Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоиров: Имзои созишнома ба нафъи ҳукумат аст, на мардум


Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон

То сӣ соли дигар боқӣ мондани пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон бо вокунишҳои мухталифи маҳофили сиёсӣ рӯбарӯ шудааст.

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои 30 соли дигар боқӣ мондани пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба манфиати раҳбари ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз нигоҳи раҳбари сотсиал-демократҳо, аз имзои ин созишнома Тоҷикистон ва мардуми он бурд нахоҳанд кард.

"Бисёр мушкил ба назар мерасад, ки Тоҷикистон дар ивази ин тавофуқ амалан чизе ба даст орад",-гуфт Зоиров. Зеро ба бовари ӯ, то кунун 170 санаду қарордоди дуҷониба миёни Тоҷикистону Русия ба имзо расида, аммо аксарияти кулли онҳо иҷро нашудаанд.

Ба ин далел, ҷаноби Зоиров гуфт, "он чӣ ҷониби Русия эълом кард, ки ба Тоҷикистон дар заминаи дифоӣ ва энергетика ва саноат кӯмак хоҳад кард, воқеӣ ба назар намерасад ва эҳтимол дорад, танҳо даҳ дарсад иҷро шавад. Он чӣ тавофуқ шуд ва Владимир Путин ваъдаи омодагии кӯмак ба Тоҷикистонро кард, бештар ҷанбаи идеологӣ ва таблиғотӣ дорад."

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили порлумон (аз тарафи рост)
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили порлумон (аз тарафи рост)
Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро дар муқоиса ба пойгоҳи кишварҳои дигар "безарар" медонад. Ҷаноби Кабирӣ пас аз чанд лаҳзаи тавофуқи Душанбеву Маскав дар бораи то соли 2042 боқӣ мондани пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо гуфт, ин пойгоҳ дар қаламрави Тоҷикистон камтарин зарар дар муқоиса ба вуҷуди пойгоҳҳои кишварҳои дигар дар Тоҷикистон аст.

Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳамзамон вакили Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон аст, гуфт, "агар қарордодҳои ба имзорасида, бахусус дар заминаи воридоти маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти гумрукӣ, кӯмак ба сохторҳои қудратӣ ва дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир мавриди иҷро бирасанд, пас, ин тавофуқро бурди ҳар ду тараф гуфтан мумкин аст."

Раҳбари ҲНИТ бо он ки зидди ҳузури пойгоҳи кишвари бегона дар кишвари дигарест ва онро зери суол бурдани истиқлоли он кишвар медонад, аммо мегӯяд, дар масъалаи Русия "истисноҳое ҳаст". Дар ҳоле, ки ба таъкиди вай, Русия аз садҳо соли пеш дар Тоҷикистон буд ва ҳузури низомӣ дошт. Ҳамзамон Муҳиддин Кабирӣ, мегӯяд, шояд яке аз омилҳои тавофуқ бар сари 30 сол низ ба интихоботи президентии 2013 низ рабт дошта бошад, аммо он чӣ тарафҳо расман эълом кардаанд дар заминаи кӯмаки Русия дар заминаи воридоти маҳсулоти нафтӣ ва кӯмак ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон, худ мантиқист.

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия
Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия
Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев низ ба хабари имзошавии созишнома оид ба пойгоҳи низомии Русия вокуниш кард. Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, ки ҳоло дар Душанбе ба сар мебарад, дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз матни комили созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистонро “бо чашми худ надидааст”.

Достиев: "Варианти охирине, ки ҳамин шаб то рӯз нишаста кор карданд ва ҳоло ба имзо расид, ҳанӯз дар дасти ман нест."

Озодӣ: Роҷеъ ба мӯҳлати тӯлонӣ, яъне то 30 сол ҳузур пайдо кардани пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон чӣ назар доред?

Достиев: "Мӯҳлате, ки мегуфтанд, он нест. Ба фикрам, як мӯҳлати қобили қабул ҳам аз ҷониби мо ва ҳам аз ҷониби онҳо аст. Яъне, ба як хулоса омаданд."
XS
SM
MD
LG