Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Афви тилоӣ"? Омодагиҳо ба афви 14-ум дар Тоҷикистон


Маҳбусони зиндони рақами яки Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Маҳбусони зиндони рақами яки Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Интизор меравад, дар Тоҷикистон ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосӣ як афви саросарӣ, ё бино ба интизори маҳбусон ва наздикони онҳо, “афви тилоӣ” эълон шавад. Вале вакилони порлумон мегӯянд, ки тарҳи қонуни афв ҳанӯз ба дасти онҳо нарасидааст.

Интизор меравад, ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон, ки моҳи ноябр таҷлил мешавад, дар ин кишвар як афви саросарӣ эълон кунанд. Ин 14-умин қонуни афв дар 23 соли истиқлоли Тоҷикистон хоҳад шуд.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи 14 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хабари омодагӣ ба эълони афви саросариро ӯ ҳам аз расонаҳо хондааст, вале тарҳи ин қонун ҳанӯз ба дасти порлумон нарасидааст. Ба гуфтаи оқои Ватанов, имкон дорад, ки ин тарҳ то поёни моҳ дар дасти баррасии кумитаҳои порлумон қарор бигирад. Қаблан Саттор Холов, вакили порлумони вакили Маҷлиси намояндагон низ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳол порлумон ба баҳсу баррасии тарҳи қонуни афв шурӯъ накардааст.

Аммо хабаргузории “Азия Плюс” рӯзи 14 октябр бо такя ба як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон хабар дод, ки дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли ҳозир бо ҷалби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳияи тарҳи қонун “Дар бораи афв” машғул мебошанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, тарҳи қонуни афв ғолибан дар поёни моҳи октябраз сӯи раисиҷумҳур барои баррасӣ ба дасти вакилони порлумон супурда хоҳад шуд.

Дарвозаи зиндони воқеъ дар маҳаллаи "Якуми Совет"
Дарвозаи зиндони воқеъ дар маҳаллаи "Якуми Совет"

Ин манбаъ аз гуфтани ҷузъиёти тарҳи қонуни афв ва инки оё кадом маҳбусон мавриди афви саросарӣ ё “афви тилоӣ” қарор хоҳанд гирифт, худдорӣ кардааст. Вале ӯ гуфтааст: “Афроде, ки барои ҷиноятҳои сангине, чун қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир, куштор, ғоратгарӣ ва хиёнат ба ватан маҳкум ба зиндон шудаанд6 ё таҳти тафтиш қарор доранд, афв нахоҳанд шуд.”

Бори охирин, яъне афви 13-ум дар Тоҷикистон дар соли 2011 ба муносибати солгарди 20-уми истиқлоли ин кишвар эълон шуда, бар асоси он беш аз 4300 нафар, аз ҷумла 196 зан ва 153 ноболиғ аз маҳбасҳо раҳо ёфтанд. Мӯҳлати ҳукми ҳудуди 5000 маҳбуси дигар бар асоси он қонун коҳиш дода шуда, беш аз 5000 нафари дигар, ки ҳанӯз таҳти тафтиш қарор доштанд, низ мавриди “афви тилоӣ”-и соли 2011 қарор гирифтанд.

Ёқуб Салимов
Ёқуб Салимов

Аммо афви се соли пеш мунҷар ба озодии маҳбусони шинохтае, чун вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов, фармондеҳи собиқи Горди миллӣ Ғаффор Мирзоев ва раиси собиқи ширкати “Тоҷикгаз” ва ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров нашуд. Дар он афв аз 15 сол ҳукми Ёқуб Салимов ва 23 сол ҳукми Муҳаммадрӯзӣ Искандаров танҳо дусолиашро кам карданд, вале ҳукми ҳабси абади Ғаффор Мирзоев, ки дар айбномаи тӯлониаш қасди ошӯби зидди давлат ҳам буд, аслан бознигарӣ нашуд.

Ин навбат бисёриҳо умедворанд, ки “афви тилоӣ” ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон ҳазорон маҳбус, аз ҷумла Ёқуб Салимов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Ғаффор Мирзоев, камокон 10 сол боз дар кунҷи зиндонанд, ва Зайд Саидовро, ки соли гузашта, алакай баъди афви охир ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, фаро хоҳад гирифт.

Ҳарчанд манбаи “Азия Плюс” гуфтааст, ки афроди муҷрим дар ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла ба хиёнат ба Ватан, набояд умедвори афв шаванд.

Раҳоии маҳбусон аз зиндони Душанбе дар афви соли 2009
Раҳоии маҳбусон аз зиндони Душанбе дар афви соли 2009

Дар ҳар сурат, омодагиҳо ба эълони “афви тилоӣ” беш аз 10 000 маҳбус дар 17 муассисаи ислоҳии Тоҷикистон ва ҳам пайвандони онҳоро хеле умедвор кардааст. Маҳбусонро - умедвори наздик будани нафаси озодӣ ва пайвандони онҳоро – умедвори наздик будани рӯзи дидор бо ин азизонашон, ки шояд солҳоро пушти панҷара ба сар бурдаанд.

XS
SM
MD
LG