Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозҷӯии даҳҳо маҳбусе, ки бо ташхиси тақаллубӣ раҳо шудаанд


Мақомоти тоҷик мегӯянд, даҳҳо тан маҳбусеро, ки тайи чанд соли охир бо ташхиси тақаллубии беморӣ ба озодӣ баромадаанд, мавриди бозҷӯӣ қарор додаанд.

Як саду чаҳор маҳбусе, ки бо ташхиси тақалубии бемории сил ва шизофрения тайи солҳои ахир дар доираи қонуни афв ба озодӣ баромадаанд, аз тарафи мақомоти қудратии Тоҷикистон мавриди бозҷуӣ қарор гирифта ва Оҷонсии зидди фасод дар мавриди ин амал парванда боз карда, чанд тан аз ин маҳбусҳоро дубора ба маҳбасҳо баргардонидааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки то кунун аз миёни 104 маҳбусе, ки бо ҳуҷҷатҳои тақаллубии тиббӣ давраи ҷазои худро ба охир нарасонида, ба озодӣ баромадаанд, 10 нафарашон барои идомаи давраи ҷазо баргардонида шудаанд. Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ҳамакнун маҳбусони боқимонда мавриди пайгарди мақомоти интизомӣ қарор доранд

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, мавзӯи мазкур ба андозае ҷиддӣ аст, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар нишасти ҳайати мушовараи Додситонии кулл, ки рӯзи 10-уми июл баргузор шуд, ба ин масъала махсус таъкид кард.

Президент Раҳмон бо такя ба маълумоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зикр кард, ки «ҳолатҳои беасос ва нодуруст татбиқ намудани Қонуни Тоҷикистон аз 20 августи соли 2011 “Дар бораи авф” ошкор гардида, қарор доир ба 10 нафар маҳбусе, ки қаблан бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ҳамчун бемор аз адои ҷазои боқимонда озод шуда буданд, беасос эътироф гардида, онҳо барои адои ҷазои боқимонда ба муассисаҳои ислоҳӣ баргардонида шудаанд."

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, ки «дар айни замон тафтиши пешакӣ ҳолатҳои беасос татбиқ нашудани қонуни афв нисбат ба 11 нафар маҳкумшудагоне, ки воқеан мубталои бемории сил будаанд, муайян шудаанд».

Оҷонсии зидди корупсия мегӯяд, вақте барои ҷустуҷӯ ба нишонаи ҷои зиндагии маҳбусҳои дар пайгард қарордошта мераванд, баъзеи онҳо ҷои зисти худро дигар кардаанд ё ба Русия ҳиҷрат намудаанд. Ин манбаъ мегӯяд, дар озодӣ будани ин шумори зиндониҳо, ки бархеи онҳо бо ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла одамкушӣ маҳкум шудаанд, барои ҷомеа хатар дорад.

Аммо генерал Иззатулло Шарифов, сардори Муассисаи ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба ин масъала дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин суолҳо масъулоне ҳастанд ки метавонанд посух бидиҳанд. Вай гуфт, ин масъалае нест, ки тариқи телефон шарҳ дода шавад.

Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд, дар нисбати зиндониҳое, ки ғайриқонунӣ озод карда шудаанд, парвандаҳо боз шуда, аммо бинобар набудани худи зиндонӣ муваққатан парвандаҳо боздошта шуда, вале онҳо мавриди пайгард қарор доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG