Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти 18 сол бисёре аз кафолатҳои зикршуда дар Қонуни асосӣ барои мардум як меваи дастнорас боқӣ мемонад.

Қонуни асосӣ, ки соли 1994, дар айни ҷӯши ҷанги шаҳрвандӣ тасвиб шуд, Тоҷикистонро як кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ ба қалам дода, низоми давлатдориашро иҷтимоӣ таъриф мекунад ва аз ҷумла ҳаққи мардум ба таҳсилу хидмати тиббии ройгонро замонат медиҳад. Аммо Фарангис, як сокини Душанбе мегӯяд, дар асл ҳоло ҳатто дар бемористонҳои "Ёрии таъҷилӣ" бидуни пардохти миқдори пул наметавон табобат гирифт.

Ба қавли ӯ, "тамоми бемористон, тамоми муассисаҳои табобатӣ ҳамаашон пулакӣ шудаанд. Аввал пулро месупоред, баъд табобат мегиред. Ҳатто бемор дар дами марг ҳам бошад, то пул насупоред, кӯмак намерасонанд. Ҳатто дар бемористонҳои «Ёрии таъҷилӣ» низ вазъ ҳамин тавр аст."

Амиқтар рафтани шикоф миёни меъёрҳои Қонуни асосӣ ва воқеиятҳои имрӯзи кишварро бархе аз ҳуқуқшиносон низ тасдиқ мекунанд. Ба бовари онҳо, аслу меъёрҳои ин қонун на танҳо бо зиндагии ҳаррӯзаи мардум, балки ҳатто бо қонунҳои соҳавии кишвар зиддиятҳо дорад.

Президент ба эҳтироми Қонуни асосӣ даъват кард

Шокироҷони Ҳаким

Шокироҷони Ҳаким

Шокирҷони Ҳаким, доктори улуми ҳуқуқушиносӣ, мегӯяд, бар пояи Қонуни асосӣ ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун баробар дониста мешаванд, аммо дар бархе аз қонунҳо барои афроди мансабдор имтиёзҳое қоил шудааст, ки онҳоро аз бақия шаҳрвандони кишвар ҷудо мекунад. Масалан, қонун барои интиқоди мансабдорон ҷазо пешбинӣ мекунад: "Мухолифатҳо миёни меъёрҳои Қонуни асосӣ ва баъзе аз меъёрҳои қонунҳои соҳавӣ вуҷуд дорад. Аз ин ҷост, ки нобаробарии шаҳрвандонро дар назди қонун ва додгоҳ мушоҳида метавон кард. Барои мисол, шахсоне, ки мақоми хидматчии давлатиро доранд, зимни интиқод шудан дар расонаҳо ва матбуот эҳтимолияти боз шудани парванда ва ҷалб шудани шаҳрвандони танқидкунанда ва ба ҷавобгарӣ кашиқдани онҳо пешбинӣ шудааст. Аммо дар мавриди шаҳрванди қаторӣ -- ягон устоди донишгоҳ ё коргар ва ё деҳқон ҳамин гуна амалҳоро раво дида бошанд, чунин муносибатро қонун таъмин намекунад."

Аммо Галия Рабиева, муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, чунин танқидҳоро дуруст намеҳисобад. Хонум Рабиева гуфт, Қонуни асосии кишвар бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ ва арзишҳои миллӣ таҳия ва аз тариқи раъйпурсӣ пазируфта шудааст. Ба ақидаи хонум Рабиева, шояд бархе аз камбудҳо дар ин қонун ҷо дошта бошад, вале азбаски ин санад барои дарозмуддат сохта шуда, камбудиҳояш низ бо мурури вақт ислоҳ мешаванд.

Галия Рабиева

Галия Рабиева

"Моддаҳое, ки вобаста ба таҳқиру тӯҳмат дар Кодекси ҷиноятӣ буданд, бардошта шуданд. Аммо дар Кодекси шаҳрвандӣ ҳифзи шаъну шарафи ҳар як шахс на танҳо шахси мансабдор, балки барои ҳама пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ мо ҳамаамон баробарем",-мегӯяд Рабиева.

Қонуни асосии Тоҷикистон баъд аз касби истиқолият барои аввалин бор дар соли 1994, замоне ки як қисмати аъзами шаҳрвандони кишвар дар ҳоли фирор ба сар мебурданду ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт, қабул шуд. Баъд аз имзои Созишномаи сулҳ миёни Нерӯҳои мухолифин ва ҳукумати кишвар бо мувофиқаи ҳарду ҷониб дар соли 1999 ба Қонуни асосӣ тағйирот ва иловаҳо ворид карда шуд, ки дар пайи он Тоҷикистон соҳиби парлумони думаҷлиса шуда, аҳзоби динӣ низ дар кишвар ҳаққи фаъолият пайдо карданд.

Дар пайи ҳамин тағйирот мӯҳлати фаъолияти раисиҷумҳур аз ду давраи панҷсола ба як давраи ҳафтсола иваз ва таъкид шуд, ки як нафар наметавонад дубора муддаии курсии раёсати ҷумҳурӣ бошад. Аммо дар пайи тағйироти ворида ба Қонуни асосӣ дар соли 2003 мӯҳлати фаъолияти раисиҷумҳур аз як давраи ҳафтсола ба ду давраи ҳафтсола иваз шуд ва Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи ҳифзи курсии президентӣ то соли 2020-ро ба даст овард.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG