Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни афв баъд аз чоп эътибор пайдо мекунад


Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон "Қонуни афв"-ро ба тасвиб расонд. Пешнависи ин қонунро Салимзода Шерхони Одина-додситони кулли Тоҷикистон муаррифӣ кард. Пешнависи ин қонунро раиси ҷумҳур ба муносибати 20 солагии Қонуни Асосӣ ба порламон фиристода буд.

Баъд аз чоп ин қонун эътибор пайдо мекунад ва ба тасвиби Маҷлиси Олӣ, яъне маҷлиси болоии порламон ниёз надорад. Интизор меравад, ки тибқи ин қонун тақрибан 10 ҳазор нафар зиндониён мавриди афв қарор бигиранд.

6 ноябр дар Тоҷикистон 20 солагии Қонуни Асосӣ таҷлил мешавад. Дар қонун гуфта мешавад, ки ҳамаи занону кӯдакон ва ҳамчунин мардони аз синни 55 сола боло афв хоҳанд шуд.

Иштирокчиёни Ҷанги Бузарги Ватанӣ, маҷруҳони ҷанг, ширкаткунандагон ҳодисаҳои Чернобил, беморони сил, ононе, ки бемориҳои дил доранд ва шахсоне, ки аз хидмати аскарӣ худсарона саркашӣ карданд ё аз хидмат гурехтаанд, аз зиндонҳо раҳо хоҳанд шуд.

Дар ин бора Шерхон Салимзода ба намояндагони порламон хабар дод. Ин 16 –ӯмин афв дар Тоҷикистони мустақил ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG