Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Танҳо ислоҳи ҷиддии қонуни интихобот метавонад интихоботи ояндаи президентии Тоҷикистонро ба нахустин интихоботи ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ табдил диҳад.

Чунин аст назари аҳзоби мухолифе, ки 14 моҳ қабл аз интихобот хостори таҳрири фарогири қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон шудаанд. Мухолифин мӯътақиданд, ки қонуни ҷорӣ бо мавозини байналмилалӣ муғойират дошта ширкати мусовии ҳама нерӯҳои сиёсиро дар сабқати интихоботӣ фароҳам намекунад. Як талаби умдаи аҳзоби мухолиф ташкили комиссиюни қитъа ва ё участкаҳои райдиҳӣ аз ҳисоби намояндагии баробари аҳзоби сиёсист.

Муҳаммадалӣ Ҳайитов, муовини раиси Ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ гуфт, талабҳои дигари онҳо марбут ба ҷамъоварии имзоҳо ба пуштибонӣ аз номзадҳо ва ҳам ба тартиби шумурдани орост: «Аввалин тағйиру иловае, ки аҳзоби сиёсӣ дар Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ

Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ

Қонуни интихоботи президентӣ мехоҳанд ворид шавад, вуруди намояндагони аҳзоби мухолиф ба участкаҳои интихоботӣ аст. Бояд дар ҳамаи участкаҳо онҳо бошанд. Дуввум, мехоҳем теъдоди имзоҳое, ки бояд ҷамъ оварда шаванд, коҳиш ёбад, ҳадди имзо ба 2 фоиз поён оварда шавад ва аҳзобе, ки дар интихоботи парлумонӣ садди 5 фоизро мегузаранд, бояд аз ҷамъоварии имзо барои номзадҳояшон ба президентӣ озод карда шаванд. Масъалаи дигаре, ки доғ аст, натиҷаи интихобот мебошад. Мо мехоҳем, ки дар робита ба протоколҳо низ тағйиру иловаҳо ворид шаванд.»

Бар пояи қонуни ҷорӣ, довталабоне сабти ном хоҳанд шуд, ки ба ҷонибдории худ имзои панҷ дар сади мардуми соҳиби ҳаққи раъй, яъне зери 200 000 имзо ҷамъ оранд. Муҳаммадалӣ Ҳайитов, муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, бояд номзадҳои аҳзоб аз ҷамъоварии имзоҳои тарафдорон озод шаванд.

Ба ақидаи мухолифин, қонуни феълӣ бештар ба хотири таъмини пирӯзии ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ сохта шуда, дасти назорати дигарандешон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бар раванди интихоботро кӯтоҳ мекунад.

Аммо Галия Рабиева, вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ иддаои аҳзоби мухолифро радд мекунад ва мегӯяд, Қонуни интихоботи президент ҷавобгӯи меъёрҳои демократист. Хонум Рабиева гуфт, ки аҳзоби мухолиф бо ин, заъф ва нотавонии худро дар назди ҷонибдоронашон тавҷеҳ кардан мехоҳанд:

“Вақте шахсҳо пешниҳод доранд, ки он талаботи дарсадии имзоҳо барои пуштибонии номзад аз қонун бардошта шавад, худи ин нишонаи он аст, ки ба номзади худ бовар надоранд, ки метавонад ин миқдор имзоро ҷамъоварӣ кунад. Худ бигӯед, ки агар номзад арзанда бошад, барои ӯ чӣ мушкилӣ дорад ҷамъоварии панҷ фоизи овозҳо? Чунин номзадҳо бояд пеш аз пешбарӣ як бор ба худ баҳо диҳанд, ки ӯ арзанда ҳаст, ки мансаби баландтарин дар ҷумҳуриро ишғол намояд. Дар мавриди иштироки намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаҳову қитъаҳо ҳам бояд бигӯям, ки тақрибан дар ҳамаи онҳо намояндагони Ҳизби Саймуддин Дӯстов, коршиноси тоҷик

Саймуддин Дӯстов, коршиноси тоҷик

коммунист ҳастанд. Ҳизби наҳзати исломӣ бошад, вақте онҳо пешниҳод мекунанд шахсеро, ки тамоман навиштан наметавонад. Оё ин ҳизбҳо ин қадар шахсони босаводу таҷрибадорро доранд, ки корҳоро ташкил карда тавонанд. Ман баъзеи онҳоро дида будам дар комиссияҳо, ки ҳатто протоколҳоро пур карда наметавонанд».

Бо ин ҳол рӯшан нест, ки пешниҳоди аҳзоби мухолиф барои ислоҳи Қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пазируфта мешавад ё хайр. Саймиддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии «Индем» мӯътақид аст, ки пешниҳодҳои асосии аҳзоби мухолиф барои ислоҳи қонуни ҷорӣ аз тарафи ҳукумат ба инобат гирифта намешавад. Оқои Дӯстов мегӯяд, махсусан ташкили комиссиюни участкаҳо аз ҳисоби намояндагии баробари аҳзоб ба манфиати ҳизби ҳукмрон нест:

«Тақрибан ҳеҷ яке аз пешниҳодҳое, ки ҷиддӣ аст, дар низоми ташкил додани қитъаҳои интихобот, дар ташаккули комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ, ки дар он аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил бошанд, тарзи пур кардани протоколҳо ва ба навор гирифтан дар тақрибан севуним ҳазор қитъаҳои райдиҳӣ, ин пешниҳодҳои корӣ, воқеан ҳам метавонанд то дараҷае интихоботро шаффоф доир кунад, бинобар ин ҳукумати кунунӣ ба онҳо ҳаргиз розӣ намешавад. Ман бар ин назарам, ки чанде аз пешниҳодоти ҷузъии ин аҳзоб, ки дар натиҷаи интихобот таъсир намегузорад, бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ шояд бо ҳукумат мувофақа ва қабул шавад. Ба хотири онки нишон диҳанд, дар мо ҳам интихобот вуҷуд дорад».

Интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон қарор аст моҳи ноябри соли 2013 доир шавад. Нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 доир шуда буд, ки дар он Раҳмон Набиев аз миёни 9 довталаб бо касби наздики 60 дарсади оро баранда эълон шуд. Дар се интихоботи баъдии раёсати ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баранда шуд, вале ҳеҷ кадоме аз ин райъгириҳо ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи пуррақобат ва демократӣ шинохта нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG