Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯфтани хешу табор, “3 дугона” ва сенарияҳои дигари 2013


Эмомалӣ Раҳмон корзори пеш аз интихоботиро ғолибан аз “рӯфтан”-и хешовандон аз мақомҳои баланд шурӯъ хоҳад кард.

То интихоботи навбатии раисиҷумҳури Тоҷикистон як солу чанд рӯзи дигар мондааст. Бисёриҳо ба ин ки Тоҷикистонро як корзори нисбатан гармтаре дар пеш аст, шак надоранд ва ҳам мӯътақиданд, ки дар меҳвари ин маърака ғолибан боз ҳам шахси Эмомалӣ Раҳмон қарор хоҳад гирифт. Вале пешбиниҳо дар бораи ба чӣ шаклу наҳв ба интихоботи соли 2013 рафтани раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон мухталиф аст.

Кӣ хоҳад рафт, кӣ хоҳад монд?

Эмомалӣ Раҳмон корзори пеш аз интихоботи соли 2013-ашро ғолибан аз “рӯфтан”-и хешовандони наздикаш аз мақомҳои баланд шурӯъ хоҳад кард. Ба гуфтаи манобеи огоҳ аз ҷараёни омодагиҳо ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, шояд Раҳмон алакай дар ҷаласаи солонаи ҳукумат дар моҳи январ ва ҳатман дар мазҳари ом асосан он наздиконаш, ба мисли вазири энержӣ Шералӣ Гулро, ки алакай ба синни нафақа расидаанд, қурбон кунад.

Ин манобеъ мегӯянд, 20 сол боз давом кардани буҳрони барқу то ҳол дар ҳаво мондани ваъдаи сохтани нерӯгоҳи Роғун ва, инак, ақибнишинии Душанбе дар баҳси пойгоҳи 201 бо Русия барои Раҳмону атрофиёнаш қартаи дигари коромаде ба ҷуз ин боқӣ намегузорад, ки сенарияи “шоҳи одилу вазирони золим”-ро боз ба бозӣ бидарорад.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо, раҳбари маркази таҳлилии “Бозтоб” мегӯяд, чунин бозии идорашаванда қаблан дар Қазоқистон ҳам таҷруба шуда, ба раиси он ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев аз саҳна рондани домодаш Роҳат Алиев сӯди сиёсии қобили мулоҳизае ҳам оварда буд: “Чун ӯ натавонист дар масоили дигар истодагарӣ кунад, як даричаи дигаре барояш боқӣ мемонад, ки он ҳам роҳи Назарбоев аст. Яъне муборизаи идорашаванда бо наздикону хешовандони худ, ки дасти дарози онҳо дар умури давлативу дар майдони тиҷорат як антипатияи фарогирро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овардааст.”

Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, аз вуҷуди кадом сенарияи поккории ҳукумат аз хешу табори президент изҳори беиттилоӣ кард ва гуфт, тағйироти кадрие ҳам агар дар ҳайати кобина сурат бигирад, батадриҷ пиёда хоҳад шуд: “Ба фикрам, ба таври глобалӣ ва якбора шояд нашавад, балки оҳиста-оҳиста. Якбора шумори зиёди кадрҳои иваз намекунанд, чунки кор кардаанд, таҷриба доранд дар ҳамон вазифаҳое, ки нишастаанд.”

“Надорам тӯҳфае аз ин қиматтар”

Манобеи огоҳ аз рафти мулоқоти ахири сарони Тоҷикистону Русия мегӯянд, бо вуҷуди дар зодрӯзи шастуми Эмомалӣ Раҳмон иттифоқ уфтодани ин дидор, Владимир Путин кадом аҳди қотеи ҳимоят аз номзадии ӯро дар интихоботи соли оянда надода, балки танҳо бо ваъдаи дахолат накардани Кремл дар ин корзор иктифо кардааст. Ҳарчанд бисёриҳо аз имтиёзҳои кӯчаке, ки Душанбе дар ивази гузашти бузургаш дар масъалаи пойгоҳ гирифт, чунин рамӯз гирифтанд, ки шояд ин ақибнишинии Раҳмон як навъ нархи “ок”-и Маскав ба номзадии ӯ дар интихоботи соли 2013 бошад.

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон
Чунин ваъдаи ноустувори Маскав, ки як бозигари асосии хориҷӣ дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон боқӣ мемонад, Душанберо ба баррасии сенарияҳои дигар маҷбур мекунад. Раҷаби Мирзо дар матлабе бо номи “Интихоботи президентӣ: Аз А то Я” дар нашрияи “Фараж” аз вуҷуди дастикам 3 сенарияи эҳтимолӣ барои интихоботи соли 2013 менависад. Усули “елтсинӣ”, яъне билохира рӯи як вориси мушаххас ангушт гузоштани Эмомалӣ Раҳмон, роҳи “озарӣ” – интиқоли қудрат ба яке аз фарзандон ва варианти “путинӣ” - барои як давраи раёсат ҷойгузини худ кардани нафари вафодоре, ки бо гузашти 7 сол қудратро бо ду дасти адаб ба ӯ баргардонад.

Раҷаби Мирзо мегӯяд: "Шояд яке аз ин роҳҳо истифода шавад. Бештар вобаста аст аз вокуниши кишварҳои ғайр. Дар инҷо ҳанӯз тасмимҳои ниҳоӣ гирифта нашудааст ва фурсату имконоти қудратҳои аслӣ ҳам ҳанӯз рӯшан нест."

Аммо Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, гумон аст, ки Раҳмон ҳоло таваккал ба роҳи “озарӣ” кунад: “Ин бештар овоза аст, лекин ҳозир имкони пешбарии ягон фарзандашро надорад. Писараш намешавад, чунки 35-сола нашудааст. Духтаронашро ҷомеа қабул намекунад. Албатта, ҳатто агар ҳар нафарро пешбарӣ кунанд, коммиссияҳои интихоботӣ ӯро “мегузаронанд.” Лекин баъд оё аз ӯҳдаи идораи кишвар мебарояд ё не, бояд рӯи оқибатҳои ин фикр кунанд.”

“Се дугона”-ро дар Маскав фикр кардаанд?

Раҳматуллоҳ Зоиров
Раҳматуллоҳ Зоиров
Раҳматуллоҳ Зоиров, ҳамин тавр, дар бораи вуҷуди сенарияҳои бештаре дар пешорӯи интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбат мекунад. Ҷаноби Зоиров мегӯяд, агар ҳадафи мақомоти Душанбе ҳифзи Эмомалӣ Раҳмон дар раъси кишвар барои боз 7 соли дигар бошад, бозигарони дигар, бахусус дар Маскав ба дурнамоҳои фаротар аз шахси танҳо як Раҳмон фикр мекунанд: “6-7 сенария чарх мезанад дар маҳфилҳо. Сенарияе ҳаст, ки алакай 4-5 ворис пайдо кардаанд. Сенарияи “три двойки” ё “се дугона” пайдо шудааст, яъне як номзади дунявиҳо ва яке аз аҳли дин, барои мисол, Убайдуллоев ва Тӯраҷонзода. Дугонаи дигар аз ҳизбҳои сиёсӣ ва севумаш сар карда аз Шукурҷон Зуҳуров то намояндагони қудратиҳо, чун Саидамир Зуҳуров. Аммо ин сенарияҳоест, ки бештар Русия баррасӣ карда истодааст барои интихоботи Тоҷикистон.”

Вале мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ин сенарияҳоро бепоя ва бештар бофтаи тахайюли расонаҳо ва нерӯҳои манфиатҷӯ медонанд. Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби ҳоким ҳам гуфт, ҳизби халқӣ-демократӣ алакай номзади худро мушаххас кардааст ва ӯ Эмомалӣ Раҳмон аст: “Ҳамчун кормандони масъули ҳизбӣ мақсади мо ва умуман нақшаи мо ҳамин аст, ки ҷаноби олиро дубора пешбарӣ кунем. Он тарафаш ба худи ҷаноби олӣ вобаста аст, ки чӣ тасмим мегирад.”

Душанбе ба хотири ҳадди ақал дар зоҳир демократӣ ҷилва додани интихобот ба корзори соли 2013 ҳам чанд номзад аз аҳзоби “кисагӣ”-еро, ки дар интихоботҳои қаблӣ алакай нақши ба истилоҳ “рақиб”-и ҳизби ҳокимро бозӣ карда буданд, роҳ хоҳад дод. Аммо ҳеҷ кадоме аз аҳзоби воқеии мухолиф ҳанӯз аз азми қотеи худ барои ширкат дар ин маърака дарак надодааст. Раҳматуллоҳ Зоиров мегӯяд, дар ҳоли ҳозир тамоми талоши онҳо рӯи ислоҳи қонуни интихобот аст, чунки бе тағйири ин қонун ва бидуни ташкили ниҳодҳои интихоботӣ бар асоси намояндагии баробари тамоми ҳизбҳо ширкати мухолифин дар интихобот маъно надорад. Бидуни ширкати мухолифин, бахусус ҳизби наҳзати исломӣ, ки тавонист дар интихоботи парлумонии соли 2010 овози зиёди эътирозиро ба худ ихтисос диҳад, гумон аст, нозирони ғарбӣ интихоботи навбатӣ дар Тоҷикистонро ҳам пуррақобат ва ҷавобгӯи меъёрҳои як интихоботи демократӣ бишиносанд. Аммо масъала ин аст, ки таъйиди байналмилалии машрӯияти интихоботи соли 2013 барои мақомоти Душанбе то куҷо аҳамият дорад?
XS
SM
MD
LG