Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Биржаи фурӯши саҳмияҳои "Роғун" ҳанӯз ҳам фаъол нашудааст


Дар Тоҷикистон бозори махсуси хариду фурӯши саҳмияҳову қоғазҳои қимматнок−биржа вуҷуд надорад. Аз ин рӯ сокинон ба хотири фурӯши саҳмияҳояшон дар рӯзномаву маҷаллаҳо эълон медиҳанд.

Сокинон дар Тоҷикистон барои фурӯши саҳмияҳояшон, дар васоити ахбор эълон медиҳанд. Онҳо ин корро аз ноилоҷӣ мекунанд, чун дар Тоҷикистон бозори махсуси хариду фурӯши саҳмияҳову қоғазҳои қимматнок вуҷуд надорад.

Лидия Сарварова, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳангоми маъракаи саросарии фурӯши саҳмияҳои Роғун ӯ бар ивази 4 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ карда буд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, касбаш муаллимӣ аст ва ҳоло дар хориҷ аз кишвар кори беҳтар пайдо кардааст ва мехоҳад ба он ҷо кӯч бибандад. Сарварова мегӯяд, қариб ҳама ҷиҳозашро бо хонааш фурӯхтааст, ба ҷуз аз саҳмияҳои Роғун:

“Ба 4 ҳазор сомонӣ саҳмияи Роғун дорам. Ҳамонро мехоҳам фурӯшам ва барои хароҷоти кӯчиданам масраф кунам. Ба бисёр тоҷирони калон ва бонкҳо муроҷиат кардам, ки ҳамин саҳмияҳоро харанд. Ба "Амонатбонк" ҳам муроҷиат кардам, нахариданд ва гуфтанд худашон ҳам саҳмияҳое доранд, ки фурӯхта нашудаст. Агар харидор пайдо шавад, ҳамин саҳмияҳои 4 ҳазор сомониро дар 2, 5 ҳазор сомонӣ мефурӯшам.”

Сарварова мегӯяд, баъди сар задан ба ниҳоду идораҳои гуногун билохира тасмим гирифт дар рӯзномаҳо дар мавриди фурӯши саҳмияҳояш эълон бидиҳад. Вай мегӯяд, ҳарчанд ба фурӯши саҳмияҳояш ноил нашудааст, аммо баъди нашри эълон чанд занги телефонӣ дар ин маврид дарёфт кард.

Ҳоло эълонҳои марбут ба фӯруши саҳмияҳои Роғун зуд−зуд ба чашм мерасад. Ҳини варақ задани саҳифаҳои эълони расонаҳо мо ҳадди ақал панҷ чунин эълонро пайдо кардем. Соҳибони ин саҳмияҳо дар сӯҳбатҳои телефонӣ сабаби фурӯши саҳмияҳояшонро ба таври гуногун шарҳ медоданд: яке ба “кишвари дигар кӯчиданисту”, дигарӣ “сахт ба пул ниёз пайдо кардааст”.

Омилҳои гуногун ин афродро ба фурӯши саҳмияҳояшон водор кардааст, аммо ҳамагӣ як мушкил доранд: намедонанд саҳмияҳои бо пули нақд харидаашонро чӣ гуна фурӯшанд. Як масъули баландпояи Оҷонсии рушди коғазҳои қимматноки Вазорати молияи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 18−уми май гуфт, дар кишвар расман биржаи фондӣ барои хариду фурӯши қоғазҳои қимматнок аз ҷумла саҳмияҳо таъсис шудааст, аммо то ба ҳол фаъолият намекунад.

Вай афзуд, саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ду навъанд: манзурӣ ва ғайриманзурӣ. Ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, саҳмияҳои манзурӣ то 5 ҳазор сомонӣ нарх доранд ва дар он номи моликаш зикр нашудааст: “Саҳмияҳои манзуриро одамон ҳақ доранд, ки фурӯшанд, тӯҳфа кунанд ва ё ба мерос гузоранд. Аммо хариду фурӯши саҳмияҳои ғайриманзурӣ бояд ба таври зарурӣ сабти ном шавад.”

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, саҳмияҳои ғайриманзурӣ, ки аз 5 ҳазор сомонӣ зиёд арзиш доранд бояд аслан дар биржа хариду фурӯш шавад ва пас аз анҷоми савдо дар Оҷонсии рушди бозори қоғазҳои қимматноки Вазорати молия исми молики нави саҳмия бояд сабт шавад.

Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон биржаи расмии амлкунанда вуҷуд надорад, арзиши воқеии саҳмияҳо, аз ҷумла саҳмияҳои Роғунро касе гуфта наметавонад. Ба дарозо кашидани сохтмони "Роғун", арзиши саҳмияҳои ин нерӯгоҳи ҳаётан муҳим барои Тоҷикистонро поин бурдааст ва бисёриҳо ҳозиранд саҳмияҳошонро бо ними нархаш ва ҳатто чоряки нархи аввалияшон ба фурӯш гузоранд.

Аммо Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯяд, то ду соли дигар чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун ба кор медарояд ва беҳтар аст, сокинон саҳмияҳошонро нигоҳ доранд.

Зимнан, бино бар иттилои гурӯҳи иҷрои тарҳҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон 22 май саҳҳомони Роғун харҷу дахли солонаи нерӯгоҳро баррасӣ мекунанд ва қарор аст, сармояи оинномавии нерӯгоҳ зиёд карда шавад. Ҳоло сармояи оинномавии "Роғун" 12 миллиард сомонӣ, тақрибан 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Моҳи августи соли 2014, Бонки ҷаҳонӣ арзёбии фанниву зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғунро ба итимом расонд ва бунёди онро барои муҳти атроф безарар хонд. Аммо Тоҷикистон, ки зоҳиран имкони бунёди баландтарин сарбанд дар ҷаҳонро ба танҳоӣ надорад, то ҳол ба сармоягузори аслии ин тарҳро пайдо накардааст.

​Фурӯши саҳмияҳои “Роғун” дар моҳи январи соли 2010-ум оғоз шуд ва дар тӯли чанд моҳ ба арзиши бештар аз 800 миллион сомонӣ аз сӯи мардум ва муассисаҳои Тоҷикистон харидорӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG