Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳлилгарон мегӯянд, ки Ислом Каримов дар сафари давлатияш ба Чин аз баррасии масоили сиёсии Осиёи Марказӣ парҳез хоҳад кард.

Рӯзи сешанбе сафари давлатии Ислом Каримов, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, ба Чин шурӯъ мешавад. Расонаҳои давлатии Ӯзбакистон навиштаанд, ки дар дидору гуфтугӯҳои раҳбари Ӯзбакистон бо мақомоти Чин масъалаи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тарҳҳои нави муштарак баррасӣ хоҳад шуд. Аммо нашрияҳо дар мавриди он ки Ислом Каримов бо чӣ "дастовезе" вориди Пекин хоҳад шуд, чизе нанавиштаанд. Тошканд иттилоъ дар бораи ҷузъиёти сафар, аз ҷумла, ҷузъиёти тарҳҳоеро, ки бояд баҳсу баррасӣ шаванд, махфӣ нигаҳ медорад.

Бори ахир Ислом Каримов бо сафари давлатӣ се сол пеш – моҳи апрели соли 2011 ворид шуда буд ва он вақт Ӯзбакистону Чин 25 санади байнидавлативу байниҳукуматӣ ва байниидоравиро имзо карда, дар мавриди татбиқи чанд тарҳ ба маблағи беш аз 5 миллиард доллар ба тавофуқ расида буданд. Моҳи сентябри соли гузашта раҳбари Чин Си Ҷинпинг ба Тошканд омада буд ва дар фарҷоми ин сафари давлатӣ ду кишвар зери 31 санади дигар барои тарҳҳои муштарак ба маблағи беш аз 15 миллиард доллар имзо гузошта буданд.

Охирин дидору гуфтугӯи Ислом Каримов ва Си Ҷинпинг моҳи майи соли равон дар Шонгҳой, дар нишасти ҳамкорӣ ва чораҳои эътимод дар Осиё сурат гирифта буд. Бар пояи иттилои расмӣ, шурӯъ аз соли 2002 дар Узбакистон бо сармояи Чин 83 тарҳ ба маблағи 6 милиарду 750 ҳазор доллар татбиқ шудааст. Айни ҳол дар Ӯзбакистон 466 корхонаву муассиса бо ширкати сармояи фаъолият мекунад.

Cергей Абашин, доктори улуми таърих ва таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд, ки ба сафари давлатии Ислом Каримов ба Чин, аз ду зовия бояд нигарист, яке аз зовияи Чин, ки нуфузашро дар қаламрави Осиёи Марказӣ густариш медиҳад, бо кишварҳои минтақа робитаҳои хуби

иқтисодӣ дорад ва тарҳҳои муштараки иқтисодиро бо онҳо сармоягузорӣ мекунад. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, Осиёи Марказӣ барои Чин на фақат бозори ашёи хом, аз ҷумла, нафту газ ва бозори бузурги фурӯши молу колои чиноӣ аст, балки минтақаи транзит барои таҳкими робитаҳои тиҷоратияш бо дигар кишварҳо, аз ҷумла, Эрон ҳам маҳсуб мешавад.

Сергей Абашин меафзояд, аз зовияи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Ӯзбакистон ҳам Чин, пеш аз ҳама, шарику ҳампаймони хуби иқтисодист.

Чин ба гази Осиёи Марказӣ сахт ниёз дорад

Чин ба гази Осиёи Марказӣ сахт ниёз дорад

Маҳз ба ҳамин хотир, ба гуфтаи таҳлилгар, Ислом Каримов сафар ба Чинро назар ба сафар ба Русия авлотар мехонад. "Азбаски ҳама, кишварҳои Осиёи Марказӣ, мехоҳанд, ки сиёсати бисёрсамтаро пиёда созанд, яъне мехоҳанд бо ҳама бозигарони бузург – бо Ғарбу Амрико, бо Русия, ҳарчанд он даъвои нақши бозигари бузургро надорад, вале нуфузаш дар минтақа хело калон аст ва ҳам бо Чин робита дошта бошанд, ҳифзи ин робитаҳо барои давлатҳои минтақа, аз ҷумла, барои Ӯзбакистон муҳим боқӣ мемонад. Аз ин нуқтаи назар, аз нигоҳи ман, чизе наверо аз ин сафар набояд интизор шуд, яъне ҳадафи сафари Ислом Каримов - фақат ҳифзи робитаҳои нисбатан зич бо Чин хоҳад буд", мегӯяд таҳлилгар..

Аммо оё ин нишаст ба саҳнаи баҳсу баррасиҳои сиёсӣ табдил назоҳад шуд, ба вижа, ки Чин аз нооромиҳо дар вилояти Шинҷону Уйғур, минтақаи воқеъ дар марзҳои Осиёи Марказӣ нигарон аст.? Сергей Абашин дар посух ба ин суол мегӯяд, ки "гумон аст мавзӯъи уйғурҳо дар музокироти Чину Узбакистон баррасӣ шавад, зеро, аз як сӯ, дар Ӯзбакистон расман теъдоди ками уйғурҳо ба сар мебаранд, бештари онҳо муқими Қазоқистон ва камтарашон сокини Қирғизистонанд. Аз сӯи дигар, Ӯзбакистон бо Чин марзҳои муштарак надорад. Дар ҳамин ҳол бояд гуфт, Ӯзбакистон сиёсатеро ба роҳ мондааст, ки аз баррасии мушкилоти аққалиятҳои миллӣ бо дигар кишварҳо парҳез мекунад".

Мусоҳиби мо меафзояд, "фикр мекунам, ки дар сафари Ислом Каримов шояд мавзӯи Афғонстон баррасӣ шавад, зеро ба ин мавзӯъ ҳам Ӯзбакистон ва ҳам Чин таваҷҷуҳи баробар баробар доранд. Манзурам, дар қалаврави Афғонистон ва ҳамчунин Покистон гурӯҳҳои мухолифу ситезаҷӯ мустақаранд, ки Тошканду Пекин онҳоро таҳдид ба амнияти худ меҳисобанд. Дар ин мавзӯъ манфиатҳои ду кишвар бо ҳам меомезанд ва аз ин рӯ имкон дорад, ки масоили марбут ба амнияти минтақа, ба вижа, ҳарду кишвар ва таҳавулоти оянда дар Афғонситон дар меҳвари гуфтугӯҳо бошанд".

Cергей Абашин мегӯяд, ки дар гуфтушунидҳо баррасӣ шудани мавзӯи барои Тошканд муҳим - аз муқовимати Ӯзбакистон ба бунёди тарҳҳои бузурги энерҷӣ дар кишварҳои ҳамсоя - нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ва нерӯгоҳи Қамбарота дар Қирғизистонро ҳам баъид медонад, зеро Чин намехоҳад бо пуштибонӣ аз як кишвар дигар шариконаш дар Осиёи Марказиро нороҳат созад.

Сафари давлатии Ислом Каримов ба Чин ду рӯз – 19 ва 20 август идома хоҳад ёфт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG