Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои сохтмони Роғун ҳама чиз ҳаст, ба ҷуз аз маблағи кофӣ


Қоҳир Расулзода дар нишасти солонаи саҳмдорони Роғун
Қоҳир Расулзода дар нишасти солонаи саҳмдорони Роғун

Дар ҷаласаи солонаи саҳмдорони Роғун сармояи оинномаваии ин нерӯгоҳ ба андозаи 2 миллиард сомонӣ боло бурда шуд. То кунун сармояи оинномавии Роғун беш аз 12 миллиард буд ва бо пешниҳоди раёсати ҷамъият ба 14 миллиард сомонӣ ҳудуди 2 миллиард доллар расонида шуд.

Барои бунёди Роғун ҳама чиз омодааст. Бонки Ҷаҳонӣ ба ин тарҳ баҳои мусбат дод. Омодагиҳо ба оғози сохтмони асосӣ поён ёфт. Бовари мардум ва махсусан саҳмдорон ба иҷрои он ҳамоно зиёд аст, аммо ягона масъалае, ки боқӣ мемонад – ба кадом маблағ? Маблағ қарор аст аз буҷаи давлат барояд ва ҳам пули саҳмияҳо истифода хоҳад шуд.

Салоҳиддин Мирзозода, котиби корпоративии ҷамъияти саҳҳомии нерӯгоҳи Роғун дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Соли гузашта аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон як миқдор маблағ барои корҳои барқарсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун пардохт карда шуд. Аз ин рӯ, имсол зарурат барои зиёд кардани сармояи оиномавии нерӯгоҳ ба вуҷуд омад. Имрӯз дар маҷлис сармояи оинномавии ҷамъият дар сатҳи 14 миллиард сомонӣ муайян ва тасдиқ гардид.”

Ҷаноби Мирзозода гуфт, "дар ҷаласа ба саҳмдорон фаҳмонда шуд”, ки Бонки ҷаҳонӣ фаъолияти нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои муҳити атроф безарар хонд ва пас аз ин корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ вусъат дода шуд.

Арзёбиҳои байналмилалии Роғун, ки соли 2014 нашр шуд, нишон додааст, барои иҷрои ин тарҳ аз 3 то 5 миллиард доллар зарур мешавад. Давлати Тоҷикистон соли 2009, яъне 6 сол пеш гуфт, нерӯгоҳи азими Роғунро аз ҳисоби худаш ва бе ширкати сармоягузорони хориҷӣ месозад ва барои ин маъракаи аксаран маҷбурии фурӯши саҳмияҳои Роғунро ба мардумро шурӯъ кард.

Дар солҳои 2010 то 2012 аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо бештар аз 800 миллион сомонӣ ҷамъ оварданд, вале баъдан ҳукумат зери фишори созмонҳои байналмилалии молӣ фурӯши саҳмияҳоро қатъ кард. Дар куҷо нигаҳ доштани ин миллионҳо сомонӣ ҳам баҳси зиёдеро барангехтааст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ин пул ҳеч куҷо нашудааст ва барои бунёди Роғун сарф мешавад.

Бар асоси иттилои нави Вазорати молия тақрибан 87 дарсади саҳмияҳо ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Дар буҷаи соли 2015 барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ ва ё тақрибан 300 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Аввали моҳи марти соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон дар ниҳоят барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун озмун эълон кард ва гуфт, ки сохтмони асосӣ нимаи дуюми соли 2016 оғоз меёбад ва марҳила ба марҳила идома карда, соли 2027 ба поён мерасад. Айни замон консорсиуме дар ҳайати "Трактебел Инжиринг" аз Фаронса, "Койне ет Беллие" ва "Электроконсалт" аз Итолиё барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун кумаки техникӣ мерасонанд.

Сармояи оинномавии Роғун ба 14 миллиард сомонӣ баробар шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Бар асоси арзёбии мутахассисон, Тоҷикистон метавонад, нерӯгоҳи Роғунро аз ҳисоби буҷа бунёд кунад. Вале ба бовари бархе аз ин иқтисоддонҳо сохтмони ин нерӯгоҳ ҳазинаи ҳангуфтеро талаб мекунад ва дар сурати ба танҳоӣ сохтани ин нерӯгоҳ эҳтимол рушди дигар соҳаҳо кунд шуда хатари зиёд шудани фақру камбизоатӣ дар кишвар ба миён меояд.

Комилҷон Орифов, корманди собиқадори ширкати “Барқи тоҷик” ва котиби Комиссияи сарбандҳои бузург дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, ба танҳои сохтани Роғун барои кишвар “ниҳоят гарон” аст, бинобар ин ҷалби сармояи хориҷӣ барои ин нерӯгоҳ зарур аст. Вай мегӯяд:

“Аз рӯи қоидаҳои Бонкӣ ҷаҳонӣ ин бонк ба лоиҳаҳе, ки кишварҳои ҳамсоя ба он мухолифанд сармоягузорӣ карда наметавонад. Аммо дар ҷаҳон ҳаст таҷрибае, ки ин бонк ба гунаи дигар ба сохтмони нерӯгоҳҳои баҳснок кумак кардааст. Вақте Туркия ба сохтмони нерӯгоҳи Отатурк дар дарёи Фурот оғоз кард, Сурия мухолиф баромад. Вале Бонки ҷаҳонӣ ба Туркия дар сохтмони дигар нерӯгоҳҳо пул ҷудо кард ва Туркия пулҳои ба сохтмони нерӯгоҳҳои дигар ихтисосдодаашро ба бунёди нергоҳи Отатурк масраф кард.”

Ҷаноби Орифов афзуд, айни чунин роҳи ҳалро Тоҷикистон ҳам метаванад ба Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод кунад ва бо кумаки ин бонк ва ё бевосита аз худаш барои бунёди нергоҳи Роғун сармоя ба даст орад.

Орифов мегӯяд, Тоҷикистон ба танҳоӣ ва ё бо кумаки давлату созмонҳои хориҷӣ нергоҳи Роғунро хоҳад сохт, аммо муҳимтарин масъала ин назорати мақсаднок масраф шудани маблағҳо аст. “Хавфи ман на аз пайдо кардани маблағ балки аз дуздида шудани он аст,” -- афзуд Орифов.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт, дар саргаҳи рӯдхонаи Вахш дар сурати такмили сохтмонаш метавонад, солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад, ки ҳам барои Тоҷикистон кофист ва ҳам метавонад ба Афғонистону Покистон содир шавад.

Дар ҳамоиши саҳмдорони Роғун, ки паси дарҳои баста ҷараён гирифт, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини аввали ӯ Давлаталӣ Саидов ва муовини дигараш Азим Иброҳим ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG