Пайвандҳои дастрасӣ

ҲХДТ барои таблиғи номзадаш аз фейсбукиён кӯмак хост


Дар акс: Лаҳзае аз анҷумани муассисони "Созандагони Ватан"

Дар акс: Лаҳзае аз анҷумани муассисони "Созандагони Ватан"

Ҳаводорони ҲХДТ аз ҷавонони фаъол дар Интернет хостаанд, ки дар таблиғи номзади эҳтимолии ин ҳизб саҳм бигиранд.

"Созандагони Ватан", созмони ҷавонони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), бо пахши муроҷиатнома дар Фейсбук ва Одноклассники аз корбарони фаъол хостааст, дар марҳилаи пешазинтихоботӣ ба тарғиби номзади эҳтимолии ин ҳизб "кӯмак" кунанд.

Адҳам Мирсаидов, раҳбари ин созмон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он ки ҳизби ҳоким аксарияти курсиҳоро дар порлумон соҳиб аст, ба дастгирии ҷавонони ташаббускор ва ҳам корбарони фаъоли Интернет эҳтиёҷ дорад. Ӯ афзуд, "ташкилоти мо, ки қаноти ҳизби ҳокими кишвар аст, тасмим гирифт, барои омода будан ба маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар интихобот, саҳифаи худро таъсис диҳад. Мо мақсад дорем, нисбат ба бархе ҷавононе, ки баъзан ҳар гуна фикру андешаҳо баён мекунанд, ҷавобҳои муносиб гардонда тавонем ва истодагарӣ намоем."

Адҳам Мирсаидов (Акс аз Фейсбук)

Адҳам Мирсаидов (Акс аз Фейсбук)

Бояд гуфт, дар Фейсбук хонандагон ба чунин даъвати "Созандагони ватан" ба гунаҳои мухталиф вокуниш кардаанд. Аммо чуноне мушоҳида мешавад, аксариятро ин пешниҳод хуш наомада ва онҳо мавқеи худро нисбат ба ин ҳизб ба лаҳни шадид баён доштаанд. Вале фаъолони "Созандагони ватан" низ зоҳиран барои гардондани "ҷавоби муносиб" ба ин хонандагон хомӯширо ихтиёр намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, созмони "Ҷунбиши миллӣ", ки махсус барои интихоботи 2013 дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук зуҳур кардааст, низ аз истифодабарандгони ин сомона, ирсоли акс ва рамзу наворҳои ҷолиби тарғибкунандаи интихоботи шаффофи президентиро дархост кардааст.

Зимнан, бо вуҷуди он ки то интихоботи президентӣ ҳанӯз як соли дигар мондааст, аз ҳоло шабкаҳои иҷтимоӣ дар Интернет ба як минбари таблиғотии аҳзоб ва саҳнаи бархӯрдҳои сиёсӣ тадбил шудаанд. Аз ҷумла, бахши "Платформа" ва ё "ҳукумат ва порлумони виртуалӣ"-и Фейсбук ба ҳайси ҷойгоҳе барои шиносоии гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ ба таври густарда истифода мешавад.

Хуршеди Атовулло

Хуршеди Атовулло

Хуршеди Атовулло, таҳлилгари тоҷик, истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро ба ҳайси абзори таблиғотӣ, яке аз тафовути аслии интихоботи навбатии президентӣ медонад. Ӯ мегӯяд, "масалан, маҳз дар Фейсбук хеле зиёд дар мавриди муаррифии "Гурӯҳи 24" ҳисса мегузоранд ва ҳамчунин дар ду бахши ин сомона Додоҷони Атовулло раҳбари гурӯҳи "Ватандор" ҳам фаъолона ширкат меварзад. Агар ин шабакаҳо ба мисли ҳоло фаъолият кунанд ва дастрасии омма ба онҳо бештар бошад, онҳо бештар аз нашрияҳои мустақили сиёсӣ рӯи афкори мардум таъсир хоҳанд гузошт."

Дар ҳамин ҳол, аз нигоҳи Шокирҷони Ҳаким, коршинос ва муовини раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба дастрасии теъдоди ками сокинон ба интернет, таблиғот бо ин васила чандон муассир нест. Аммо аз сӯи дигар, ба гуфтаи ин таҳлилгар, "ҳизби ҳоким ягон монеа дар истифодаи расонаҳои хабарӣ, матбуоти даврӣ ва ҳам ва технологияи муосири дохили кишварро надорад ва он ниёз ба таблиғоти иловагӣ надорад. Бинобар ин, чунин талошҳо метавонад аксуламал бидиҳад. Аммо ҳизбҳои дигар ва баъзе ҷунбишҳое, ки нияташон мукаммалтар намудани низоми сиёсӣ аст, таъсири бештар дорад. Мардуме, ки дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ доранд, кӯшиш мекунанд, бо ҳар роҳ хондаашонро таҳаммул кунанд ва дар баҳсҳо истифода баранд, то ки афкори ҷомеаро тағйир диҳанд."

Шокирҷони Ҳаким

Шокирҷони Ҳаким

Рустам Маҷидов, яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, истифодаи интернетро ба ҳайси тағйири мавқеъгирии раъйдиҳандагон кори бефоида медонад. Зеро ба гуфтаи ӯ, сокинон аксаран ба фаъолияти номзадҳо тавваҷҷӯҳ мекунанд, то ба таблиғи хушку холӣ дар шабакаҳо. Аммо дар баробари ин, Рустам ба як нуктаи дигар ишора мекунад: "Агар дар солҳои аввали 90-уми асри гузашта дар нуқтаҳое, ки мардум зиёд ҷамъ меомаданд, аз тариқи чархбол варақаҳои интихоботӣ партофта мешуданд, барои ширкат дар ин маърака. Ҳоло ҷойи ҳамин варақаҳоро шабакаҳои иҷтимоӣ то ҷое гирифтаанд. Шояд ҳамин раванд миқдори бештари интихобкунандагнро ба маъракаи интихоботӣ ҷалб намояд."

Ҳоло 40 ҳазору 780 сокини Тоҷикистон дар Фейсбук сафҳа доранд ва шумораи корбарони ин шабака аз Тоҷикистон дар ду ҳафтаи охир наздик ба 20 дарсад бештар шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG