Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи рӯзи 6 ноябри президентии ИМА, ҳусни анҷоми корзори хеле пуршӯри номзадҳост, вале расман ҳанӯз поёни ин роҳ нест.

Интихоботи “ғайримустақим”

Амрикоиҳо рӯзи 6 ноябр фақат 538 вакили маҷлиси интихобкунандагонро мушаххас мекунанд, ки бояд ҳар кадом раъйи худро ба номзади пирӯз дар аёлати худ бидиҳад. Барои мисол, Калифорния - пурҷамъияттарин аёлати Амрико – ба ин маҷлис 55 вакил, вале пойтахт- Вошингтон –ҳамагӣ 3 вакил мефиристад.

Албатта, ин вакилон мукаллаф нестанд, ки ҳатман ба номзади мавриди назари аёлаташон овоз диҳанд ва дар гузашта як ё ду мавриде ҳам буд, ки вакилон усулан раъйи баръакс ҳам доданд. Вале асосан номзаде барои 4 сол ба Кохи Сафед меравад, ки раъйи дастикам 270 вакилро ба даст меорад. Кертис Ганс, профессори улуми сиёсии Донишгоҳи Вошингтон мегӯяд: “Ин интихобкунандагон аъзои Конгресс дар ҳар аёлатанд – ду вакили Сенат ва шумори бештар - аз аҷлиси намояндагон. Ва онҳоро дар аёлатҳо ҷониби ғолиб, ки тамоми овозҳоро ба даст меорад, интихоб мекунад.”

Маҷлиси интихобкунандагон ҳанӯз соли 1787 аз сӯи муаллифони Қонуни Асосии Амрико ҳамчун як миёна байни тарафдорони интихоботи мустақими президент ва интихоби ӯ дар Конгресс таъсис ёфта, бо ироаи нуфузи бештар дар интихобот ба аёлатҳои кӯчак мувозинат байни аёлатҳои пурҷамъият ва хурдро ҳифз мекунад.

Дар ду маврид - соли 1876 ва соли 2000 – аксарияти оро ва ба ин тартиб, курсии раҳбарии Амрикоро Резерфорд Ҳайес ва Ҷорҷ Буши хурдӣ дар ҳоле ба даст оварданд, ки мардум ба рақибони онҳо раъйи бештар дода буд. Маҷлиси интихобкунандагон дар соли 1800 ба ҳарду номзад – Томас Ҷефферсон ва Аарон Барр – овози баробар дод ва Маҷлиси намояндагони Конгресс, ки дар чунин сурат, тибқи қонун, салоҳияти интихоби президентро ба даст мегирад, Ҷефферсонро пазируфт. Соли 1824 аз 4 номзад ҳеҷ кадомаш аксарияти ороро нагирифт ва ин бор ҳам Маҷлиси намояндагон дахолат кард.

Насруллоҳ Хӯҷаёров, устоди собиқи донишгоҳи Индиана ва феълан барномасози ширкати “Transferring languages” дар Вошингтон мегӯяд: “Албатта, шароити интихобот дар Тоҷикистону дар Амрико муқоисанашаванда аст, чунки дар Амрико то охирин лаҳза касе намедонад, ки кӣ интихоб мешавад. Дар интихоботҳои Тоҷикистон аз соли 1994 ба ин тараф ҳама медонем, ки интихобот ҳанӯз нагузашта, ғолибаш аз пеш маълум аст.”

“Ҳафт хон”-и Ромнӣ

Аммо Маҷлиси интихобкунандагон танҳо марҳалаи ниҳоии ин корзори пуршӯр аст, ки дар Амрико камокон ду сол давом мекунад. Барак Обама ба ҳайси раисиҷумҳури фаъол аз оғоз танҳо номзади ҳизби демократ буд, вале бо ин вуҷуд, азмаш барои ширкат дар интихоботро ҳанӯз дар апрели соли 2011эълон кард.

Ба фарқ аз ӯ, Митт Ромнӣ то ин рақобати ниҳоӣ бо Обама мулзам буд, аз “ҳафт хон”-и ҳизби ҷумҳурихоҳ гузарад. Интихоботи муқаддамотии номзади ҳизби мухолиф дар ҳар аёлат алоҳида мегузарад. Шиддати ин раъйгириҳо низ ба ҳеҷ сурат аз интихоботи ниҳоии раёсатҷумҳурии Амрико кам намеояд ва номаи аъмоли ҳар номзадро чунон такурӯ мекунанд, ки ҳатто резатарин ҷурми дар овони тифлӣ содиркардааш аз назари ҷомиа пинҳон намемонад ва оне, ки доғе дар зиндагиаш ифшо шуд, маҷбур мешавад пеш аз марра тарки сабқат кунанд. Барои мисол, иттиҳоми хиёнат ба ҳамсараш соҳибкори сиёҳпӯст Ҳерман Кейнро аз корзор шармандавор берун кард.

Меҳрубон Аминов, як муҳақиқи тоҷик, ки дар аёлати Вирҷиния улуми сиёсӣ, аз ҷумла низоми интихоботии Амрикоро меомӯзад, ба Радиои Озодӣ гуфт, гузаштан аз ин чанд ғалбер эҳтимоли ба мақоми раҳбарии бузургтарин қудрати дунё роҳ ёфтани шахсони тасодуфӣ ва ё нопокро тақрибан аз байн мебарад: “Агар номзад суст бошад, ё аз ӯҳдаи кор набарояд, ӯ ҳатман дар аввали корзор аз байн бардошта мешавад. Ҷумҳурихоҳон, барои мисол, дар оғоз 6-7 номзад доштанд, вале ба ғайри Ромнӣ дигарон зуд аз ин маърака берун шуданд. Шояд лаёқаташон камӣ кард, ё доғе дар зиндагиашон фош шуд, ки зуд номзадии худро пас кашиданд.”

Як бовари роиҷ ин аст, ки барои курсии президенти Амрико танҳо ду номзад аз ду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ мубориза мебаранд. Дар асл, шумори муддаиёни ин курсӣ хеле бештар аст, вале шонси пирӯзии номзадҳо аз аҳзоби хурду резае, чун ҳизби Қонуни асосӣ, ҳизби адолат, ҳизби ислоҳот, ва номзадҳои мустақиле, ки низ миллионҳо долларро сарфи ин корзор мекунанд, хеле ночиз аст. Ва рақобати асосӣ боз ҳам байни ду ҳизб мегузарад, ки ин дафъа яке рӯи Обама ва дувумӣ рӯи Ромнӣ ангушти ҳисоб гузоштаанд.

Баҳсҳри рӯбарӯ ва бепарда

Нуқтаи авҷи рӯёрӯии Обама ва Ромнӣ, бидуни шакк, се баҳси рӯбарӯи телевизионии онҳо буд. Ҳар як аз ин баҳсҳоро, бино ба ҳисобҳо, танҳо дар Амрико беш аз 40 миллион нафар тамошо кардаанд. Насруллоҳ Хӯҷаёров мегӯяд, орзу дорад, ки кош, дар интихоботҳои Тоҷикистон низ шоҳиди чунин баҳсҳои доғи номзадҳо шавем: “Ҳам рӯзноманигорону ҳам мардум метавонистанд ҳар суоли дилхоҳро ба номзадҳо бидиҳанд ва мустақим ҷавобашро шунаванд. Дар Тоҷикистон ман чунин чизро надидаам дар умрам ва ҳам нашунидаам, ки шуда бошад. Албатта, хеле хуб мешуд, ки дар Тоҷикистон ҳам чунин баҳсҳо доир кунанд, вале намедонам, ки мо оё кай ба ин рӯз хоҳем расид.”

Аммо Меҳрубон Аминов ба натиҷаи дилхоҳ додани баҳси номзадҳо дар кишварҳои худкомаи Осиёи Марказӣ чандон бовар надорад: “Дар Тоҷикистон номзадҳо то андозае аз танқиди режими ҳозира метарсанд. Баҳс ҳам шавад, чизе нахоҳанд гуфт. Инҷо бубинед, ки Ромнӣ хесту аз гиребони Обама гирифт, и ҳеҷ кор аз дастат намеояд, ҳамаро хароб кардӣ ва ман агар биоям, беҳтар аз ту кор хоҳам кард. Дар Осиёи Марказӣ фикр намекунам, ки ягон номзад ҷуръат кунаду дар рӯи президент бигӯяд, ки аз дасти ту коре наомад ва ман беҳтар аз ту мекунам.”

Кохи "Миллат"

Кохи "Миллат"

Ба ақидаи Насруллоҳ Хӯҷаёров, як сабақи умдае ки Тоҷикистон метавонад аз интихоботҳои Амрико бардорад, таҷрубаи табдили демократии қудрат аст, чунки ягон президент дар ин кишвар ҳаққи беш аз ду давраи чорсолаи раёсатро надорад ва сарфи назар аз хидматҳояш баъди ин ду давра бояд канор биравад. Оқои Хӯҷаёров мегӯяд, интихоботи демократӣ ба нафъи ҳокимон ҳам ҳаст, чунки эҳтимоли ғасби базӯрии қудратро аз ҷониби нирӯҳои дигари қудратталаб коҳиш дода, набард барои қудратро дар майдони қонунӣ, яъне интихобот, маҳдуд мекунад: “Агар интихоботи воқеъӣ шаваду дигаргунӣ шавад ва як нафари дигар ба сари қудрат биояд, ин шиддати иҷтимоиро хеле паст мекунад. Мардум дар Тоҷикистон агар фаҳмад, ки бо роҳи демократӣ метавонад раҳбариятро тағйир диҳад, даст ба терроризму роҳҳои дигари хушунатомез намезанад. Мардум ҳоло ноумед аст,чунки ягон роҳи қонунии гуфтани райъи худ ва интихоби раҳбари худро намебинад. Зарари ин пеш аз ҳама ба худи доираҳои ҳоким мерасад, чунки дар ошӯбу инқилобҳо бештар ҳамин раисону авлоду онҳо ва атрофиёнашон шикаст мехӯранд.”

Ду миллиард доллар барои интихобот!

Интихоботи Амрико корзоре хеле пурҳазина аст. Бино ба бароварди “The New York Times”, Барак Обама то 17 октябр барои пешбурди маъракаҳои пешазинтихоботиаш 1 миллиарду 68 миллион доллар пул ҷамъ оварда, алакай 852 миллионашро харҷ кардааст. Сандуқи Митт Ромнӣ андаке камтар – “ҳамагӣ” 1 миллиарду 45 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 752 миллионаш алакай сарфи корзори номзади ҷумҳурихоҳон шудааст.

Меҳрубон Аминов мегӯяд, сарфи маблағҳои бузург танҳо паҳлуи интихоботи Амрикост, ки ӯ барои Тоҷикистон орзуяшро намекунад, чунки кишвари фақире, чун Тоҷикистон, бояд ба кӯрпаи худ нигоҳ карда, пой дароз кунанд. Вале ӯ меафзояд, як чизи дигари омӯхтанӣ барои Тоҷикистон аз сарфи ин пулҳо дар интихоботи Амрико шояд аҳамияте бошад, ки ҳар номзад ба овози мардум қоил аст: “Халқ аҳамияти зиёд дорад. Баъзаш ҷумҳурихоҳанд ва сарфи назар аз ин ки номзади ҷумҳурихоҳ кист, ба ӯ раъй медиҳад. Ҳамин тавр, онҳое ки демократанд, низ ба номзади демократ овоз медиҳанд. Аммо дар ин байн чанд миллион мардуми дудила ҳам ҳаст, ки метавонад вобаста ба шароит ва ваъдаҳои номзадҳо ба ин ё он соҳил тоб хӯрад ва номзадҳо асосан барои ҷалби овози ҳамин чанд миллион ин қадар нерӯву пул ба харҷ медиҳанд.”

Ин мусоҳиби мо тартиби шаффофи шумурдани оро дар интихоботи Амрикоро як нуқтаи дигари қобили пайравӣ медонад ва мегӯяд, бо вуҷуди фарқи маъмулан хеле ками овозҳо номзаде ки шикаст мехӯрад, ҳеҷ гоҳ ба пирӯзии рақибаш шакк намеорад. Дар Осиёи Марказӣ аз номзади ҳизби ҳоким гӯё 80- у 90 дарсади мардум ҳимоят мекунанд, вале эълони ин пирӯзиҳо ҳамеша ҳамроҳ бо иттиҳоми тақаллуби фаровонест, ки як доғи ношустанӣ дар домани ин ҳокимон шудааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG