Пайвандҳои дастрасӣ

Матни пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи афв"


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Бо дархости хонандагони зиёди Радиои Озодӣ матни пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв»-ро нашр мекунем.

Хонандагони зиёди Радиои Озодӣ хоҳиш кардаанд, то матни пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв»-ро нашр кунед. Ин қонуни афв, ки рӯзи 29 октябр аз сӯи Маҷлиси намояндагон, порлумони Тоҷикистон қабул шуда, билофосила ҳамон рӯз аз тарафи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, аз зиндонҳо ва аз масъулияти ҷиноӣ раҳо кардани то 10 000 нафар маҳбус ва афроди таҳти тафтиш ё таъқибро дар назар дорад.

Ин афв ба муносибати 20-солагии тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон қабл мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв»

Моддаи 1

Шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае, ки аз чор се ҳиссаи ҷазои бо ҳукми суд таъиншударо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ воқеан адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд.

Моддаи 2

Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд:

1) Занон.

2) Ноболиғон.

3) Мардони аз синни 55 боло.

4) Маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил - стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда.

5) Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд.

6) Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.

7) Шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизматро тарк кардаанд, аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат бо роҳи худсарона баромада рафтан фирор кардаанд, агар онҳо ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ баргарданд, инчунин шахсоне, ки аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар саркашӣ кардаанд.

8) Шаҳрвандони хориҷӣ.

Моддаи 3

Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъиншуда аз адои ҷазо озод карда шаванд.

Моддаи 4

Маҳкумшудагони зерин аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шаванд:

1) Маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ва ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда таъин карда шудаанд.

2) Маҳкумшудагоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрумӣ аз озодиашон то як солу шаш моҳ боқӣ мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида, ба истиснои шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 61-67, 104, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961), қисми 2 моддаи 104, қисми 3 моддаи 138, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 179, қисми 2 моддаи 1791, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 1792, қисми 2 моддаи 1793, моддаҳои 187, 305, 306, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 307, қисми 3 моддаи 3072, моддаҳои 308, 309, 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористидошта вобаста бошад) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум гардидаанд.

Моддаи 5

Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо ё адои ҷазо озод карда шаванд:

1) Агар нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад.

2) Агар нисбати онҳо ҷазо шартан татбиқ накарда шуда бошад.

3) Агар онҳо шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шуда бошанд ё ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истода бошанд.

4) Агар онҳо шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод шуда бошанд.

5) Агар онҳо ба ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шуда бошанд.

6) Агар онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбининамуда маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намуда бошанд.

7) Заноне, ки ҷинояти одамкуширо дар натиҷаи муноқишаҳои оилавӣ содир намуда, аз се ду ҳиссаи ҷазои бо ҳукми суд таъиншударо воқеан адо карда бошанд.

Моддаи 6

Пешбурди парвандаҳои ҷиноятии зерин, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шавад:

1) Оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаи 2 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд.

2) Нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд.

3) Нисбати шахсоне, ки қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд.

4) Нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)-ро содир карда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намудаанд.

Моддаи 7

Мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагони зерин, ки таҳти амали моддаҳои 1, 2, 4, банди 6) моддаи 5 Қонуни мазкур қарор намегиранд, ба истиснои маҳкумшудагоне, ки дар моддаҳои 8 ва 16 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, кам карда шавад:

1) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст ё аз рӯи ҷазои ҷиноятии қаблан таъиншуда доғи судиашон барҳам нахӯрдааст ва боз барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз ду як ҳисса.

2) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз се як ҳисса.

3) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз чор як ҳисса.

4) Ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагоне, ки то содир кардани ҷиноят дар мақомоти адлия, судӣ, прокуратура, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ хизмат кардаанд, ба истиснои маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои дар бандҳои 1) ва 2) моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинишударо содир кардаанд - се солӣ.

Моддаи 8

Муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур нисбат ба маҳкумшудагони зерин татбиқ карда намешаванд:

1) Шахсоне, ки бо моддаҳои 61-70, 74, 104 ва 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) маҳкум шудаанд (ба истиснои занон ва ноболиғон).

2) Шахсоне, ки бо моддаҳои 104, 1301, қисми 3 моддаи 138, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, 188, 189, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 195, моддаи 199, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 248, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 249, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 250, моддаҳои 305-310, 313, 331, 332, қисми 2 моддаи 335, қисми 2 моддаи 3351, моддаҳои 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористидошта вобаста бошад), 365, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) маҳкум шудаанд (ба истиснои занон ва ноболиғон).

3) Шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.

4) Шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст.

5) Шахсоне, ки пештар бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазо барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин озод карда шудаанд ва боз қасдан ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд, агар мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ё ҷазое, ки аз рӯи он қонунҳо дар бораи авф татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад.

6) Шахсоне, ки нисбати онҳо ду маротиба ва зиёда аз он мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бинобар татбиқи қонунҳо дар бораи авф кам карда шудааст.

7) Шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.

8) Маҳкумшудагоне, ки мутобиқи қисми 4 моддаи 80 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд, агар мӯҳлати дар маҳбас нигоҳ доштани онҳо нагузашта бошад.

Моддаи 9

1. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, банди 1) моддаи 4 ва моддаи 6 Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, ба истиснои занон ва ноболиғон, татбиқ карда намешаванд:

1) Барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61-70, 74, 75, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 76, қисми 4 моддаи 90, моддаи 91, қисми 3 моддаи 95, моддаҳои 104, 105, қисми 2 моддаи 111, моддаҳои 121, 1341, қисми 3 моддаи 135, қисми 4 моддаи 154, моддаҳои 155, 156, қисми 3 моддаи 160, қисми 3 моддаи 227, қисми 3 моддаи 233, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 234, моддаи 2341, қисми 2 моддаи 240, моддаи 2401, қисми 3 моддаи 241, банди «в» моддаи 249, бандҳои «б» ва «в» моддаи 250, банди «б» моддаи 252, банди «в» моддаи 270, моддаҳои 276 ва 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961).

2) Барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 110, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 130, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 1301, қисми 3 моддаи 131, қисми 3 моддаи 132, қисми 2 моддаи 137, моддаҳои 138, 139, бандҳои «г», «д», «е», «ё» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 167, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 181, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 1841, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1842, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1843, моддаҳои 1844, 185, 186, 187, 188, 189, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 193, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 195, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 196, моддаи 199, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисми 4 моддаи 201, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 202, қисми 3 моддаи 2021, қисми 3 моддаи 2022, қисми 3 моддаи 203, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 204, қисми 2 моддаи 205, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 206, қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 244 (ба истиснои ҳолатҳое, ки зарари расонидашуда аз панҷ ҳазор сомонӣ зиёд набошад), қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 248, моддаҳои 249, 250, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 252, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 289, моддаҳои 305-310, 313, қисми 2 моддаи 328, 329, 331, 332, қисми 2 моддаи 335, қисми 2 моддаи 3351, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористидошта вобаста бошад), қисмҳои 2 ва 3 моддаи 356, моддаи 365, қисми 2 моддаи 368, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 369, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 370, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 375, моддаҳои 382, 383, 384, 385, қисми 4 моддаи 386, қисми 4 моддаи 391, моддаҳои 393, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998).

3) Нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.

4) Нисбати шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст.

5) Нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.

6) Нисбати маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидивисти хавфнок ва махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва махсусан хавфнок содир кардаанд.

7) Нисбати шахсоне, ки пештар тариқи бахшиши ҷазо ё бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазо барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин озод карда шудаанд ва боз қасдан ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд, агар мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ё ҷазое, ки аз рӯи он тариқи бахшиши ҷазо ё бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф нагузашта бошад.

8) Шахсоне, ки нисбати онҳо ду маротиба ва зиёда аз он мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бинобар татбиқи қонунҳо дар бораи авф кам карда шудааст. Амали ин банд нисбати занон низ паҳн мегардад.

2. Муқаррароти моддаҳои 2 ва 6 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғоне, ки қасдан ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 (ба истиснои сӯиқасд ба одамкушӣ), 1301, бандҳои «г», «д», «е», «ё» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 167, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 305, 306, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 307, қисми 1 моддаи 3072, қисми 1 моддаи 3073 ва моддаҳои 308-310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)–ро содир намудаанд, татбиқ карда намешаванд.

3. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4, банди 6) моддаи 5 ва моддаи 6 Қонуни мазкур нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)- ро содир карда, ҷазоро дар муассисаҳои иҷрои ҷазо адо мекунанд, ба шарте татбиқ карда мешаванд, ки агар онҳо зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намоянд.

Моддаи 10

1. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир кардаанд ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар суд мавриди баррасӣ қарор дорад ё баррасӣ нагардидааст ва ё аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум шуда, барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Тоҷикистон оварда шудаанд, паҳн мегардад.

2. Татбиқи Қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад.

Моддаи 11

Иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи мақомот ва муассисаҳои зерин гузошта шавад:

1) Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ – нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд.

2) Судҳо:

- нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур баррасӣ нашудаанд, инчунин шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукм нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардааст;

- нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);

- нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод шудаанд ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъиншуда то мавриди амал қарор дода шудани Қонуни мазкур ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);

- нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд (бо пешниҳоди иҷрочии суд аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст).

3) Муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- нисбати шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ва ҳукм нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардааст;

- нисбати шахсоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳкум карда шудаанд;

- нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор дошта, ҳукм нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардааст;

- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд.

4) Фармондеҳони қисмҳои ҳарбии интизомӣ - нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд.

Моддаи 12

Озод намудани маҳкумшудагон аз ҷазоҳои иловагӣ, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур иҷро нашудаанд, ба зиммаи он мақомот ва муассисаҳое гузошта мешавад, ки масъалаи аз ҷазои асосӣ озод намудани чунин маҳкумшудагон ба ваколати онҳо вогузор шудааст.

Моддаи 13

Қарор дар бораи татбиқ кардан ё рад кардани татбиқи Қонуни мазкур нисбати ҳар як шахс алоҳида қабул карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани маълумоти зарурӣ, муҳокимаи масъалаи татбиқи авф тибқи Қонуни мазкур то дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, вале ба мӯҳлати на дертар аз як моҳ мавқуф гузошта мешавад.

Моддаи 14

Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбии интизомӣ, муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкурро бо иҷозати прокурори дахлдор татбиқ менамоянд. Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо бо иштироки ҳатмии прокурор татбиқ карда мешавад.

Моддаи 15

1. Ҳангоми татбиқи Қонуни мазкур ҳолатҳои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:

1) Бандҳои 1) ва 2) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғон ба шарте татбиқ мегарданд, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ҷиноят содир кардаанд ва ҷинояти содиркардаашон ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 (ба истиснои сӯиқасд ба одамкушӣ), 1301, бандҳои «г», «д», «е», «ё» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 167, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 305, 306, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 307, қисми 1 моддаи 3072, қисми 1 моддаи 3073 ва моддаҳои 308 - 310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) набошад.

2) Амали банди 2) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи содир кардани ҷиноят ба синни 18 нарасидаанд.

3) Амали банди 3) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати мардоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 55 расидаанд.

4) Банди 4) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур маъюбони гурӯҳҳои I, II ва ё III дониста шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV буда, то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраршуда дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудаанд.

5) Таҳти амали банди 5) моддаи 2 Қонуни мазкур иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, қарор мегиранд.

2. Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо шахсоне эътироф карда мешаванд, ки дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои маҳалли зисташон ба қайд гирифта шудаанд.

3. Иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон шахсоне шуморида мешаванд, ки дар дафтари махсуси бақайдгирии комиҷроияҳои Шӯроҳои депутатҳои халқии шаҳру ноҳияҳо (ҳоло - мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) мувофиқи қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 1993, №312 номнавис шудаанд, инчунин кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомие, ки дар ин муқовиматҳо иштирок кардаанд ва собиқ аъзои нерӯҳои Иттиҳоди оппозитсиони тоҷик, ки дар рӯйхати бо қарори Комиссияи Оштии Миллӣ аз 3 марти соли 1999, №15 тасдиқгардида номнавис шудаанд.

4. Шахсони бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида шахсоне эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» ба ин гурӯҳ дохил карда шудаанд.

5. Амали банди 6) моддаи 8 Қонуни мазкур нисбати маҳкумшудагоне, ки то адои пурраи ҷазо барои ҷинояти дигари пештар содиркардаашон маҳкум карда шуда, суд ҷазоеро, ки аз рӯи ҳукми пештара то охир адо нашудааст, пурра ё қисман ба ҷазои дар асоси ҳукми нав таъиншуда зам кардааст, татбиқ намегардад.

Моддаи 16

1. Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо айбдор дониста шудаанд ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз ин ҷиноятҳо дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шуда бошад.

2. Мӯҳлати адои ҷазои шахсоне, ки таҳти амали қисми 1 ҳамин модда қарор мегиранд, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 7 Қонуни мазкур бо дарназардошти талаботҳои пешбининамудаи моддаи 8 Қонуни мазкур кам карда мешавад.

Моддаи 17

1. Мутобиқи моддаи 7 Қонуни мазкур қисми мӯҳлати ҷазои адонагардида, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур боқӣ мондааст, кам карда мешавад.

2. Нисбати шахсоне, ки пештар мӯҳлати ҷазояшон бо тариқи бахшиши ҷазо ё авф кам карда шуда буд, муқаррароти Қонуни мазкур бо дарназардошти мӯҳлати ҷазои боқимонда татбиқ карда мешаванд.

3. Амали қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда нисбати маҳкумшудагоне, ки ду маротиба ва зиёда аз он мӯҳлати ҷазои маҳрум сохтан аз озодии онҳо бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф кам карда шудааст, татбиқ карда намешавад.

Моддаи 18

Шахсоне, ки нисбати онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад, аз барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.

Моддаи 19

Шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшаванда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам аз ҷазои иловагӣ озод карда мешаванд. Маҳкумшудагоне, ки мӯҳлати адои ҷазояшон мутобиқи моддаи 7 Қонуни мазкур кам карда мешавад, аз адои ҷазоҳои иловагӣ озод карда намешаванд.

Моддаи 20

Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин ҷиноятҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур анҷом ёфта бошанд (ба истиснои шахсоне, ки дар банди 7) моддаи 2 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд).

Моддаи 21

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд:

1) Барои расонидани кӯмаки иҷтимоӣ бақайдгирии саривақтии шахсонеро, ки аз адои ҷазо тибқи Қонуни мазкур озод шудаанд, таъмин намоянд ва рафтори онҳоро таҳти назорат гиранд.

2) Назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озодшударо ба падару модарон ё шахсони ивазкунандаи онҳо вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои дар мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд.

3) Ҷойгир кардани шахсони озодгардидаи беморро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони яккаю танҳоро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ташкил намоянд.

Моддаи 22

1. Иҷрои Қонуни мазкур дар давоми шаш моҳ таъмин карда шавад.

2. Агар масъалаи татбиқи Қонуни мазкур пас аз мӯҳлатҳои шашмоҳаи пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда ба миён ояд, татбиқи он бо тартиби умумӣ аз тарафи мақомоти дар моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинишуда амалӣ карда мешавад.

Моддаи 23

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо баъди шаш моҳи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Моддаи 24

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 октябри соли 2014, №1130

ҚАРОРИ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 29 октябри соли 2014 №1622

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG