Пайвандҳои дастрасӣ

Оё Ғаффор "Седой" интизори қонуни афв аст? (ВИДЕО)


Ғаффор Мирзоев, маҳкумшудаи ҳабси абад.

Ғаффор Мирзоев, маҳкумшудаи ҳабси абад.

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба таҷлили саросарии ҷашни 23 солагии Истиқлоли Давлатӣ омодагӣ мегирад, гурӯҳе дар кишвар фарорасии ин санаро бештар аз дигарон интизор ҳастанд.

Бисёриҳо ба иди Истиқлолияти Тоҷикистон арҷм мегузоранд, аммо як бахши аҳолӣ дар интизори ин ҷашн рӯзҳоро мешуморад. Ин интизорӣ ҳам дар паси миллаҳои зиндон ҳам ҷараён дорад. Бисёре аз маҳбусон бовар ва орзу доранд, ки дар остонаи ин ҷашн раиси ҷумҳур онҳоро афв мекунад. Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ҳар сол дар таърихи 9-уми сентябр таҷлил мегардад, вале хабари озодшавии зиндониён моҳҳо пеш мавзӯи аслии гурфтугӯ дар хонаводаҳо мешавад.

Аммо фаросасии ин ҷашн барои як гурӯҳи дигар комилан ноаён мегузарарад. Инҳо шаҳрвандонеанд, ки бо ҷурмҳои вазинин ҳабси абад гирифтаанд ва гумон надоранд, ки рӯзе аз паси панҷара берун шаванд. Аммо хонаводаҳои онҳо талошҳои худро барои тағйири ҳукмҳои ҳабси абад идома медиҳанд.

Наздикони Нурмуҳаммад Сафаров ва Сӯҳроб Лангариев

Наздикони Нурмуҳаммад Сафаров ва Сӯҳроб Лангариев

Гулҷаҳон Сафарова, духтари Сангак Сафаров, собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ аст, ки бародараш Нурмуҳаммад, 6 сол пеш як идда ҷурм, ки бузургтаринаш муқовимати мусаллаҳона ба нерӯҳои давлат буд, барои як умр зиндонӣ шуд. Дар ин солҳо Гулҷаҳон тамоми ниҳодҳои тафтишотиву додгоҳиро гашт, то ҳукми бародарашро дигар кунад. Аммо нашуд. Ӯ мегӯяд акнун ягона умедаш ба раиси ҷумҳур аст: «Соли гузашта, вақте раисиҷумҳур дар Кӯлоб дар як чорабинӣ ҳузур дошт, бевосита бо худи Ҷаноби Олӣ дар ин маврид гуфтугӯ доштам, ваъда доданд, ки супориш медиҳам, масъаларо таҳлил ва бозбинӣ мекунанд. Аммо аз байн ин қадар вақт гузашт, пешравӣ нест. То ин вақт дигарон ҳам мегуфтанд, ки шояд президент аз он ки писари Сангак Сафаров ҳукми абад гирифтааст хабардор нест, аммо вақте ман бо он кас ҳамсӯҳбат шудам маълум буд, ки медонад... Мо ҳоло умедамон ба Худост.»

Нурмуҳаммад Сафаров, писари Сангак Сафаров моҳи июли соли 2008 бо гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев, зимни як амалиёти вижаи нерӯҳои амниятӣ дар шаҳри Кӯлоб боздошт ва расо пас аз як сол ҳамроҳ бо панҷ нафари дигар ҳукми абад гирифт. Гулҷаҳон мегӯяд, он вақт бародараш ҳамагӣ 21 сол дошт ва издивоҷ накарда буд. “Дар муддати 6 соли пушти панҷара будан бародараш кӯшиш мекунад, худро қавӣ нигаҳ дорад, аммо рӯҳан шикаст хӯрдаааст ва модарам низ комилан сиҳатиашро аз даст додааст,” -- мегӯяд гулҷаҳон Сафарова.

Ойиша Мирзоева

Ойиша Мирзоева

Ойиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ки ба иттиҳоми талоши сарнагун сохтани низомӣ феълӣ ва хиёнат ба Ватан ба ҳабси абад маҳкум шудааст, дар даҳ соли охир аз саҳифаҳои матбуот дур намешуд ва кӯшиш мекард, Ғаффор Мирзоев аз ёди ҷомеа наравад. Ӯ мегӯяд, ҳоло бародараш бемор аст ва шикасту рехтҳои зиёд дорад: «Вай тамоман маъюб аст, ҷойҳои захмаш чирк гирифтаанд, ба мо иҷозат намедиҳанд, ки ҳадди аққал ба наздаш духтурро дарорем. Аммо ба ҳар ҳол Ғаффор бовар дорад, ки ҳамааш нағз мешавад, ба мо низ чунин мегӯяд. Хизмати Ғаффор ба давлат расида буд, ӯ ин давлатро дӯст медорад ҳадди аққал каме ба вай сабукӣ бидиҳанд. Наход президент, ки пайваста дар бораи бахшидан сӯҳбат мекунад ва ҳамаро мебахшид, ӯро набахшад. Дар ҳоле, ки бародари ман дар ин муддат боре ҳам шикоят накардаву ҳамаро кори тақдир медонад. Дар охири соли гузашта ва дар моҳи марти имсол ӯ ба унвонии мақомоти мухталифи Тоҷикистон навишт, ки парвандаашро бозбинӣ кунанд ва мувофиқи қонун танҳо нигоҳ доранд. Зеро дар ҳукумат, дар роҳбарияти сохторҳои қудратӣ кор кардааст. Ин мактубаш дар дасти адвокаташ аст.»

Ойиша Мирзоева меафзояд, ин дафъа барои татбиқ шудани қонуни авф дар нисбати бародараш ба ҷое муроҷиат накардааст. Зеро ба гуфтаи вай нафарони «боло» ҳамаро хуб медонанд.

Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллӣ ва раиси собиқи Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон 8 сол пеш бо ҷурмҳои сангине, чун хиёнат ба Ватан, қасди табадулоти давлатӣ, одамкушӣ ва пинҳон доштани силоҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.

Ғаффор Мирзоев ва Нурмуҳаммад Сафаров шояд аз охирин нафарони марбут ба Фронти Халқӣ буданд, ки бо ҳабси онҳо ҳукми ҷангсолорӣ дар кишвар рӯ ба коҳиш овард. Бо он ки онҳо бо ҷурмҳои сангин ҳабси абад гирифтаанд, аммо хабарҳои марбут ба онҳо аз серхонандатарин боқӣ мондаанд ва ҳанӯз ҳам дар минтақаҳои алоҳида тарафдор доранд.

Дар Тоҷикистон дар чанд соли охир беш аз 50 нафар бо иттиҳоми хиёнат ба Ватан, қасди табаддулоти давлатӣ, куштор ва дигар ҷиноятҳои сангин ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Ҳабси абад сангинтарин ҷазо дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 2004 ҷойгузини ҳукми қатл шудааст. Нисбати иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон аз он замон моратория эълон шудааст. Ин гурӯҳи маҳбусон аз ҷумлаи онҳое ҳастанд, қонуни авф дар нисбати онҳо татбиқ намешавад.

Исмоил Талбков

Исмоил Талбков

Исмоил Талбаков, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, масъулияти афв шудани маҳбусон ба иродаи президент вобастааст ва дар баробари кадом гурӯҳи зиндониён татбиқ шудани ин қонунро маҳз ӯ мушаххас мекунад. Ҷаноби Талбаков меафзояд, агар президент ин навбат низ бахшида ба ҷашни истиқлолият ва ё 20-солагии қабули Қонуни Асосӣ ё Сарқонуни кишвар лоиҳаи «Қонуни авф» - ро ба Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон пешниҳод кунад, вакилон аз он ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Вай гуфт, «ба назари ман агар бахшида ба 20-солагии Сарқонуни Тоҷикистон, ки яке аз санадҳои асосию муҳими давлатӣ аст ва ин ҳуҷҷат тавонист, дар кишвар сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ ва волоияти қонунро рӯи кор орад, ин лоиҳа пешниҳод шавад кори хайре барои мардуми Тоҷикистон хоҳад буд. Дар шароити имрӯза ин қонун аз устувории давлат ва ривоҷи демократия дар Тоҷикистон шаҳодат хоҳад дод. Ва дар сурати қабули шудани қонун шояд ҳазорҳо нафаре, ки ҷурмҳои сабук содир кардаанд, метавонанд ба меҳнати ососишта ва назди хонаводаҳои худ баргарданд.»

Зимнан, Қонуни афв дар Тоҷикистон бори охир соли 2011 бахшида ба 20-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қабул шуда буд, ки дар пайи он 4 ҳазору 300 нафар ба озодӣ баромада, мӯҳлати адои ҷазои 5 ҳазор маҳбус коҳиш ёфт ва ҳамчунин баррасии парвандаҳои беш аз 5 ҳазор нафари дигар қатъ гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG