Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон маблағгузории "Роғун"-ро коҳиш додааст


Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, бо машварати Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории нерӯгоҳи "Роғун"-ро дар соли 2013 коҳиш додаанд.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 25 –уми январ зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки бо машварати Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории нерӯгоҳи Роғунро аз будҷаи давлатӣ кам кардаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Наҷмиддинов, тибқи нақша дар соли 2013 барои корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо бо машварати Бонки ҷаҳонӣ ин маблағ то ба 946 миллион сомонӣ коҳиш дода шуд, ки 54 миллионаш барои берун кардани мардум аз минтақаи сохтмони Роғун пешбинӣ шудааст. Вазири молия таъкид кард, ки дар сурати зарурат, ҳукумати Тоҷикистон омодааст, барои нерӯгоҳи "Роғун" маблағҳои иловагӣ ихтисос диҳад.

Дар мавриди фурӯши саҳмияҳои Роғун масъулини вазорати молия мегӯянд, ки он муваққатан муваққиф шудааст. Ба гуфтаи онҳо, маблағҳое, ки аз фурӯши саҳмияҳо ба даст омадаанд, айни ҳол дар ҳаҷми 390 миллион сомонӣ дар вазорати молия нигаҳдорӣ мешаванд.

Вазири молия илова намуд, ки мушкилот дар мавриди бозпас гирифтани маблағҳои Роғун аз бонкҳои тиҷоратӣ бартараф шудаанд: «Аллакай аз "Агроинвестбонк" 120 миллион ва аз "Ориёнбонк" 105 миллион сомониро гирифтем, ки дар вазорати молия нигоҳдорӣ мешаванд.»

Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст, дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз як кишвари мӯҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод. Аммо аз замони шурӯъи корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ дар чанд соли пеш, кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бахусус Узбакистон сарсахтона ба бунёди он муқовимат кардаанд.

Ин кишварҳо мегӯянд, дар сурати бунёди Роғун, ки маҷрои об аз рӯдхонаҳои Тоҷикистон, ки то ба Узбакистону Қазоқистону Туркманистон мерасанд, камтар шуда ва боиси камобӣ дар он кишварҳо хоҳад шуд. Давлати Тоҷикистон мегӯяд, ин иддаъоҳо асосе надоранд, зеро об дар садди Роғун ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ карда мешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG