили пешрафта аз Олмон, Русия, Чин, Эрон ва Италия муҷаҳҳаз мебошанд ва ба гуфтаи мутахассисон, дар Осиёи Миёна ҳамто надорад.

Маросими ифтитоҳи озмоишгоҳ.

Маросими ифтитоҳи озмоишгоҳ.

Дар гузашта низ раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Роғун сафарҳое анҷом дода ва аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дидан карда буд. Сафари феълии Эмомалӣ Раҳмон ба маҳали сохтмони нерӯгоҳи барқии “Роғун” дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки масъулони ширкати “Нерӯгоҳи барқӣ - обии Роғун” ахиран гуфтанд, ки корҳо дар сохтмони асосӣ, ҷараён дорад.

Дар ҷаласаи солонаи саҳҳомони нерӯгоҳи “Роғун”, ки 25 майи соли ҷорӣ баргузор шуд, сармояи ойинномавии ин нерӯгоҳ 14 миллиард сомонӣ эълон шуд. То кунун сармояи оийнномавии “Роғун” 12 миллиард, сомонӣ муодили ҳудуди 2 миллиард доллар буд.

Масъулони ширкати “Роғун” мегӯянд, бо афзоиши сармояи ойинномавӣ интизор мервад, ки дар ояндаи наздик ду агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор бигирад. Корҳо дар сохтмони асосии нерӯгоҳи “Роғун” пас аз он вусъати тоза касб карданд, ки Бонки Ҷаҳонӣ натиҷаи ташхис дар ин нерӯгоҳро дар соли гузашта мусбат арзёбӣ кард.

Зимнан, арзёбиҳои байналмилалии Роғун, ки соли 2014 нашр шуд, нишон додааст, барои иҷрои ин тарҳ аз 3 то 5 миллиард доллар зарур мешавад. Давлати Тоҷикистон соли 2009, яъне 6 сол пеш гуфт, нерӯгоҳи азими Роғунро аз ҳисоби худаш ва бе ширкати сармоягузорони хориҷӣ месозад ва барои ин маъракаи аксаран маҷбурии фурӯши саҳмияҳои Роғунро ба мардумро шурӯъ кард.

Дар солҳои 2010 то 2012 аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо бештар аз 800 миллион сомонӣ ҷамъ оварданд, вале баъдан ҳукумат зери фишори созмонҳои байналмилалии молӣ фурӯши саҳмияҳоро қатъ кард. Дар куҷо нигаҳ доштани ин миллионҳо сомонӣ ҳам баҳси зиёдеро барангехтааст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ин пул ҳеч куҷо нашудааст ва барои бунёди "Роғун" сарф мешавад.

Бар асоси иттилои нави Вазорати молия, тақрибан 87 дарсади саҳмияҳо ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Дар буҷаи соли 2015 барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ ва ё тақрибан 300 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт, дар саргаҳи рӯдхонаи Вахш дар сурати такмили сохтмонаш метавонад, солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад, ки ҳам барои Тоҷикистон кофист ва ҳам метавонад ба Афғонистону Покистон содир шавад.

Аммо аз замони шурӯъи корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ дар чанд соли пеш, кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бахусус Узбакистон сарсахтона ба бунёди он муқовимат кардаанд. Ин кишварҳо мегӯянд, дар сурати бунёди Роғун, ки маҷрои об аз рӯдхонаҳои Тоҷикистон, ки то ба Узбакистону Қазоқистону Туркманистон мерасанд, камтар шуда ва боиси камобӣ дар он кишварҳо хоҳад шуд. Давлати Тоҷикистон мегӯяд, ин иддаоҳо асосе надоранд, зеро об дар садди Роғун ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ карда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG