Пайвандҳои дастрасӣ

Барои ҳазорҳо муҳоҷире, ки дигар ҳаққи вуруд ба ҳудуди Русияро надоранд, аммо таҷрибаи зиёди кор дар сохтмонҳо ва касбу ҳунар андӯхтаанд, нерӯгоҳи Роғун ҷойи кор бо маоши баланд ва шароити хуби зист пешниҳод мекунад.

Оё муҳоҷироне, ки таҷрибаи хуби кор дар сохтмонҳои Русияро аз худ кардаанд ва пули хубе ҳам ба даст меоварданд, даъват барои кор дар нерӯгоҳи Роғунро мепазиранд? Оё маоше, ки Тоҷикистон ба онҳо пешниҳод мекунад, чӣ қадар аст?

Даъвати муҳоҷирон ба кор дар нерӯгоҳи Роғун дар ҳоле сурат мегирад, ки ихроҷ шудани беш аз 200 ҳазор муҳоҷир аз Руссия сафи бекоронро дар Тоҷикистон бештар кардааст. Аз сӯи дигар, мантиқӣ нест, ки ин ҳама кормандони боҳунар дар ҳар соҳа, махсусан сохтмон, бекор дар хона бихобанд. Раҳбарони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва масъулини нерӯгоҳи Роғун баъди омӯзиши ин мавзӯъ дар як нишаст ба қароре расиданд, ки ин нерӯи ҳирфаиро ба манфиати иншооти муҳими кишвар, Роғун истифода кунанд.

Ҳамакнун онҳое, ки дар соҳаи сохтусоз, челонгарӣ, кафшергари газу барқ ва ронандагӣ ҳирфаӣ шудаанд, барои кор ба Роғун даъват мешаванд. Мақомоти ин иншооти стратегӣ мегӯянд, ки маоши коргарҳо аз 1000 сомонӣ ва ё маблағи наздик ба 200 доллар сар мешавад.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯйи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, як ҳадафи аслии ин иқдом кам кардани шиддати бекорӣ дар бозорӣ меҳнат ва ҳам мутобиқ кардани муҳоҷироне, ки солҳои тӯлонӣ дар руссия кор кардаанд ба муҳит дар дохил гирифта шудааст: “Нафароне, ки аз Русия меоянду дигар иҷозаи бозгаштро надоранд, ба мо муроҷиат мекунанд ва мо ҳам дигар масъалаи кор дар Роғунро ба онҳо пешниҳод мекунем. Мо онҳоро ин ҷо ба қайд мегирем ва аз рӯйи ихтисосе, ки доранд рӯйхатро ба нерӯгоҳи Роғун пешниҳод мекунем. Маошҳои баланд пешниҳод мешавад.”

Барои кор дар Роғун ба хоҳишмандон аз миёни онҳое, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, маоши бештар аз 100 сомонӣ пешниҳод мешудааст. Гуфта мешавад, ҳоло дар сохтмони Роғун 1800 нафар ба корҳои барқарорсозӣ машғуланд ва дар сурати пурра шурӯъ шудани сохтмони ин иншоот, бояд 13 ҳазор нафар ба кор ҷалб шаванд.

Муҳибулло як мусоҳиби мо, ки мисли даҳҳо ҳазор муҳоҷири дигари тоҷик, кор дар сардиҳову мушкилоти сангини ғарибӣ барояш хуб ошно аст, мегӯяд, агар қабул шавад, омодааст ба Роғун ба кор равад. Аммо вай бо таассуф мегӯяд, мисли ӯ нафароне, ки ҳозир шаванд ин даъвати Роғунро бипазиранд зиёд нестанд, чун тавре ӯ мегӯяд, “оби дари хона лой аст” “Даъват шавам, албатта меравам, аммо фикр мекунам муҳоҷирон кам розӣ мешаванд ба ин пешниҳод. Онҳо дар Русия бо пули ночиз, кӯчарубиву аробакашӣ мекунанд, аммо дар хона дар дохил ин корро кардан намехоҳанд.”

Дар воқеъ мусоҳибони мо, ки дар пайи қоидаву қонунҳои нави будубош дар Русия онҳо аз манбаи даромад маҳрум шудаанд, мегӯянд, бо вуҷуди он, ки аҳамияти нерӯгоҳи бузурги Роғунро барои кишвар дарк мекунанд ва албатта кор дар ватан беҳтар аз кишвари муҳоҷират аст, аммо бо он маоше, ки дар сохтмонҳои дохил барояшон пешниҳод мешавад, наметавонанд як моҳ зиндагӣ кунанд.

Назаралӣ, яке аз ҳазорон муҳоҷире аст, ки барои аёдати наздикон ва чанд ҳафта ба ватан баргаштаву дигар барои чанд муддат аз ҷои кору манбаи даромадаш маҳрум гашт. Ӯ низ дар қатори 200 ҳазор муҳоҷир баъди бозгашт аз Русия ба рӯйхати ихроҷшудаҳо ворид шудааст ва мегӯяд, дар шароити феълӣ бо маоши камтар аз 500 доллар дар Тоҷикистон зиндагӣ бисёр мушкил аст: “Фарзандҳо мактабхон аст, онҳоро хӯрондану пӯшондан даркор, нархи бозорро медонед, ду рӯз пеш як халта орд гирифтам, 160 сомонӣ. Боз бо болоравии доллар нархҳо болотар мераванд. Дар Русия мо дар сохтмон кор мекардем, рӯзи кории мо 1000 рубл ё 160 сомонӣ буд, ки қаноатбахш буд. Ин маблағро дар як рӯз дар Тоҷикистон кор кардан осон нест. Кор дар сохтмонҳои Тоҷикистон вазнин ва маблағаш ба он мувофиқ нест.”

Назаралӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон зиёд бекор намонд ва ҳоло бо ронандагӣ машғул аст, вале мегӯяд, вай бо маблағе, ки ба даст меоард танҳо рӯз мегузаронаду халос. Ӯ бо даст додани аввалин имконият нияти бозгашт ба Русияро дорад.

Акбар Субҳонов, ҷомеашинос ва таҳлилгари масоили муҳоҷират мегӯяд, бо шароите, ки дар сохтмонҳои Тоҷикистон барои муҳоҷирон пешниҳод мешавад, ҷалб кардани онҳо ба кор дар дохил кори осон нест. Вай мегӯяд, муҳоҷирон дар Русия дар шароити беҳтар ва бо технологияҳои муосири сохтмонӣ кор карда, одат кардаанд:

“Тибқи омори расмӣ музди маоши сохтмончӣ зиёди зиёд 2200 сомонӣ аст, ки дар шароити феълӣ барои зиндагӣ кофӣ нест. Аз сӯи дигар онҳо одат кардаанд дар Русия дар шароити беҳтар аз деҳоти Тоҷикистон, ки бебарқӣ аст, зиндагӣ кардаанд. Як сабаби дигар дар сохтмонҳои мо бо технологияҳои фарсуда кор мекунанд, ки барои онҳо хеле мушкил аст. Дар ин ҷо ҳоло мешавад ба кор онҳоеро ҷалб кард, ки ягон манбаи дигари даромад доранд ё як аъзои хонаводаашон дар муҳоҷират асту барояшон кӯмак мекунад. Онҳо муттахассисони хубанд ва шароити корро талаб мекунанд.”

Ба гуфтаи ин коршинос,Тоҷикисттон ҳоло танҳо бо як роҳ ва он ҳам бо фароҳам овардани шароит ва маоши беҳтар метавонад муҳоҷиронро дар дохил ба кор ҷалб кунанд. Аммо ҳоло бо вуҷуди ҳама монеаҳо онҳо талош мекунанд, бо ҳар роҳе набошад ба муҳоҷирати корӣ бираванд. Ҳамасола аз Тоҷикистон беш аз 1 миллион худро ба бозори кори Русия мезананд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG