Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳазорон шӯълаи умед аз қонуни 14-уми афв


Ин мард дар афви соли 2011 аз маҳбас раҳо ёфта буд

Ин мард дар афви соли 2011 аз маҳбас раҳо ёфта буд

Тарҳи қонуни афве ки рӯзи 20 октябр аз сӯи раисиҷумҳур барои баррсӣ ба порлумон ироа шуд, дар қалби ҳазорон нафаре, ки ягон азизашон пушти панҷараи зиндонқарор дорад, як шӯълаи умедро бедор кардааст. Умеди озодӣ ва дидори ҳарчӣ зудтарро.

Сарусадоҳо дар атрофи “Қонун дар бораи афв”, ки дастикам даҳ ҳазор маҳбусу наздиконашон мунтазир доштанд, ба воқеият пайваст. Қонуне, ки интизор меравад, барои аксари зиндониён озодӣ меорад ва интизории тӯлонии бархеи дигарро чанд соле камтар мекунад.

Афве ки пас аз 11 сол падарро ба дидори фарзанд мерасонад

Назокат Раҷабова шояд аз ҷумлаи садҳо занест, ки бо шунидани пешниҳоди ин лоиҳа намедонист, чӣ тавр эҳсоси хурсандиашро баён созад. Ӯ мегӯяд, фарзандаш, ки замони боздошти падараш як сол дошт, ҳоло 12 сол дорад. Ин зан мегӯяд, ҳамсараш бо ҷурми қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир 17 сол ҳукми зиндон гирифта буд ва ӯ ҳар се моҳ баъд ба дидорбиниаш мерафт. Ҳосили ин дидорбиниҳо ду кӯдаки дигар аст, ки чеҳраи падарро дуруст надидаанд.

Назокат бо боварӣ мегӯяд, ки шавҳараш аз чор се ҳиссаи зиндонро пушти сар кардааст ва акнун ҳатман озод мешавад ва бори рӯзгору ранҷи танҳоӣ аз дӯши ӯ поён хоҳад шуд. Озодии падарро аз ҳама бештар бачаҳояш интизоранд.

Назокат мегӯяд: “Писари калониам, ҳар боре падарашро хабаргирӣ мерафтем, мепурсид, ки чаро падарамон бо мо намеояд ва то дидорбинии дигар садҳо савол медод. Бовар кунед, ду сол зиёд ҳамин афвро интизор доштем. Шавҳар дар озодӣ бошад, худаш як давлат аст. Дар Русия ҳам бошад, метавонад, ҳар рӯз бо фарзандонаш озодона сӯҳбат кунад, дар маҳбас ин имконро надорад. Шукри Худо, акнун ин мушкилиҳо пушти сар мешавад.”

Дар сурати тасвиб шудани ин қонун, интизор меравад, ки дастикам 10 000 маҳбус ё афроди таҳти таъқиб ё тафтиш аз зиндонҳо раҳо ёфта, ба дидори азизони худ бирасанд.

Тӯрахон Самадов, узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумони Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати тасдиқи тарҳи қонуни афв афроде, ки мисли шавҳари Назокат аз чор се ҳиссаи ҷазояшонро пушти сар кардаанд, озод хоҳанд шуд.

Дар зиндонҳо занону ноболиғон боқӣ нахоҳад монд

Ин вакили парлумон мегӯяд, ин тарҳ инчунин шахсонеро фаро мегирад, ки то мавриди амал қарор гирифтани ин қонун ҷиноят содир намуда, аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содирнамудаашон, ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд.

Ҳамчунин, новобаста аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои шартӣ занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ ва амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, собиқадорони фалокати ҳастаии Чернобил, маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои саратон, сил, бемории дил, шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ кардаанд ё худсарона қисми ҳарбиро тарк кардаанд, ва шаҳрвандони хориҷӣ аз маҳбасҳо озод карда мешаванд.

Танҳо афроде, ки ҷиноятҳои одамкушӣ, таҷовуз ба номус, хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти қонунӣ, ҷосусӣ, таҳрибкорӣ ва ҷиноятҳои террористӣ содир кардаанд, мавриди афв қарор намегиранд.

Аммо ин вакили порлумон мегӯяд, эҳтимол ҳангоми баррасӣ бандҳое аз ин қонун тағийр ҳам ёбанд: “Ҳоло ин як тарҳ аст ва дар порлумон мавриди омӯзиш қарор мегирад. Шояд бандҳое илова шавад ва шояд бандҳое ҳам кам шавад. Ҳамаи паҳлуҳо ва банд ба банди он омӯхта мешавад.”

Тарси ҷабрдидагон аз қонуни афв

Маҳбусони зиндони занонаи Норак

Маҳбусони зиндони занонаи Норак

Дар баробари шодии садҳо хонавода аз эҳтимоли раҳоии наздиконашон ҳамчунин нигарониҳое аз паёмади озод шудани теъдоде аз ҷинояткорони “ашаддӣ” ҳам вуҷуд дорад. Бисёриҳо мегӯянд, ҳар дафъа, баъди эълони афв ҳазорон нафар аз зиндонҳо раҳо меёбанд ва дар пайи ин вазъи ҷиноӣ дар кишвар рӯ баа вахомат меорад. Мояи дигари нигаронӣ ба далели қонуни афв аз ҷазо раҳо ёфтани афроди муҷрим аст.

Бобоҷон Аҳмадов, як сокини Душанбе мегӯяд, нафаре, ки бо роҳи фиреб наздики сад ҳазор доллари ӯро гирифтааст, ҳоло дар боздоштгоҳ аст ва эҳтимол дорад, бар асоси ин қонун ӯ афв шавад. Бобоҷон мегӯяд, ҳадафи шикояти онҳо, ки сабаби боздошти ин нафар шудааст, ҳабсу озодии ӯ нест, балки баргардонидани маблағҳояшон мебошанд. Ӯ мегӯяд, дар сурати татбиқи қонуни афв ба ин нафар сарнавишти маблағи ӯ номаълум мемонад.

Аммо Тӯрахон Самадов, вакили порлумони Тоҷикистон мегӯяд, “ин нафарон бояд маблағи зарари расонидаро ҷуброн кунад. Танҳо баъди ин қонуни афв нисбат ба онҳо татбиқ хоҳад шуд. Ин паҳлӯи масъала низ дар ин тарҳ дар назар гирифта шудааст.”

Нигаронии дигар вуҷуди фасодкорӣ дар раванди афви маҳбусон аст, ки дар гузашта ҳам ҷой дошт. Мақомот дар пайи афви охирин, ки соли 2011 ба муносибати 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон сурат гирифта буд, ҳудуди 100 нафарро ошкор карданд, ки бар пояи асноди тақаллубӣ афв шуданд.

Шӯълае дар қалби наздикони маҳбусони як умра

Сӯҳроб Лангариев дар рӯзи боздошташ. 27 майи соли 2008

Сӯҳроб Лангариев дар рӯзи боздошташ. 27 майи соли 2008

Ҳоло маълум нест, ки ин қонун озодии маҳбусони ба истилоҳ сиёсӣ ва ё ҳадди ақал коҳиш додани мӯҳлати ҷазои онҳоро дар назар дорад ва ё на? Аммо Гулҷаҳон Сафарова, духтари Сангак Сафаров, фармондеҳи аввали Фронти халқӣ, яке аз тарафҳои ҷангии шаҳрвандии Тоҷикистон, ки бародараш Нурмуҳаммад Сафаров ҳамроҳ бо домоди ин хонавода Сӯҳроб Лангариев ҳукми абад гирифтааст, мегӯяд, бо пешниҳоди тарҳи қонуни афв шӯълаяки умеде дар қалби онҳо ҳам рӯшан шудааст. Гулҷаҳон мегӯяд, ҳарчанд, ду қонуни афви қаблӣ дар нисбати бародараш татбиқ нашуда бошад ҳам, аммо ҳанӯз ҳам умедашон пурра канда нашудааст: “Ҳама медонад, ки айбе, ки нисбати бародари мо эълон карданд, сохта аст. Умедворем, ки ӯ ин навбат озод хоҳад шуд ва ё ҳадди ақал ҳукмаш камтар мешавад.”

Ин лоиҳаи қонуни афв ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон таҳия шуда, 14-умин афв дар 23 соли истиқлоли ин кишвари пасошӯравист ва, ба гуфтаи афроди огоҳ, метавонад то 10 000 маҳбус ва афроди таҳти таъқиб ё тафтишро фаро бигирад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG